Нақши созгор метавонад симои ҳунарманди касбиро бармало намояд. Далер Мирхонов аз ҷавонони навэҷодест, ки бо офаридани нақшҳои ҷолиб тавонистааст мақоми воло касб намояд. Ӯро натанҳо ҳамсолон ба ҳунармандони касбӣ шабеҳ медонанд, балки беҳтарин ҳунарпешаҳои соҳибтаҷриба ба маҳорати касбияш қоиланд
– Дар сӯҳбат бо ҳунармандони собиқадор, бо зикри саҳми ҷавонони ҳунарвар, онҳо аксаран аз ҳунари хубу касбияти Шумо ёдрас мешаванд. Мехостам аз чӣ гуна вориди саҳнаи ҳунар шуданатон сухан бигӯед ва ҳамзамон, андешаи Шуморо дар мавриди баҳои ҳунармандон ба маҳорататон донистанӣ будам.
– Аслан, чун падарам аз санъату фарҳанг огоҳ буданд, зиёд мехостанд, ки яке аз фарзандон ҳунарманд шавад. Баъдан, завқи худи ман ба ин пеша ва ҳам амри қисмат буд, ки ҷодаи актёриро ихтиёр кардам. Маҳз бо дидани он, ки ман ба ҳунар рағбат дорам, падар ба қароре омад, то ҳунарманд бошам. Ҳамин рағбат ва ҳавас буд, ки таҳсилро дар Донишкадаи санъат ва фарҳанг муваффақона сипарӣ намоям ва содиқ ба касб дар саҳнаи театр бимонам. Баробари фаъолият дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов имкон даст дод, то бо коргардонҳои муваффақ низ ҳамкорӣ карда, дар чанд филми диданӣ нақш офарам. Саҳнаи театр мактаби таҷриба аст, ки аз ин қадар устодони ин ҷо фаъолманд дарси амалӣ мегирӣ.
Як лаҳзаеро аз рафти тамрини намоишноме хуб дар ёд дорам. Ман онқадар ба нақш ворид шуда, табиӣ нақш бозидам, ки гарчӣ мо заррае ба гарди домони Ато Муҳаммадҷон намерасем, бачаҳо бо ҳазл гуфтанд: “Ана ҳамин лаҳзаро мисли Ато Муҳаммадҷон бозидӣ”. Ман ҳам аз шавқ интизор мешудам, ки ҳамон лаҳза боз ояду онро аз нав бибозам. Бароям бисёр хушоянд буд, ки ҳунарамро ҳамсони истеъдоди волои Ато Муҳаммадҷон баҳо доданд. Шояд муҳаббат ба касб ва бархӯрдорӣ аз ҳунари баланди чеҳраҳои ҳунарӣ ва актёрони касбӣ маро таҳрик бахшид, то дар касби хеш зина ба зина пеш равам. Баҳои ҳунармандони собиқадори театру синамо ба ҳунари ман пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба маҳорати баланди ҳунармандонест, ки шинохти онҳо маро ба театру синамо овард.
– Аз нақшҳое, ки дар театр бозидаед, кадоме бештар аз ҷониби тамошогарон ҳамовозӣ пайдо кардааст?
– Аксари намоишномаҳои мо аз ҷониби тамошогарон баҳои баланд мегиранд ва бинадагони зиёде, ки меоянд, бо назари некбинона дар мавриди ҳусну қубҳи саҳнаҳои пешниҳодгардида изҳори андеша мекунанд. Баробари чандин намоишномаи диданӣ ман нақши Фирдавсро дар намоиши “Пайраҳаи зиндагӣ” (коргардон Қамариддин Мирзоев) иҷро кардам, ки аз ҷониби тамошогарон хуш қабул гардид. Ҳамчунин, дар намоишномаи “Гирдбод”, ки ба қалами Нур Табаров мансуб аст, баробари устодони ҳунару ҷавонони ҳампеша ҳунарнамоӣ кардам ва он ҳам пазироии хуш ёфт. Фикр мекунам, ки баробари чӣ гуна нақш офаридани мо ҳунармандон мавзӯи намоишнома ва мӯҳтавои сенарияи он хеле муҳим аст. Яъне, кори коргардон ва муаллифи асар метавонад ба муввафақияти ҳунарманд замина гузорад.
– Яке аз нақшҳои таъсирбахши офаридаи Шумо дар филми “Қиёми рӯз” аст, ки маҳбубияти зиёд касб кард. Назари худи Шумо ба ин филм ва нақши офаридаатон чӣ гуна аст?
– Бояд зикр кард, ки мӯҳтавои филми “Қиёми рӯз” мазмунан баланд буда, ҳамзамон коргардонии онро Носир Саидов бар ӯҳда дошт, ки хеле касбӣ кор мебарад. Чун филм мазмунан хеле баландғоя аст, сенарияи хуб, коргардони ҳирфаӣ ва кор бо ҳунармандони беҳтарину касбӣ асос шуд, ки “Қиёми рӯз” олӣ барояд. Шахсан барои ман хеле хушоянд буд, ки бо ҳунармандони касбие чун Шодӣ Солеҳ, Насриддини Нуриддин ва дигарон дар он нақш дошта бошам. Бо ҳамон таҷрибаи андак ман кӯшидам такя ба коргардон ва ҳунармандони касбӣ нақшро хуб бибозам. Бурди ҳайати эҷодӣ буд, ки ин филм дар зиёд озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзидаву ҷойгоҳи намоён касб намояд. Ҳоло меандешам, ки айни замон метавонистам бо сайқали касбу кор нақшро дар “Қиёми рӯз” боз ҳам беҳтар офарам. Хушҳолам, ки маро бо чунин ҳайати эҷодии олӣ ҳамкорӣ насиб гардид.
– Паҳлу ба паҳлуи ҳунармандони пуртаҷриба кор бурдан то куҷо метавонад ба пешрафти ҳунармандони ҷавон нақш гузорад?
– Имрӯз мо зиёд ҳунармандони касбиву собиқадоре дорем, ки ному пайкорашон ифтихори мост. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ки ман ин ҷо қатори зиёд ҳунармандони маҳбуб фаъолият мебарам, номи шахсияти номвари театру синамо Маҳмудҷон Воҳидовро доштанаш худ гувоҳи шинохти ҳунари асил аст. Пайкори ин шахсият, Ато Муҳаммадҷон, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова ва дигар ҳунармандони бомаҳоати олами ҳунар барои мо омӯзанда аст. Нақшҳои Мушаррафа Қосимова, Ҳошим Гадо, Савринисо Сабзаалиева, Марат Орифов, Марям Исоева, Баҳодур Миралибеков, Қиёмиддин Чақал, Шодӣ Солеҳ ва дигар ҳунармандони маҳбуб ҳамеша дилписанд аст ва фаъолияти ҷавонон дар паҳлуи ин ҳунармандони дилписанд ҳунарашонро сайқал медиҳаду пеш мебарад. Ҷавонон бо пешниҳоди мавзӯҳои нав ба нав метавонанд бинандаи театру синаморо ба ин санъати баланд боз ҳам ҷалб созанд ва нагузоранд, ки ҳунари театру синамо коҳиш ёбад. Танҳо ҳунари асил тамошогарро дар толор нигоҳ медорад.
– Шумо то куҷо ба ирода ва қувваи насли ҷавон бовармандед ва чӣ метавонад онҳоро нерӯ бахшад?
– Асосан нерӯ ва иродаи ҳунармандони асил аст, ки ба мо насли ҷавон қувваву тавон мебахшад. Танҳо бовар, эътимод ва умеди онҳо метавонад ба насли ҷавон иродат бахшад, ки тавони амали созгоре доранд ва метавонанд нақши хубу хотирмон офаранд. Танҳову танҳо боварӣ ба худ метавонад моро дар ҷодаи пешгирифтаи хеш комгор гардонад. Бигирем, аз теъдоди зиёди донишомӯзони гурӯҳи мо танҳо ман дар касби хеш устувор дар театр мондам. Боқӣ бошанд, ба роҳҳои дигари зиндагӣ раҳсипор шуданд. Дар замони пургирудор кор дар саҳнаву театру синамо як андоза душвор буд. Ҳоло мебинем, ки бо мурури замон имконот зиёд гашта, вазъ хеле беҳбуд ёфтааст ва ҷавонони зиёд майли театру синамо доранд. Чӣ дар Теари давлатии ҷавонон ва чӣ дар театрҳои дигар зиёд ҷавонони бомаҳорат шомил гардидаанд, ки қатори устодони варзида фаъолияти чашмрас доранд. Меандешам, ки ин ҳолат боз ҳам беҳтар мегардад ва бовар ба ҷавонон онҳоро боз ҳам далеру шуҷоъ мегардонад.
– Чун аз насли ҷавон ҳастед, шояд аз ин лиҳоз мавзӯҳои пайгирифтаатон бештар марбут ба ҳаёти онҳост?
– Ҳам “Пайраҳаи зиндагӣ” ва ҳам дигар намоишномаву филмҳои дар онҳо нақшдоштаам образи ҷавонеро бозгӯ менамоянд. Дар бештари онҳо баробари нишондоди вазъи иҷтимоӣ авзои замон ва рӯзгори ҷавонон инъикос меёбад.
Ҳамакнун бо дарёфти таҷрибаи андак ба навиштани пйесае рӯй овардам, ки ба ҳаёти имрӯзи ҷавонон дахл мекунад. Баробари бурду пешравии ҷавонон ҳастанд иддае аз ноогоҳон, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун гаравида, ҳаёти худ ва наздиконашонро зоеъ мегардонанд. Ин пйеса бардошт аз мушоҳидаҳо ва ҳикмати пандомӯзи зиндагӣ аст барои насли ҷавон.
– Нақши адабиёти бадеиро дар такомули санъати тоҷик ва рушди тафаккури насли ҷавон то куҷо назаррас меҳисобед?
– Ҳар як намоишу филмномае, ки таҳия мегардад, дар асоси осори бадеӣ рӯйи кор меояд. Аз ин хотир, адабиёти мо дар ҳама давру замон муҳиму дархӯри завқ аст. Насли имрӯзи мо дар баробари адабиёти ғание, ки аз классиконамон мерос мондаву пушт ба пуштамон мерасад, имконоти техникиву табиии зиёде дорем, ки бояд ҳифзу истифода намоем. Дар табиати рангини Тоҷикистон мешавад садҳо филм навор гирифту танҳо андешаҳои солим моро пешбар мешавад. Барои ҳамин, ба оянда бо умед нигариста, бояд донишу маҳорати беш андӯхта, самари нек ба даст овард.
Мусоҳиб: Зулолаи НУР