Мусоҳиба бо сафири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ

 – Сафари ахири расмии ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эронро дар се моҳи пеш чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ин сафар дар таърихи муносиботи ду кишвар чӣ натиҷаҳои самарбахшеро ба дунбол хоҳад дошт?

-Пас аз сафарҳои муҳими ҷаноби оқои доктор Раисӣ, – Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи сентябри 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, – Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи маи 2022, ба фосилаи 8 моҳ, хушбахтона равобити ду кишвар дар масири рушд ва шукуфоӣ дар ҳоли пешравӣ аст ва бо тавофуқоти суратгирифта дар ин ду сафар, ки дар натиҷа 25 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф  ба имзо расид, заминаҳои бештареро барои тақвият ва рушди муносиботи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон фароҳам намудааст.

-Тавофуқоте, ки дар натиҷаи сафари сарони ду кишвар  ба даст омад, то чӣ андоза заминаро барои тақвияти ҳамкориҳои стратегии ду кишвар фароҳам хоҳад намуд?

-Албатта, ин сафарҳо дар рушди равобит таъсири зиёде дошта ва натиҷаҳои пурсамар ба дунбол хоҳад дошт ва дар  оянда ҳам бештар шоҳиди натиҷаҳои тавофуқоти суратгирифтаи сарони ду кишвар хоҳем буд.

Баёнияҳои муштараки руасои муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи роҳи тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои гуногун тарсим кардааст.

Ҳамон гуна, ки қаблан эълом кардаем, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди муносибот ва ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад ва бо таваҷҷуҳ ба моҳияти мукаммали иқтисоди ду кишвар, бояд аз тамоми имконот ва зарфиятҳо барои рушди равобит баҳраманд  шуд.

Ҷаноби сафир, ба унвони сафири фавқулода ва мухтори Эрон дар Тоҷикистон нақши руасои Ҷумҳурии ду кишвар ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби оқои Сайид Иброҳим Раисиро дар густариш ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи ду кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Бидуни шак, нақши сарони ду кишвар  дар густариш ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба аз аҳамияти хосе бархурдор мебошад. Ҷаноби оқои доктор Раисӣ аввалин сафари хориҷии худро дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Тоҷикистон анҷом доданд ва ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин раисҷумҳур аз Осиёи марказӣ буданд, ки пас аз таъсиси ҳукумати нав дар Эрон, ба Теҳрон сафар карданд ва ин нишон аз ҷойгоҳ ва аҳамияте аст, ки сарони ду кишвари дӯсту бародар барои ҳамдигар қоил ҳастанд. Албатта, идомаи ин муносибот дар тақвияти равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ муассир хоҳад буд.

-Барои пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба, ба кадом самтҳои ҳамкорӣ авлавият медиҳед ва оё зарфиятҳои ду кишвар ба таври лозим истифода шудаанд?

-Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф эълони омодагӣ карда ва дар ҳоли барномарезӣ барои пешбурди муносибот ва ҳамкорӣ бо тарафи тоҷикистонӣ аст. Хушбахтона, равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва дифоии ду кишвар дар ҳоли тақвият мебошад ва рафту омадҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф дар ҷараён аст. Таи ду соли ахир шоҳиди сафари вузарои муҳтарами умури хориҷӣ ва дохилӣ будем.

Ҳамчунин вазири муҳтарами мудофиаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар карданд ва сипас раиси муҳтарами Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон омаданд, дар ҷараёни ин сафарҳо тавофуқоти хубе дар хусуси ҳамкориҳои дифоӣ сурат гирифт ва хатти тавлиди ҳавопаймои бесарнишини Абобил-2 дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин дабири муҳтарами Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон сафаре ба Тоҷикистон доштанд ва дар идомаи ин машваратҳо муовини амниятии вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ба шаҳри Душанбе сафар карда ва аввалин коргурӯҳи ҳамкориҳои амниятии Эрону Тоҷикистон баргузор шуд.

Пас аз баргузории муваффақиятомези чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар соли гузашта дар шаҳри Душанбе, қарор аст 15-умин иҷлосияи Комиссияи муштарак дар соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор шавад. Ҳамаи ин сафарҳо ва рафту омадҳо дар бахшҳои гуногун нишон аз азму иродаи мақомоти олии ду кишвар барои тақвияти беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳо аст.

– Чигуна  метавон тиҷорати хориҷии Эрону Тоҷикистонро афзоиш дод?

-Мақомоти дахлдори ду кишвар барои мусоидат ба рафту омади тоҷирҳо ва фаъолони иқтисоди ду кишвар таваҷҷуҳ доранд ва иқдомоте ҳам анҷом шудааст. Дар ҳамин росто ва ба манзури рушди гардишгарӣ, пешниҳоди лағви раводидро ба мақомоти муҳтарами марбутаи Тоҷикистон пешниҳод намудаем. Яке аз омилҳои муҳим барои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ тавассути фаъолони иқтисодии ду кишвар эҷоди заминаи муносиб барои фаъолияти сармоягузор ва коҳиши расмиёти идорӣ мебошад. Албатта, бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардуми ду кишвар ҳамфарҳанг, ҳамзабон ва дорои муштаракоти таърихӣ ва тамаддунӣ ҳастанд, алоқаманд мебошанд, ки бо якдигар ҳамкорӣ  намоянд.

Интизор  меравад бо иҷрои санадҳои ҳамкории имзошуда дар ҷараёни сафари руасои Ҷумҳурии ду кишвар ва коҳиши маҳдудиятҳои ҳамлу  нақл (заминӣ ва роҳи оҳан) замина барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бештар фароҳам шавад.

 – Ҷумҳурии Исломии Эрон феълан кадом тарҳҳои иқтисодиро дар Тоҷикистон иҷро мекунад?

Дар бахши иқтисодӣ, Эрон ҳамвора яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон буда ва аз аввалин кишварҳоест, ки дар тарҳҳои бузурги иқтисодии ин кишвар мушорикат намудааст. Бунёди нақби стратегии “Истиқлол” кӯмаки муассире барои барқарории иртиботи ҳамешагии минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон аст ва  воқеан, метавон онро яке аз масирҳои дастраси Тоҷикистон ба истиқлоли  воқеӣ номид, кӯмак ба сохт ва истифодадиҳӣ аз нерӯгоҳи бузурги Сангтӯда-2, роҳандозии бемористони хусусии Сино,  шӯъбаҳои Бонки “Тиҷорат” ва “Кафолат” дар Душанбе, бунёди пулҳо ва ҷодаҳо, таъсиси корхонаҳои мошинсозӣ (дастгоҳҳои тавлиди маҳсулот) монанди корхонаи муштараки тракторсозии Иртоҷ, корхонаҳои шир ва маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷумлаи онҳост.

Ширкатҳои эронӣ ба фаъолият ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи саноатӣ ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ барои иҷрои тарҳҳои зерсохт, аз ҷумла тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъол ҳастанд. Фаъолияти ширкатҳои эронӣ сифатан хуб буда, мақомоти муҳтарами Тоҷикистон низ ба ин нукта таъкид мекунанд. Ширкатҳои эронӣ барои ҳамкориҳои бештар дар ҳама бахшҳои саноатӣ ва иҷрои тарҳҳои зерсохт омодаанд.

– Солҳои қабл дафтарҳои фарҳангии Эрон, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣтоҷикӣ дар Тоҷикистон фаъолият доштанд, вале таи чанд соли ахир аз онҳо хабаре нест. Ҷиҳати азсаргирии фаъолияти онҳо оё иқдомоте сурат мегирад?

-Дар робита ба эҳёи фаъолияти дафтарҳо дар Тоҷикистон сатҳи омодагии онҳо ба мақомоти муҳтарами Тоҷикистон эълом шуда ва музокираҳо низ сурат гирифтааст ва мо умедворем, ки ба зудӣ шоҳиди азсаргирии фаъолияти ин дафтарҳо бошем.

Мо дар шароити ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва падидаҳои номатлуби маълум, аз қабили терроризми такфирӣ ва салафигарӣ таҳдиде барои амнияти кишварҳо дониста мешавад. Эрон ва Тоҷикистон дар ин замина чӣ ҳамкориҳоеро роҳандозӣ кардаанд?

-Дидгоҳи куллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси масоили амниятии минтақа, бавежа густариши тафаккурот ифротӣ ва ҷараёнҳои террористӣ бар ин аст, ки ин мавзӯот бояд тавассути худи кишварҳои минтақа ва бидуни дахолати тарафҳои хориҷӣ ҳаллу фасл шавад. Аз он ҷое, ки Тоҷикистон ҷойгоҳи мумтоз дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад, ҳамон тавр, ки ҷаноби оқои доктор Раисӣ, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кардаанд амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон аст. Бар ин асос ниҳодҳои дифоӣ ва амнияти ду кишвар дар тӯли як соли гузашта ҳамкориҳои муассире бо якдигар доштаанд ва ин раванди рӯ ба рушд идома хоҳад дошт.

-Дурнамои равобити ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон аз назари ҷаноби олӣ чӣ гуна хоҳад буд?

-Иродаи мақомоти олии ду кишвар бар ин амр устувор аст, ки ҳар чӣ бештар ду миллат ва давлати ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону  Тоҷикистон дар ҷанбаҳои мухталиф беш аз пеш бо якдигар ҳамкорӣ дошта бошанд. Дидори руасои Ҷумҳурии ду кишвар дар фосилаи замонии камтар аз ҳашт моҳ баёнгари ин ирода мебошад. Иҷро шудани асноди ҳамкорӣ ва идомаи сафарҳои зиёди мақомоти дахлдор ҷиҳати иҷро ва амалиёти шудани тавофуқоти суратгирифта нишонҳои равшане аз  ояндаи дурахшон ва фасли навине дар равобити ду кишвар мебошад. Бар ин асос инҷониб дурнамои равобити Эрону Тоҷикистонро бисёр умедворкунанда арзёбӣ мекунам.

-Сафири муҳтарам, дар ҳоли ҳозир равобити Тоҷикистону Эронро чигуна арзёбӣ мекунед?

-Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузъи аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре буд, ки сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд ва ба ин тариқ, равобити сиёсии ду кишвари ҳамфарҳангу  ҳамзабони Эрону Тоҷикистон оғоз шуд. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ  ва барои татбиқи он мушорикати фаъол ва нақши муҳим ва мумтозе доштааст. Ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи наздик ва дилбастагӣ надорад. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Аз ин рӯ, миёни бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, дифоӣ, амниятӣ ва фарҳангии ду кишвар иртиботи наздик ва пайваста вуҷуд дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳаргуна ҳамкорӣ ба мақсади рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дареғ нахоҳад кард.

Ташаккур!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь