Хеле хуб аст, ки дар даврони истиқлолият занҳо низ дар баробари мардҳо саъю кӯшиш намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Яке аз чунин бонувони муваффақу кордон Дилноза Аҳмадзода Даврон мебошад, ки имрӯз дар вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти назаррас дорад. Дар зер суҳбати мо бо эшон пешкаши хонанда мегардад.

– Муаллимаи азиз, дар ибтидои суҳбат каме аз даврони кӯдакии худ мегуфтед?

– Ман дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Аҷдоди падару модарам ҳама номзадони илманд. Модарам рӯзноманигор, падарам доктори илмҳои физика-математика ҳастанд. Ман дар доираи шахсони фарҳангдӯсту илмпарвар ба воя расидаам.  Модарам, ки қаламкаш буданд, ҳамеша он касро саргарми навиштани мақола ё очерке медидам. Ҳарчанд он  вақт ҳоло хонда наметавонистам, ба модарам ҳавас карда, китобҳои дар хонаамон бударо варақ мезадам. Шояд ҳамин дӯстдории таъриху фарҳанг бошад, ки рӯй ба эҷод овардам.

– Мегӯянд, шумо аз сездаҳсолагӣ дар рӯзнома фаъолият кардаед. Ин то чӣ андоза рост аст?

– Бале, дар сездаҳсолагиам дар яке аз рӯзномаҳои кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд кор кардам. Ҳар ҳафта тамоми рӯзномаҳоро варақ мезадам ва меомӯхтам. Шояд қаламам хуб буд, ё эҷодиёти кӯдаконаи ман таъсирбахш буданд, дар озмунҳое, ки иштирок мекардам, ҳамеша ҷойҳои намоёнро мегирифтам. Ба мақолаҳои беҳтарин туҳфаҳо медоданд, ки шавқу ҳаваси маро ба эҷод бисёртар мекард.

Модарам шабро шаб нагуфта, рӯзро рӯз нагуфта заҳмат мекашиданд. Ҳамеша аз пайи эҷод буданд. Дар атрофи он кас фақат шахсони эҷодкор буданд. Ҳар шоире ё нависандае, ки ба назди модарам меомад, ҳамеша ба ман як қалам тақдим мекард. Агар кӯдакон бозичаро дӯст дошта бошанд, ман бо қалам сару кор гирифтанро дӯст медоштам. Фақат аз пайи эҷод будаму шавқам рӯз то рӯз ба эҷод бештар шудан мегирифт.

– Шумо, ки қалам доштед, чаро ба факултети рӯзноманигорӣ нею ба ҳуқуқшиносӣ дохил шудед?

– Дар шонздаҳсолагӣ донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ шудам. Таҳқиқ кардану омӯхтани қонуну қойидаҳо бароям ҷолиб буд. Аз ҳамин сабаб аз эҷодиёти хусусияти публитсистӣ дошта, рӯй ба таҳқиқи илмӣ овардам. Баъди курси якро хатм карданам, ба шавҳар баромадам ва то хатми курси панҷ соҳиби ду фарзанд шудам

– Оё оиладориву фарзандорӣ ба таҳсил карданатон мушкил эҷод намекарданд?

– На. Ман дар баробари келину модар будан, панҷ сол дар риштаи рӯзона таҳсил кардам ва сардори гурӯҳ ҳам будам. Агар инсон хоҳиши илм омӯхтанро дошта бошад, ҳеҷ чиз ба ӯ монеа шуда наметавонистааст. Ҳар сол дар озмунҳо иштирок мекардам ва сазовори ҷойҳои намоён ҳам мешудам, ки сипосномаҳоямро то ба ҳол ҷойи махсус нигоҳ медорам. Шояд фаъол буданам сабаб буд, ки маро аз супоридани шартнома ҳам озод карда буданд, ки ин маро водор месохт, боз ҳам бештару хубтар ба мутолиа машғул шавам.

– Дар баробари серкорӣ ба тарбияи фарзанд вақт меёбед?

– Зан пеш аз ҳама модар аст. Барои ӯ фарзанд олитарин неъмати Худост. Аз таҷрибаи худ гуфтаниям, ки муваффақияти фарзанд аз муваффақияти худ дида, шуморо даҳчанд рӯҳбаланд ва ба зиндагӣ дилгармтар месохтааст. Ба он хотир, ки инро ба ман таҷрибаи ҳаёт нишон дод. Писарчаам дар озмуни “Сингапура” аз тариқи онлайнӣ ширкат варзид ва соҳиби медали биринҷӣ гашт, ки аз ин шодам. Мехоҳам, ки фарзандонам талош кунанд ва бо талоши худ муваффақ шаванд. Мо волидон ба онҳо тамоми шароити хонданро фароҳам меоварем.

– Дар вақтҳои фориғ аз кор ба чӣ машғул мешавед?

Баъзан фикр мекунам, бисту чор соат бароям кам аст, аммо барои худ вақт ҷудо карда, бисёртар китоб мутолиа мекунам. Ҳарчанд дар хурдӣ тамоми рӯзномаҳоро варақ мезадаму баъдтар коргари рӯзнома будам, аммо рағбати ман ба хондану қироат кардани шеър бисёртар буд. Аз хурдӣ то ин ҷониб бисёр китобҳо хондаам ва имрӯз бисёртар китобҳои детективӣ мехонам ва гоҳе эҷод мекунам.

– Суоли интиҳобахши суҳбати мо ин аст, ки шодиро дар чӣ мебинед?

– Ман дар ҳама чиз шодиро дида метавонам. Мисол, дар омадани баҳор, ё боридани барф, шукуфтани гул, тулӯи хуршед, дар хандаи кӯдакон, дар пешрафти ҷавонон ва ғайра. Доштани тани солим ин хушбахтист. Бемории сироятии Ковид-19 ба ҳама исбот кард, ки барои инсон аз ҳама чизи боарзиштарин тани солим ва хотири ҷамъ аст. Зиндагиро дӯст бояд дошт, зеро он зебост.

Муҳаммадисо ЗАРХОРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь