БОБИ АВВАЛ

БАЧАГИВУ ҶАВОНӢ

– Дар чӣ гуна муҳит таваллуд шудаву ба воя расидаед?

– Дар фазои орому осудаи аҳди шӯравӣ, дар оғӯши гарму пурмеҳри падару модари меҳрубону бародарони мушфиқам.

– Падару модаратон чӣ касбу коре доштанд ва барои рушди шумо чӣ нақше доранд?

– Падари бузургворам яке аз поягузорони сохти колхозӣ, деҳқони асил ва масъули солҳои колхозӣ дар аҳди шӯравӣ буданд. Баъди хатми Техникуми педагогии шаҳри Бухоро дар синни 16-солагӣ аввалин мудири мактаб, баъдан сармуҳосиби аввали колхози калони навтаъсис бо номи “Москва”, баъди чанд соли дигар ба ҳайси раиси комиссияи тафтишотии хоҷагӣ то охири умр адои вазифа кардаанд. Бо даъвати Ватан-Модар дар синни 26-солагӣ ба ҷанг рафтанд ва соли 1943 чун ғолиби ҷанг баргаштанд.

Дар ситоишаш навишта будам:

Падарам, ҷанги ҷаҳонро дидӣ,

Кандани нон зи даҳонро дидӣ.

Гашта пирӯз ба майдони набард,

Хории рӯсияҳонро дидӣ.

Падари боизати давронам,

Дар ҳамон риши сафедат ҷонам.

Ё ки дар мавриди дигар:

Як дасти падар миёни майдон монда, дар ҷанги ҷаҳон,

Ӯ ғолиби ҷангу дар дилу ҷон монда, дар шаҳри калон.

Як дасти падар ҷавоби сад даста бидод, чун марди замон,

Он боиси фахр бишуд ба ҳар пиру ҷавон.

Модари қадршиносу дардошноям дар баробари кори колхоз дар қатори дигарон соҳибхоназани бонишону соҳибном буданд. Чаҳор бародару се хоҳар аз ягон чиз танқисӣ надоштем ва бо амри Офаридгори олам бе ғаму дард ба воя расидем.

– Аз замони мактабхониатон чӣ мондааст ба лавҳи хотир?

– Лаҳзаҳои хотирмон зиёданд, аз ҳама ҷолибаш маъракаи пахтачинӣ. Охир, мо ҳам дар қатори дигарон пахта мечидем. Ҳангоми таҳсил карданам дар синфҳои 8-9-ум шахсан худам дар як рӯз то 70-80 кг пахта мечидам.

– Кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонии шумо аз мо чӣ фарқ дошт?

– Фарқ аз замин то осмон аст. Мо дар баробари заҳмат кашидан, боз мехондем. Дастури ягона китоб буд. Китобҳои бадеӣ қариб ки намерасиданд. Барои хондани як китоби бадеӣ бояд дар китобхона менишастем ва ё барои як-ду рӯз онро барои хондан ба хона меовардем. Рағбати донишандӯзии мо ба гунаи баландтар буд.

– Мо ҳоло ба худамон иҷозат медиҳем, ки бо муаллимон баҳс карда, баъзан гапи баланд ҳам занем, муносибати муаллимону шогирд он замон чӣ гуна буд?

– Пеш аз ҳама, дар аҳди шӯравӣ мақоми омӯзгор бағоят бузург буд, устодро ҳама эҳтиром менамуданд. Омӯзгорон пешгоҳнишини кулбаву кошонаи мардум буданд. Рафтору кирдор, либоспӯшии зебо, бархӯрдорӣ аз ҳаёти олами ҳамонрӯза шуҳрати омӯзгорро баланд карда буд ва ба омӯзгори соҳибкасб ниёз дошт. Қариб аксари хонандагони ҳамон давру замон орзуи омӯзгор шудан мекарданд, лекин ин орзуву ҳавас на ба ҳама даст медод.

– Устоде, ки ба шумо таъсир расонидааст, кӣ буд ва умуман аз ӯ чӣ омӯхтаед?

– Устоди аввалинам Насруллоҳ Аминов (руҳашон шод бод), ки аз ӯ алифбою ростиро омӯхтем. Устоди дигарам Мартабалӣ Ҳайдаров, ки худашон зодаи ноҳияи Ашт буданду баъди хатми донишкада ба мо сабақ медоданд. Аз ӯ лаҳни бурро, ахлоқу одаби ҳамида, хуллас, ҳама чиро омӯхтам.

БОБИ ДУЮМ

ОМӮЗГОРӢ

– Шумо хатмкардаи факултети таъриху ҷомеашиносии ДМТ ҳастед ва метавонистед бо ин ихтисос кору вазифаи баланд дошта бошед. Чаро муаллим шудед?

– Касби омӯзгориро дӯст медоштем ва бо амри дил омӯзгориро афзалтар шуморидам.

– Шумо солҳои зиёд муаллимед. Оё боре фарқи фаъолияти имрӯзаатонро аз 20-25 сол пеш фикр кардаед?

– Бале, сад бор фикр кардаам ва мекунам. Ба гумонам, фаъолияти муаллимони аҳди шӯравӣ воқеӣ буд. Имрӯз бошад, дар баробари муҳайё будани ҳама гуна шароит, ки истиқлоли кишвар ба мо додааст, машғулияти омӯзгорӣ коста шудааст.

– Муаллимӣ ба шумо чӣ дод ва аз шумо чӣ гирифт?

– Дар синни 34-солагиам ба унвони баланди “Аълочии маорифи халқ” мушарраф гардидам, ки баҳои баланди ҳамон давру замон ба заҳмати муаллим буд.

– Муаллимӣ дар кадом солҳо бароятон душвор буд?

– Солҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки дар айни камолот будам. Муаллимонро таҳқир мекарданд, маош набуд, тарсу ҳарос, парокандагӣ, гуруснагӣ, аксари соҳибкасбони ин соҳа тарки Ватан карданд. Соҳаи маорифи кишвар бе мутахассис монд. Душвор буд, барои ҳама душвор буд.

– Қадру қимати муаллим кай баланд буд: замони шӯравӣ ё ҳоло?

– Ба қавли асосгузори давлати шӯравӣ В. И. Лениин, “муаллим дар ҷамъияти советӣ дар мақоме меистод, ки он дар ягон ҷомеа намеистод ва на истода метавонист”. Мақоми омӯзгори аҳди шӯравӣ баланд буд. Имрӯз бо лутфи Офаридгор ва талошҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат мақому манзалати омӯзгор ба пояи баланд расида истодааст.

– Зиндагии муаллим 30 сол пеш чӣ гуна буду ҳоло чӣ гуна аст?

– Ғизоҳои истеъмолии арзони даврони шӯравӣ, маоши баланди омӯзгори ҳамон давра ба зиндагонии беғами омӯзгор мусоидат менамуд. Имрӯз дар баробари ҳамасола боло бардоштани маош нархи ҳама гуна маҳсулот ва ғизои истеъмолӣ дандоншикан аст, ки ин осудагии рӯзгори омӯзгорро таъмин карда наметавонад.

– Тӯли фаъолияти омӯзгорӣ пайхас кардед, ки шогирдон ба дарси шумо бо шавқ меоянд ва аз шумо чизе меомӯзанд?

– Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

Турфа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

– Кӣ бояд муаллим шавад?

– Гар ба дил завқе надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд? Касе, ки фарзанди инсонро дӯст медорад, дониши пухта дораду соҳибфазл аст, эҷодкори оқил аст, бояд ба ин касб биояд.

БОБИ СЕЮМ

ЖУРНАЛИСТИКА

– Фаъолияти рӯзноманигории шумо бисёр фаррох аст. Дар радио ва рӯзномаҳо кор кардаед. Бигӯед, ки чӣ гуна ба ин соҳа омадед?

– Дар давоми фаъолияти омӯзгориам бо созмонҳои эҷодӣ робитаи мустаҳкам доштам, бо рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, телевизион ва Радиои Тоҷикистон. Бо фарорасии осоиштагии кишвар ва анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ бо тавсия ва дастури шоири шинохтаву сармуҳаррири ҳамонвақтаи идораи адабиёт ва ҳунари Радиои Тоҷикистон устод Ворис ба радио омадам ва ба ҳайси муҳаррири идораи мазкур ба фаъолият оғоз намудам. Баъди ҳашт соли кор дар радио бо даъвати рӯзноманигори шинохтаи давр, сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбии “Мароми пойтахт” зиндаёд Амонқул Одилов чун хабарнигор дар ин рӯзнома фаъолият карда, то ба вазифаи сармуҳаррирӣ расидам. Дар нашрияи “Паёми Душанбе” бо тавсияи сармуҳаррири он, рӯзноманигор ва нависандаи умедбахш Шарифҷон Ҳусейнзода тӯли ду сол чун хабарнигор адои вазифа намудам.

– Кори рӯзнома душвор аст ё аз радио?

– Барои рӯзноманигор ҳар дуи он заҳмати эҷодиро талаб мекунанд, вале бартарии радио дар он аст, ки овозу ҳарфи шуморо ба воситаи барномаатон тамоми ҷумҳурӣ мешунавад, рӯзнома бошад, ба ҳама дастрас нест.

– Ҳамкоронатон киҳо буданд?

– Нависанда Неъматуллоҳи Худойбахш, шоирон Ворис, Маҷнуни Карим, Муҳриддин Сабурӣ, Муродалии Ҷаббор, Нигинаи Муъмин ҳамкорони ман буданд.

– Журналистика ба шумо чӣ дод?

– Ҳангоми иҷрои вазифа дар рӯзномаи “Мароми пойтахт” Аълочии матбуоти Тоҷикистон шудам.

БОБИ ЧОРУМ

АДИБ

– Аксарият шуморо ҳамчун ҳавҷнигор мешиносанд. Ба дунёи эҷод чӣ гуна ворид шудед?

– Ин танҳо ҳавою ҳавас набуд, мехостам нуқсону норасоиҳоро нишон диҳам.

– Аввалин шеъри ҳаҷвиятон кай буд ва он кадом аст?

– Аввалин шеъри ҳаҷвӣ бо номи “Ҳай ҷонаме” дар рӯзномаи ноҳиявӣ ҳангоми синфи нуҳум хонданам, соли 1967 чоп шуда буд, ки чунин аст:

Ҳай ҷонаме, ҳай ҷонам,

Дар ферма подабонам.

Гову бузам дар ферма,

Мудирҷон пуштибонам.

Як донаву як дона,

Ман мебарам ба хона.

– Чаро махсус ба навиштани шеърҳои ҳаҷвӣ пардохтед?

– Нотавонбинӣ, бадбинӣ, ҳасад ва ношӯстарӯйии баъзе ашхос ғашамро меовард.

Шиму костюмат галифе, мошинат ГАЗ шасту нуҳ,

Нафси ту чун коми аждар, савлати ту бошукуҳ.

Туҳфаҳои бас гарон баҳри “калонҳо” мебарӣ,

Моли колхоз беҳад аст, ҳаргиз машав афтодаруҳ.

Ин намунае аз ҳаҷви ҳамон солҳост.

– Барои шеъри ҳаҷвӣ навиштан чӣ лозим аст?

– Танҳо истеъдоди модарзодӣ, мушоҳидакори асил будан.

– Мардуми мо ҳаҷвро чӣ гуна қабул мекунанд?

– Ҳар кас мувофиқи заковату донишу ҷаҳонбиниаш.

– Қаҳрамонҳои шеърҳоятон воқеиянд?

– Бале, замоне ба нишон гирифта мешавад, ки чунин хислатҳоро дорост.

Як сояи бед бошаду як мизи шалақ,

Як пора пиёзи тезу як шиша арақ.

Осоишу роҳате аз ин боло нест,

Дур аз ҳама вақ-вақу халосӣ зи занак.

– Қаҳрамонҳои шеърҳоятон худашонро мешиносанд?

– Баъди шунидан, аксараш андеша мекунанд, гуруҳи дигар худро ба нодонӣ мезананд, гуруҳе заҳрханда…

– Ҳоло ҳаҷви мо чӣ ҳол дорад?

– Баъди устодон Ашӯр Сафар, Мирзо Файзалӣ, Басир Расо, Муҳаммадалишо Ҳайдаршо, ба истиснои эҷоди имрӯзаи Наҷмуддин Шоҳинбод, Ҳакималӣ Назаралӣ, Абдусаттор  Раҳмон, Гурез Сафар сукут кардааст.

– Бо ширинкоронамон, яъне гуруҳҳои ҳаҷвӣ ҳамкорӣ доред?

– Не, ҳамкорӣ надорам.

– Дар ин самт устоди шумо кист?

– Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Мирзо Файзалӣ.

– Шумо ягон шогирди ҳаҷвнавис омода кардаед?

– Ҳаҷвнависро касе омода карда наметавонад.

– Имрӯз ҳаҷвро фурӯхта мешавад?

– Шеър ё шиорҳои ситоиширо мумкин, ҳаҷвро не. Дар ноомади кор ҳаҷв ба саратон бало меорад.

– Кист ҳаҷвнигори воқеӣ?

– Касе, ки истеъдоди модарзодӣ дорад ва тарсу нест. Намеҳаросад.

– Аз ҳаҷвнигорони тоҷик киҳоро эътироф мекунед ва мехонед?

– Ба ғайр аз ашъори ҳаҷвии устодони зиндаёд А. Сафар, М. Файзалӣ, Б. Расо касеро эътироф намекунам, вале ашъори имрӯзаи нашршударо мехонам.

– Аз насли ҷавон мо дорем ҳаҷвнависон?

– Ба назарам нарасидааст.

– Вақте мардум шуморо мебинанд, хоҳиш мекунанд, ки ягон шеъри ҳаҷвӣ хонед?

– Дар бисёр маврид ман пеш аз хоҳиши онҳо шеър мехонам.

– Аввалин хонандаву шунавандаи ҳаҷвҳои шумо кӣ ё киҳоянд?

– Аввало аҳли хонадон, баъдан дӯстони наздикам.

– Ягон маротиба фикр кардаед, ки аз ҳаҷвнависӣ даст кашед?

– То ба имрӯз чунин фикр накардаам ва ба гумонам чунин фикр карда наметавонам.

– Барои пешрафти ҳаҷви тоҷик чӣ кор бояд кард?

– Соҳибистеъдодҳоро бояд дарёфт.

– Кадом қисмати рӯз ё шаб эҷод мекунед?

– Аксаран нимаи дуюми шаб.

– Шахс ҳамчун эҷодкор кай мемирад?

– Вақте ки аз эҷод мемонад.

БОБИ ПАНҶУМ

АЗ ҲАР БОБ

– Мафҳуми ҳаётро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Ҳаёт як лаҳзаи кӯтоҳ ва ё муайяни умри инсон аст, ки барои санҷиши инсон дода мешавад. Барои хуш гузаштани он ҳар як дақиқа бояд ғанимат бошад.

– Рукни асосии ҷомеаи солим чист?

– Оилаи солим.

– Аз нигоҳи шумо дар оила нуфузи модар баланд аст ё аз падар?

– Ба гумони банда, бо амри Офаридгор модар дар рӯи замин нақши офаридгориро дорад, фарзандро модар таваллуд мекунад, ба ӯ ғизо медиҳад ва як умр дуогӯи умру ҷони фарзандаш аст. Падар бошад, ба ғайр аз муҳаббати падарӣ масъулияти таъмини оиларо бо ғизову либос ба уҳда дорад, бинобар ин, рахнаи байни ӯву фарзанд ба миён меояд. Инро бояд дуруст дарк кард. Солимии ҳар тифл ба модари соҳибфазлу боимону ғамхор сахт вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар қадар падар ба фарзанд азиз бошаду барояш ҳама гуна шароитро фароҳам оварад ҳам, мақоми модар болост.

– Мегӯянд, ки неъмати беҳтарин барои инсон фарзанд аст. Ӯ бояд чӣ гуна бошад?

– Одоби фарзанд аз худи ӯ азизтар аст. Вақте ки дар руҳияи баланди илмомӯзию меҳнатдӯстӣ тарбия меёбад, ифтихори волидайн аст.

– Агар дар оила бо ин ё он сабабе оромӣ набошад чӣ?

– Бадбахтист, бадбахтие, ки ислоҳ карданаш барои аҳли оила душвор аст.

– Беҳтарин хислати инсон кадом аст?

– Хоксорию шикастанафсӣ.

– Ноодамиро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Хислатҳое, ки ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мухолифанд.

– Ганҷи беҳтарин барои инсон чӣ бошад?

– Дониш ва маърифат.

– Саодати беҳтарин чӣ?

– Хушбахтӣ.

– Осудагии инсон дар чист?

– Дар меҳнати ҳалол.

– Дӯст чӣ гуна бошад?

– Беозор.

– Истиқлоли кишвар аз нигоҳи шумо…

– Истиқлол неъмати бебаҳост.

– Чӣ бояд кард?

– Қадр бояд, чун гавҳараки чашм ҳифз бояд кард. Истиқлол орзуву армони азалии ҳар як миллату халқи сарафроз аст. Истиқлол итфтихори бузурги ватандорӣ, сарчашмаи хушбахтиву хушрӯзӣ ва сарбаландиву сарсабзии тамоми мардуми кишвар аст.

– Мафҳуми Ватану ватандорӣ дар эҷодиёти шумо…

– Ватан пушту паноҳ аст, ватан такягоҳ аст, ватан умеду орзуҳои ширини мост. Тоҷикистон ватани мост. Дар як шеърам дар ситоиши Тоҷикистони азиз гуфтаам:

Луқмаи нони ҳалолам,

Чашмаи оби зулолам,

Бешикасту безаволам,

Тоҷикистон.

Сарзамини камзаминам,

Ҷаннати рӯи заминам,

Дарду доғатро набинам,

Тоҷикистон.

– Дар бораи пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе чӣ гуфтаниҳое доред?

– Аз сарсабзию шукуфоии шаҳри азизам, ки қариб рӯз дар миён онҷоям, ба ваҷд меоям ва онро дар эҷодам ситоиш кардаам:

Ту шаҳри олимону шоиронӣ,

Ту шаҳри номдорони замонӣ.

Ҳамеша тозарӯю гулфишонӣ,

Нигини Тоҷикистонӣ, Душанбе.

– Рӯз дар миён вориди пойтахт мегардед, ба ваҷд меоед, ёди даврони ҷавонӣ мекунед?

– Бале, дар ҳар гулгашт ёди даврони ҷавонӣ мекунам. Дар давоми чанд соли охир Душанбе ба биҳишти рӯи замин монанд гаштааст.

– Шумо дар остонаи ҷашни 70-солагӣ ҳастед. Ба фикри худатон, умратонро чӣ гуна гузаронидед?

– Ба истиснои чанд соли ҷанги шаҳрвандӣ, дигар умри осудае гузаронидам.

– Аз кадом корҳои кардаатон пушаймонед?

– Ягон вақт коре накардаам, ки боиси пушаймонӣ шуда бошад.

– Аз кадом корҳои кардаатон ифтихор мекунед?

– Фарзандонамро дар руҳияи баланди қадршиносӣ, қадрдонӣ ва илмомӯзӣ тарбия намуда, бо амри дил кору эҷод кардам.

– Касе дар бораи фаъолияти омӯзгориву эҷодиатон чизе навиштааст?

– Бале, бисёр навиштаанд. Дар матбуоти даврӣ зиёд навиштаанд. Шоири соҳибному хушзавқи тоҷик, устод Сайёди Ғаффор дар бораи фаъолияти ман бо номи “Умеди модар” дар ҳаҷми 60 саҳифа китобе нашр карданд.

– Зиндагӣ кардан осон аст?

– Ба қавли устоди зиндаёд Қутбӣ Киром:

Зиндагӣ мард асту мард мехоҳад,

Сари болову дард мехоҳад.

– Мо чаро зиндагӣ мекунем?

– Бо умеди нек дидани зиндагонӣ. Бо умеди қадршиносиву қадрдонӣ.

– Дар бораи ҳамсаратон чизе бигӯед.

– Сидқан бовафост, дар ҳар лаҳзаи ҳаёт мунису ғамхору мададгорам аст. Дӯстам медорад, ба қадрам мерасад ва ман ҳам ҳамчунин.

– Чанд фарзанд доред?

– Шукри Офаридгор, чаҳор писару ду духтари баркамол ва 14 набераи навпару бол дорам.

– Чанд соли дигар умр дидан мехоҳед?

– Бо ризоияти Офаридгор ва ба қавли устоди азиз Сайёди Ғаффор, ситеғҳои 80, 90, 100 ҳоло дар пешанд.

– Шумо хушбахтед?

– Бале, хушбахти дунёям.

Мусоҳиб:

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь