21-уми ноябр журналисти варзидаи телевизион Абдурозиқ Азиззода 50-сола шуданд. Чун журналистон ҳамкасбонашонро дар чунин рӯзҳо зиёдтар ёд мекунанд, тасмим гирифтем бо эшон доир ба дирӯзу имрӯз ва фардои касбу корашон суҳбате дошта бошем.

Ним аср

– 50 – сола шудан барои шумо чӣ паём дорад?

– Ба 50 даромадан ба камолоти умр расидан аст. Ин синну сол оғози боз як зиндагии нав аст. Шукри Яздони пок, ки ба имрӯз расидем.

– Дар ин шабу рӯз зиндагӣ кардан осон аст ё душвор?

– Ин суол ҳамон шеъри устод Алимуҳаммад Муродиро ба хотир меорад, ки чунин аст:

Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,

К – ӯ ҳеҷ гоҳ гӯш ба афғон намедиҳад,

Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,

К – ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.

Ҳар касе аз ин Ватану ин хок шиква мекунад, кӯр мешавад. Ин гуна Ватани тинҷу осудаву ҳамешабаҳору мардумонаш меҳрубон дар ҳеҷ куҷои дунё нест.

Аз умри рафта пушаймонед?

– Не, умри мо акнун шурӯъ мешавад. Шукри Кирдигор, ному нони ҳалолу хонаи осуда, фарзандони хуб, кори мувофиқ, муҳити ором, роҳбари ғамхору пуштибон дорем.

Нигоҳе ба гузашта

– Аз кай худатонро ёд доред?

– Худро замоне шинохтам, ки дар айни ҷавонӣ танҳоиву орӣ аз муҳаббатҳои гарми падар будам. Вақте шинохтам, ки бори вазнини зиндагӣ бар сари ману модари муштипарам афтод…

Зоҳиран ба падаратон монандед ё ба модаратон?

– Ба шодравон падарам шабоҳат дорам. Ҳоло хоҳарбузургонам бо нигоҳҳои амиқу нидоҳои шукрона ба сӯям менигаранду шод мешаванд, ки дар тарҳи оразам қиблагоҳамонро мебинанд.

– Чӣ гуна навиштанро оғоз кардед ё бо қаламу коғаз аз кай ошноед?

– Аз овони наврасӣ. Ман дар баробари китобхонӣ бисёр кунҷкоб будам, бисёр мепурсидам, мехостам ба ҳама саволҳоям ҷавоб дошта бошам. Омили шиносоӣ бо коғазу қалам ҳам ҳамин таваҷҷуҳи зиёдам ба олами атроф буд. Ёдам ҳаст, ки соли 1987 дар сарам ҷавоб пайдо кардан ба мафҳуми номи ноҳияамон “Фархор” падид омад ва аввалин навиштаам барои рӯзнома бо номи “Фархор чӣ маъно дорад?” иншо шуд. Хушбахтона, ба матлаби аввалин ва шояд пурхатоям аз редаксияи рӯзномаи “Гулистон”- и ноҳияи Фархор ду саҳифа посух омад, ки шод шудаму шавқу завқам нисбат ба навиштан афзуд.

– Гуфтед китобхонӣ яке аз сабабҳои асосии кунҷкобиатон буд, аз кай китобхон шудед?

– Аз замони мактабӣ. Хуб дар ёдам мондааст, ки қариб ҳамаи китобҳои китобхонаи деҳаи Матрос (ҳозира Навободи поён)-и ноҳияамонро хонда будам. Мудири китобхона апаи Ҳадиса рӯз дар миён суроғам мекард ва китоби нав медод, то ки якмаром мутолиа кунам.

 – Навиштаҳоятон кай ҷиддитар ва таҳлилӣ шуданд?

– Замоне дар Телевизиони Тоҷикистон барномаи “Зангӯла” фаъол буд, ки ҷараёни дарсҳоро аз мактабҳои гуногун нишон медод. Дар яке аз нашрҳояш дарси таълими меҳнатро дар як мактаби шаҳри Ваҳдат таъриф кард, ки бачаҳо дар он нозукиҳои ронандаи тракторро меомӯхтану духтарон дӯзандагиро. Ҳамон вақт ба унвони барнома ба телевизион мактуб навиштам, ки дар мактаби №21-и ноҳияи Фархор дарсҳои таълими меҳнат бо футболу волейбол мегузаранд. Номаи маро дар барномаи навбатӣ хонданду ба ноҳия мактуб омад. Ҳама аз маориф дунболи ман шуд, ки чаро шикоят кардам. Муовини директори мактаб Азизулло Сангалиев то ҳол он ҳодисаро ёд мекунад.

 – Дар мактаб чӣ гуна мехондед?

– Дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик устодам Бобоқул Хоҷаев аз хонишу донишу маҳорати иншонависиам шавқ мебурд. Дар 45 дақиқаи дарс қариб як достон азёд мекардам. Дар маҳфилҳои мактабӣ фаъол будам, ровигӣ ва маҳфилороӣ менамудам.

 – Касби ояндаатонро чӣ гуна интихоб кардед?

– То хатми мактаб орзу доштам, ки журналист мешавам, вале бо сабаби мушкили иқтисодӣ ва маҳрум мондан аз падарам ягона роҳи мусоид ин ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шудан буд. Аҷобати кор дар он аст, ки дар ин ҳама дарҳамбарҳамиҳо ҳатто амакам намехост, ки ман маълумоти олӣ бигирам, зеро онҳо дар ин фикр буданд, ки беҳтараш дар деҳа монда, ба модарам ёрӣ расонам. Вале чун модарам исрор кард, ки бояд таҳсилро давом диҳам, донишҷӯ шудам.

– То ҷое медонем, пас аз хатми донишгоҳ омӯзгор шудед. Чанд вақт омӯзгори кардед?

– Бале, баъди хатми донишгоҳ ба мактаби таҳсилкардаи худам рафтам ва расо панҷ сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардам. Ҳамон вақт дарк кардам, ки омӯзгорӣ кори пуршараф аст, зеро як муаллим метавонад ба садҳо шогирд илм, савод ва маърифату хирад омӯзонад.

– Таҳсили журналистӣ ҳам доред?

– Бале, чун ин соҳаро ман аз аввал дӯст медоштам, бо даст додани шароит ҳуҷҷатҳоямро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурдам ва хушбахтона, он ҷоро хатм кардам. Дипломи дуюмам журналистӣ аст, ки доштани он як навъ осоиши дил мебошад.

Касби пуршараф

– Чӣ гуна ба телевизион роҳ ёфтед?

– Замони омӯзгорӣ ҳамкориам бо ВАО хуб буд. Пас аз он ба қароре омадам, ки бояд ба кори дӯстдоштаам машғул шавам ва соли 2001 назди шодравон Бобохонов Сайдалӣ, директори Телевизиони “Хатлон” рафтам. Устод хуб қабул карданд ва гуфтанд, ки рӯзи душанбе кор биё. Чун журналисти машҳур Давлат Сафар аз деҳаи мо буд, хостам пеш аз расман ба кор даромадан аз назди ӯ гузарам. Чун матлабамро фаҳмиданд, тавсия доданд, ки дар Телевизиони Тоҷикистон кор кунам. Он замон раиси кумита Убайдулло Раҷаб ва директори телевизион Аброр Зоҳир буданд. Дар аввал ба ҳайси мудири шуъбаи бойгонӣ қабул шудам. Пасон, дар идораи ахбор, ки сармуҳаррираш Асадулло Раҳмон буд, бо супурдани имтиҳонҳо ба ним басти корӣ қабул шудам.

– Дар назди роҳбарияти телевизиони “Хатлон” ваъдахилоф нашудед магар, дар ҳоле ки ба онҳо қавл додеду ба ТВТ гузаштед?

– Не, ваъдахилоф нашудам, балки шодравон дарк карданд. Ҳамчунин, пас аз чор соли фаъолият дар студияи марказии телевизион мухбири минтақавӣ шудам, ки идораамон дар назди Телевизиони “Хатлон” ҷойгир аст.

– Чӣ гуна мухбири минтақавӣ шудед?

– Соли 2004 бо тақозои касб ва маслиҳату машварати раиси кумита Абдуҷаббор Раҳмон ҳамчун мухбири минтақавӣ дар вилояти Хатлон таъин шудам. Дар аввал хуш қабул накардам, вале чун дарк намудам, ки барои иҷрои рисолати касбӣ макон муҳим нест, хуш пазируфтам ва корро ҷиддӣ оғоз кардам.

Як мухбири минтақавӣ чӣ мушкил дорад?

– Мешавад ҳолатҳое, ки барои ислоҳи камбудӣ мо доир ба мушкиле масъалагузорӣ мекунем, вале масъулин ба ҷойи ислоҳ ба журналист мечаспанд. Ин гуна ҳолатҳо, ки дар пайи худ баъзан дашному таҳқир доранд, одамро то андозае дилхунук мекунанд, вале бо сабр ва кӯшиши зиёд корро давом медиҳем.

Телевизион барои шумо чист?

– Аз умри сипарикардаам 23 солашро ба кори телевизион бахшидам. Ин боргоҳи маънавиёту иттиллоот бароям хонаи дуюм аст. Маҳз телевизион пуле миёни ман ва муҳаббатҳои мардум гардидааст. Бе телевизион худамро тасаввур карда наметавонам.

– Чаро ҳоло тамошобин аз шабакаҳои телевизионӣ шикоят мекунад?

– Ман фикр мекунам, ки ин корхонаи муқтадир аз бунёдаш то ҳоло тамошобин дошту дораду хоҳад дошт. Телевизион инъикоскунандаи идеологияи давлату ҳукумат аст ва роҳбарияту кормандонаш пайи анҷоми рисолати касбиашон ҳастанд.

Ба он афкоре, ки шабакаҳои телевизионӣ тамошобин надоранд, мутлақо розӣ нестам, зеро ҳама заҳматҳои кормандон ба ҳазор-ҳазор бинанда мерасад.

– Ҳоло дар телевизион барномаи дӯстдошта доред?

– Барномаи дӯстдоштаи ман “Ахбор” аст, ки ҳамарӯза бо чанд забон пахш мешавад. Маҳз ин барнома аст, ки бинандагон зиёдтар ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно мегарданд. Тавассути ин барнома тамошобини телевизион аз навгонии дохилу хориҷ, аз мушкилоту пешравиҳо бохабар мешаванд.

– Оё бори номи журналистиро бардоштан осон аст?

– Аввалҳо гумон мекардам, ки журналистӣ як касб ва як пеша аст. Вақте сидқан вориди ин соҳа шудам, дарк кардам, ки журналистӣ рисолати як инсони эҷодкор, масъулияти азими воқеънигорӣ ва ҳақиқатҷӯйиву холисонаву беғаразу бетамаъ расондани ахбор ва ҳиссагузорӣ дар фазои иттилоотии мамлакат аст. Шукри номаш, ки чандон осон нест. Мо бо ному нишони журналист ширинию талхиҳои зиёде чашидем. Талхиҳоро ба мо бархе мансабдороне доданд, ки ба хотири ислоҳи камбудашон гуфта будем.

– Чаро то ҳол ба мансабе нарасидед?

– Ростӣ, чанд маротиба пешниҳод шуд, вале телевизион бароям болотар аз ҳазор мансаб аст.

Рисолати журналист назди ҷомеа чист?

– Рисолати касбии журналист, ин инъикоси ҳақиқати зиндагӣ тавассути навиштаву гуфтаҳояш аст.

Мо бисёр мешунавем, ки журналистика соҳаи камбағал мегӯянд. Ба ин фикр розиед?

– Журналистика ҳеҷ гоҳ соҳаи камбағал набуду нест. Фақат иртибот дорад ба донишу лаёқату ҷасорати худи журналист, ки вазифаи хешро содиқона, бо талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ахлоқӣ иҷро карда метавонад ё не.

– Оё ба журналистони оянда бовар кардан мумкин аст?

– Бале, бовар кардан мумкин аст, зеро шароити имрӯзаи факултаи журналистикаи ДМТ барои омӯхтан хеле хуб аст.

Бешак, шумо дар ҷомеа хизмати зиёд кардаед. Бигӯед, ки чӣ гуна қадршиносӣ шудаед?

– Шукр, Аълочии телевизион, Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанг, Аълочии маориф ҳастам ва медали Хизмати шоиста низ дорам.

Аз ҳар гӯша

– Шабҳо дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Фикрҳои хуб намекунам, бакли зиёдтар ноҷӯриҳои рӯзи гузаштаро таҳлил менамоям.

– Боре шудааст, ки хоста бошед зиндагиятонро аз нав оғоз кунед?

– Сад бор хаста шудаам, вале ҳеҷ гоҳ дар андешаи табдили кор набудам.

– Агар зиндагиатонро бисёр кӯтоҳ гуед, чӣ гуна ҷумла хоҳад буд?

– Кӯдакиву наврасӣ ба пахтачиниву алафдаравию бозиҳо дар Навободи поёни ноҳияи Фархор сипарӣ шуд, ҷавониҳои нимгурусна дар шаҳри Кӯлоб бо донишомӯзӣ гузашт ва ормонҳои қалб дар пойтахту рисолат дар телевизион давом дорад.

Мусоҳиб,

Сино ТОҲИРӢ

Аз редакция: ҳафтаномаи ҷамъиятӣ – сиёсии Фараж Абдурозиқ Азиззодаро, ки журналисти соҳибному содиқ ба касби хеш аст, бо панҷоҳумин солгарди умр муборакбод намуда, хонаи ободу тани сиҳату килки равон таманно мекунад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь