Далери Имомалӣ дар фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахусус дар журналистика аз зумраи фаъолтаринҳо ба шумор меравад. Ӯ пайгири масоили доғи ҷомеа буда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқат аст. Бо он вуҷуд, ки вай риштаи ҳунармандиро хатм кардааст, ҳамчун журналист маъруфияти беш дорад. Гарчанде худро журналист намеҳисобаду ин пеша “ноновар” зикр мекунад. Мо дар ҷашни 33-юмин солгарди умраш бо мавсуф перомуни фаъолияти журналистиаш суҳбат оростем, ки манзури шумо хонандагони азиз мегардонем:

Таърихчаи омадани як коргардон ба журналистика чӣ гуна аст?

– Ҳанӯз бояд бигӯям, ки ман аз ҳунари санъат ба таври комил дур нашудаам ва коргардонии филмҳои мустанаду намоишномаҳои театриро то ҳол анҷом медиҳам. Аммо шавқи журналистшавӣ аз даврони донишҷӯӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба қалбам ҷой шуда буд. Аз солҳои аввали таҳсилам ман газетахон шудам ва ҳарҳафтаина рӯзномаҳои “Миллат”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Озодагон” ва “СССР” ва ҳатто “Оила”-ро мутолиа мекардам. Хонанда буданам маро ба журналистика овард ва он солҳо мушкилоти чашмнамоёнамро рӯи варақ меовардам. Яъне, ҳамкориам бо матбуот шурӯъ гардида буд.

Ҳамзамон, ки дар донишкада таҳсил доштам, ба курсҳои махсуси кутоҳмуддати журналистӣ ва мастерклассҳо мерафтам ва қадам ба қадам ба риштаи журналистика наздиктар мешудам. Аммо журналистика ҳадафи аввалинам набуд. Ҳадафи аслиам актёри театру кино шудан буд. Вале пас аз он ки соли 2013 мо донишкадаро хатм кардем, ба ростӣ, ба ҳеч кадом театр моро ба кор напазируфтанд. Баъд рафтам сӯи Радиои “Имрӯз” ва фаъолияти расмии журналистиам аз он даргоҳ шурӯъ шуд…

Оё бо даъват ё роҳнамоии касе рафтед ва ё хоҳиши худ буд?

– Ёдам мондааст, он рӯзҳо кормандони пешини Радиои “Имрӯз” бо як шӯру мағал корро тарк мегуфтанд ва ин даргоҳ фазои ноороме ба худ дошт. Радио кормандони нав меҷуст ва ҳар замон эълон пахш мекард. Ман бо хоҳиши худ ба коргоҳашон рафтам ва Рустами Ҷонӣ, мудири вақти Радиои “Имрӯз” бо Ҷалолиддин Аҳмаду Назири Нусрат ва дигар дӯстоне, ки буданд, маро он ҷо хуш пазируфтанд. Ҳамон рӯз, 27-уми марти соли 2013 – Рӯзи ҷаҳонии театр, ҳатто садоям аз Радиои “Имрӯз” пахш гардид.

Аввалин барномаам дар ин радио лавҳаҳои гузоришии якдақиқаина буд ва минбаъд барномаи табрикотии “Барои ҳам”, барномаи таҳлилии “Ҳарфи шумо” ва чанде дигарро дар он ҷо ровигиву барандагӣ мекардам.

Таърихи омадан ба радиои “Ватан” ва барномаи “Пресс-клуб” чӣ гуна аст?

– Барномаи “Пресс-клуб” аслан идеяи шодравон Акбари Саттор аст. Аммо роҳандозкунандаи ин идея Субҳон Ҷалилов мебошад. Ва таърихаш ин гуна аст, ки ман то 2016 дар Радиои “Имрӯз” фаъолият доштам, вале ҳамон сол ин радиоро тарк кардам ва муддате бекор будам. Субҳон Ҷалилов, ки фаъолиятамро аз Радиои “Имрӯз” медонист ва то ҷое ошно буд, бо ҳамин идея маро ба Радиои “Ватан” даъват кард. Ман ба ин пешниҳод розӣ шудам ва барномаи “Пресс-клуб” аз нимаи октябри соли 2017 роҳандозӣ гардид.

Дарзимн, чаро аз Радиои “Имрӯз” рафтед, сабаб чӣ буд?

– Танҳо ба кори “Суғд-синамо” пардохтанам буд.

Хуб, аввалин барномаи “Пресс-клуб”-ро дар ёд доред: бо кӣ ва чӣ гуна руҳияе доштед?

– Нахустбарномаи “Пресс-клуб” бо журналист Сайёфи Мизроб буд ва хеле самимӣ гузашт.

“Шабдарав” чӣ гуна рӯи эфир омад ва чаро чунин ном гирифт?

– Барномаи “Шабдарав” ин фикру идеяи худам буд. Шабона аслан барномаҳои зиндаи ҳамаи радиоҳои мо қатъ мегардад ва фазои радиоӣ дигар холӣ мемонад. Ҳамин буд, ки мо хостем барномаи зиндаи шабона дар Радиои “Ватан” дошта бошем ва ман ки дар Душанбе зиндагӣ дорам, онро ба дӯш гирифтам. Номашро бошад, Субҳон Ҷалилов пешниҳод кард ва барномаи “Шабдарав” аз аввали январи ҳамин сол то кунун ба таври зинда ба эфир меравад.

Номи Субҳон Ҷалилов дар фаъолияти Шумо беш зикр мешавад…

Бале, вале дар корхонае, ки шумораи коргаронаш 4-5 нафар аст ва мехоҳӣ кори ин боргоҳ ба таври ормониву идеалӣ роҳандозӣ шавад, албатта, даст ба ҳам медиҳиву ақоидро ба ҳам шарик месозӣ. Ва бидуни шак, ҳар муҳит таъсири худашро мерасонад.

Бо ин вуҷуд, чаро худро журналист намеҳисобед?

– Мутаассифона, имрӯз аз ҷониби баъзе нафарон меъёри журналистӣ бо диплом ва гузаштани ягон мактаби журналистика муайян гардидааст ва ман ин дуро надорам. Аз ин рӯ, худро журналист намеҳисобам.

Ба ном журналистоне ҳастанд, ки ба журналистика хидмате накардаанд ва бӯе ҳам аз ин пеша намебаранд, аммо беҷову баҷо даъвои журналистӣ мекунанд… Вале, аз ин гузарем, Шумо як даҳсола дар ин муҳит фаъолият мебаред ва мавқеъ ҳам пайдо кардаед, иллати аслӣ чӣ аст, ки…

– Бале, ман дар ин муҳит ворид шудам ва ба ин пеша даст задам, ин роҳро тай мекунам, аз ин касб нон меёбам, вале намехоҳам журналист бошам. Ҳадафи аслии ман актёр шудан буд, ҳаст, мемонад.

Дар журналистика мемонед ва ё билохира меравед?

– Дар ҳоли фазои хубтару беҳтар пайдо кардани театр ман тарки журналистика мекунам ва сӯи театру кино меравам. Журналистика танҳо барои ман ноновар аст.

Ба фардои неки театр бовар доред?

Албатта. Театр ва матбуот ҳазорсолаҳо буду аз ин пас ҳам боқӣ мемонад.

Магар фикри Шумо набуд, ки мегуфтед, “матбуот дар чанд соли оянда аз байн меравад”?

Медонед, одамизод ин робот нест ва метавонад пас аз ду дақиқа фикрашро иваз кунад. Дирӯз ақидаи ман чунин буд, аммо имрӯз чунин меандешам. Матбуот ва ҳар ҳарфи навиштаву менавиштаи он то умр боқист, мондагор аст. Театр ҳам ҳамин гуна.

Мехоҳед аз риштаи журналистика диплом дошта бошед?

– Не, зарур намеҳисобам.

Дарвоқеъ, аз хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат пушаймонӣ доред?

– Ростӣ, ман аз он пушаймонӣ кардааму мекунам, ки дар театр бароям шароит фароҳам наовард, ки ҳадаф ва нақшаҳои доштаамро амалӣ созам. Ҳарчанд мо гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав”-и худро дар минбаъд ташкил намудем ва муддате фаъолияти ҷадиду тоза доштем, вале бо афсӯси амиқ бояд гӯям, ки мо сармоягузорони ватанӣ пайдо накардем ва фаъолиятамон дар нимароҳ монд. Бале, мо сарпарастони хориҷӣ доштем, ки гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав”-ро таъмин менамуданд, аммо мо нахостем миннатпазири дигар миллату дигар кишвар бошем. Инак, 3 сол мешавад, ки мо дар саҳнаи театр нест. Аз ин афсӯс мехурам.

Суоле дигар: агар гардиши вақт Шуморо ба 10 соли пеш барад, дигарбора соҳаи санъат ва ё журналистикаро интихоб мекунед?

Фикру ақидаи инсон доим дар рушт ва доим дар тағйирёбист, вале агар ба имрӯза нигариста бигӯям: агар ба он рӯз мерасидам, на санъату театрро интихоб мекардам ва на журналистикаро!

Пас, кадом пешаро мепазируфтед?

– Намедонам, шояд ба самти иқтисод, молия, бонкдорӣ ва ё назири ин ихтисосеро қабул менамудам.

Танҳо ба хотири маблағи зиёд доштан?

– Бале. Ҷои пӯшидагӣ надорад. Ҳарчанд ҳоло шикояти бисёр аз зиндагиям надорам ва ҳаёти маъмуливу хоксоронаеро пеш гирифтаам, лекин ба кӣ писанд нест, ки зиндагии орому осоишта дошта бошад? Кӣ намехоҳад соле як маротиба ба Анталия ба истироҳат равад? Кӣ хоҳиши одам барин як моҳ дар Хоҷа Оби гарм дамгириро надорад? Ва ин имконият на дар соҳаи санъат ҳаст ва на дар соҳаи журналистика!

Ҳамчун роҳрави роҳи журналистика, гуфта метавонед, ки журналистика чист?

– Журналистика барои ман касбу пешаву роҳу равишест, ки ба худ озод аст ва ҳадафманд қадаммонӣ мекунад. Дар ин ҷода ду чиз бегона аст: таҳдид ва тавҳин.

Ҳар қонуне, ки имрӯз қабул мешавад, доираи журналистикаро тангтар мекунад. Ин ҳама қонунҳо, ба мисли “Меъёрҳои ахлоқии ВАО”, “Қонун дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”, “Қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва ҳамзамон, “Қонуни забон” ва назираш ҳама журналистикаро ба чаҳорчӯбаи номақбуле даровардаанд, ки ба бисёр фаъолияти мо монеагузорӣ мекунад. Имрӯз камтарин ҳаракати мо хилофи як қонун мебарояд.

Ҳамчунин, гуфтанист, ки фазои журналистикаи мо то соли 2015 озодии нисбие дошт ва роҳат буд, вале мутаассифона, баъд аз ин фазои журналистика тираву камрангтар ва бенуртару буғзноктар гардид. Журналистони кишвар имрӯз аз ҳарфи мегуфтаашон метарсанд ва калимотро ба андешаашон даҳҳо маротиба чарх дошта, сипас мегӯянду менависанд. Журналистикаи имрӯз фазои шубҳаоварро ба худ гирифтааст.

Ҷасорат ба рӯзноманигор ба чӣ баробар буда метавонад?

– Ҷасорат ба журналист баробари обу ҳаво лозим аст ва ҳар нафаре, ки ҷасорат надорад, журналист шуда наметавонад. Ҷасорат – рукни асосии журналистка аст.

Шумо дар ҷомеа ба хотири ҷасорати доштаатон шинохта шудед. Аммо бо ин ҳол фаъолият сахт нест?

– Бале, Худоро шукр, агар дар ҷомеа андаке шинохта шуда бошаму қабулам карда бошанд, фикр мекунам, маҳз аз ҳамин ҷасорати камтарин ва бепардагӯиҳоям бошад. Вагарна ман хилофи ҳамаи меъёрҳову қонунҳои ВАО ҳастам. Аммо ба бисёр монеаҳо рӯ ба рӯ шудам ва нафароне тавҳинам карданд, ки бигзор нагӯям.

Охирин бор кай таҳдид шуда будед?

– Чанд ҳафта пеш аз ҷониби пулиси ноҳияи Синои пойтахт таҳдидҳои ҳафтқабата шудам ва ҳатто телефонамро гирифта ҳамаи он чиро ки сабт карда будам, пок карданд.

Журналистикаи мо чӣ гуна фардое хоҳад дошт?

– Хушбахтона, аз ҷавонҳое, ки дар ду соли охир дар фазои журналистика пайдо шуда, фардоро рӯшан мебинам. Вале ҳамон рукни асосии журналистика – ҷасоратро то ҳол кам мебинам. Умеде ба оянда дорам.

“Он ки аз паси ҳақиқат медавад, девона аст”. Ин нуктаро қабул карда метавонед?

– Ҳарчанд ки ҳақиқат нисбӣ аст, аммо мо воқеан, девонаем, ки аз пушти он медавем.

Чаро орзу намепарваред?

– Орзу моли нафарони тахайюливу хаёлпараст аст. Ман нафаре ҳастам, ки дар зиндагӣ реалӣ будам, ҳастам ва хоҳам монд. Аз ин рӯ, чандсолаи зиндагиямро ба нақша даровардаам ва ҳадаф дорам, ки то кай ман чи кор мекунам, то кадом рӯз дар хонаи иҷора зиндагӣ хоҳам кард, кадом вақт ман соҳиби хонаи худ хоҳам шуд ва то кадомин сол ман дар соҳаи синамо ба кадом дастовардҳо бояд ноил шавам ва дар соҳаи журналистика то фалон сол чӣ бояд кунам… ин ҳама тибқи нақша.

Бузургтарин ҳадаф дар зиндагӣ?

– Бисёр мехоҳам, ки ба озодии молиявӣ бирасам, ин яъне, соҳиби хонаи худ шавам, мошин дошта бошам ва аз маошам ҳармоҳа чандсад сомонӣ пасандоз намоям. Ин як. Дуввум, ҳадафам дар фазои Осиёи Марказӣ дар мустанадсозӣ мақоми худро ёфтан ва баъдан роҳ ба сӯи Кан ё Оскар. Инҳо муҳимтарин ҳадафҳои ман ҳастанд.

Риш, сигор, майдӯстдорӣ – нишонаҳои аслии рӯзноманигори ним асри охир аст. Аз ин се кадомеро доштан намехоҳед?

– Сигорӣ буданро намехоҳам.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь