– Ошкорбаёнии Соҳибов: Назорат аз болои муллоҳои замони шӯравӣ сахт буд. Маблағгузоронашон он замон ҳам кам набуданд!
– Полковники тоҷик: аз шаҳрвандии СССР то шаҳрвандии Русия;
– Раиси Шӯрои собиқадорони амният: Дар шодиву андуҳи ҳамкорон шарикем!
– Полковник Соҳибов: Амнияти корхонаҳои саноатиро ман назорат мекардам;
– Замоне полковники амният, ҳоло соҳибкору Директори генералии ҶДММ “Тоҷ-силк”;
– Кӣ аз пешрафту муваффақияти полковник Соҳибов ҳасад мебурд?
– Зеҳну хотираи қавии М. Соҳибов: 10 ҳазор рақами мобилӣ ва 2 ҳазор рақамҳои кориро аз ёд медонад;
– Чаро Муродилло Соҳибовро “Энсиклопедияи тоҷик” мегӯянд?
– Чекисти намозхон!
– Шунавандаи курсҳои Олии Кумитаи бехатарии давлатии Шӯравӣ дар шаҳри Минск ва ҳоҷии Хонаи Худо;
– Истироҳати Соҳибов аз ҳисоби ФСБ-и Русия дар Сочи. Бо кӣ?
– Насиҳати полковник ба ҷавонон: Аз гунҷишк тарсӣ, гандум накор!
– Нигаронии полковники мустаъфӣ аз фаъолияти Вазорати маориф ва илм: Ба барномаҳои таълимӣ бетаваҷҷуҳанд ва серталаб нестанд!
Ин ва дигар далелҳои таърихӣ дар ҳафтаномаи “Фараж” зери гӯшаи “Бидуни сиёсат ва пас аз нафақа”.

– Рафиқ полковник, сабаб чист, ки ихтисоси геологияро касб намудед?
– Дар деҳае умр ба сар мебурдам, ки гирду атрофашро куҳҳои сарбаафлок иҳота намуда, домони пур аз ганҷ доштанд. Дар давраи мактабхонӣ орзу мекардам, то кашшофи ин ҳама ганҷ бошам. Зеро хуб медонистам, ки кошифи ин ҳама неъмати пурганҷ танҳо геолог буда метавонаду бас. Аз ин рӯ, соли 1958 баъд аз хатми мактаби миёна орзуҳо думболагир гардида, маро ба факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) роҳнамун сохтанд. Давоми панҷ соли донишҷӯӣ кӯшиш кардам донишу малакаи худро дар самти пешаи интихобкардаам сайқал дода, нозукиҳои онро аз устодонам омӯзам ва шукри Худо, заҳматҳоям беподош намонданду соли 1964 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудам.
Солҳои аввал вақте кор мекардам, ихтисоси геологӣ барои водии Зарафшон ниҳоят зарур буд.
– Ихтисосатон геолог, аммо корманди бехатарӣ шуда кор кардаед. Иртиботи ин ду мафҳум дар чист?
– Қаъри замини водии зархези Зарафшон аз навъҳои гуногуни маъдан, хусусан металҳои ранга бой буда, он шабу рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ аз ҷониби экспедитсияҳои геологӣ ба таври васеъ домон густурда буд. Пас аз адои хизмати аскарӣ мақомоти амният нисбат ба пешаи интихобкардаи ман таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо назардошти муҳимияти пешбурди корҳои ҷустуҷӯӣ – геологӣ маро сараввал ба ҳайси ваколатдор, баъдан сарваколатдори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Панҷакент таъин намуданд.
– Дар як мусоҳибаатон қайд намуда будед, ки дар амалиёти боздошти 37 кг тилло ширкат варзидаед. Қазияро шарҳ медодед.
– Соли 1972 буд. Ба мо иттилоъ расид, ки як гуруҳ ҷиноятпешагон азм доранд 37 кг тиллоро ғайриқонунӣ ба муомилот бароварда, маблағи аз ҳисоби фурӯш ба даст овардаашонро ба эҳтиёҷоти шахсиашон истифода баранд. «Бори каҷ ба манзил намерасад» гуфтаанд бузургонамон. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои оперативӣ ин гуруҳи ҷинояткорро дар ноҳияи Ургути Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастгир намудем ва нагузоштем ба нияти нопоки худ ноил гарданд.
Шукр мегӯям аз он, ки донишу маҳорати аз устодон омӯхтаам ба ман имкон дод, то дар таъмини амнияти як зумра корхонаҳои саноатӣ, аз нуқтаи назари экологиву тахрибкорӣ, аз ҷумла комбинати маъдантозакунии Анзоб корҳои назаррасеро анҷом дода бошам.
– Барои пешбурди фаъолият дар самти бехатарӣ дониши андӯхтаатон дар факултаи гелогияи ДМТ басанда буд?
– Хизмат дар мақомоти бехатарӣ бас нозук ва дар баробари ин хеле масъулиятталаб аст. Инсон бояд аз дониши андӯхтааш қаноат накарда, пайи такмили он гардад.
Бо тавсияи мақомоти амнияти миллӣ солҳои 1967-1968 шунавандаи курсҳои олии Кумитаи бехатарии давлатии Шӯравӣ дар шаҳри Минскро ба итмом расонидаам. Таҳсил дар ин донишкадаи бонуфуз барои анҷом додани фаъолияти минбаъдаам дар бахши бехатарӣ заминаи воқеӣ гузошт.
– То ҷое дарак дорем, пешравиву муваффақиятҳоятон бархеро ба шигифт меоварду як гуруҳ ба Шумо ҳасад мебурданд…
– Соли 1977 маро сардори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин), ки дар миқёси кишвар яке аз калонтарин ноҳияҳо маҳсуб меёфт, таъин намуданд. Таъмини амният дар ноҳияи мазкур нозукиҳои худро дорад ва аз кас масъулияти зиёдро талаб менамояд.
Зимни дар ин вазифа кор карданам, тавонистам садди роҳи чандин қонунвайронкуниҳо гардида, нақшаҳои матраҳнамудаи гуруҳҳои ҷинояткорро ботил намоям.
Муваффақиятҳои ба даст овардаи ман албатта на ҳамаро хуш меомад. Аз ин рӯ, нисбат ба ман бо чашми ҳасуд менигаристанд, аммо тавре мегӯянд, аз гунҷишк тарсӣ, гандум накор. Ман ба вазифа, Ватан ва халқи азизам содиқ будам ва иродаи мустаҳкаму азми қавиам маро ба вазифаҳои баландтар лоиқ гардонд.
– Чанд муддат сардори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Ҷилликӯл (ҳозира Дӯстӣ) низ будед. Чӣ хотироте доред аз ин ноҳияи наздисарҳадӣ?
– Фаъолият дар навоҳии наздисарҳадӣ ва ҳифзи амният дар он ҷиддиятро талаб мекунад. Зеро охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта аллакай дар ҳудуди вилояти Қӯрғонтеппа гуруҳҳои пинҳонкори ифротӣ амал мекарданд, ки бо ҳар роҳу восита мехостанд хати сарҳади давлатиро рахна сохта, бо ҳаммаслакони худ дар он сӯи марз иртибот ва додугирифт намоянд. Болои ин, артиши Громовро аз хоки Афғонистон бароварданд ва вазъият дар сарҳад вазнин шуд.
Бо дарки муҳимияти ин паҳлуи масъала ва ҷамъоварии маълумоти мукаммали фаврӣ ва таҳлилӣ дар ҳамбастагӣ бо аҳли кормандон сатҳу сифати таъмини чораҳои амниятӣ ва пешгириро хуб ба роҳ монда, тавонистем дар роҳи ҷилавгирӣ аз рӯй додани талошҳои тахрибкориву даҳшатфиканӣ ва ифротгаройии динӣ садди муътамаде гузорем.
– Яъне, дар давраи Шӯравӣ ҳам буданд нафарони ифротӣ, ки ба осудагии халқ халал ворид менамуданд?
– Дар ҳама давру замон ёфт мешаванд ашхос ва ё гуруҳҳое, ки бар зарари ҷомеа кор мекунанд. Масалан, дар даврони Шӯравӣ низ муллоҳо зиёд буданд, аммо назорат, ки аз болои онҳо сахт буд, амалеро иҷро карда наметавонистанд.
Ба мо иттилоъ расид, ки дар Панҷакент муллое дар байни ҷомеа китоб паҳн карда, ташвиқоти нодуруст мебарад. Баъд аз таҳқиқ ва тафтиш ӯро мувофиқи кирдораш ба муддати чаҳор сол ҳабс намуданд.
– Бо тақозои вазифа чандин нафарҳоро паси панҷараи маҳбас равона намудаед. Нафаре аз онҳо қасди ҷонатон накардааст?
– Ҳар коре кардаам, мувофиқи қонун амалӣ гардидааст. Бинобар ин, аз касе ҳарос надорам ва касе ҳам таҳдиди куштор накардааст. Зиндаам ва ана, ба 79 расидам.
– Дар давоми фаъолияти худ дар соҳаи амният шудааст боре, ки аз кори кардаи худ ангушти пушаймонӣ газида бошед?
– На. Коре накардаам, ки оқибат ба пушаймонӣ оварда расонида бошад. Ҳамеша ҳалол кор кардам, ба луқмаи даҳони касе соҳибӣ накардаам ва фарзандонамро низ дар ин росто тарбият намудаам. Аз касби пешакардаам розиям ва агар дубора ба дунё меомадам, боз ҳам чекист мешудам.
– Шуморо чун нафари дорои лаёқати фавқулодда ва зеҳну хотираи қавӣ мешиносанд. Метавонед бигӯед, ки то чанд адад рақамҳои телефон дар хотиратон нақш баста?
– Шукрона, ки синнам аз 79 гузашта, вале хотираам ҳамоно дар ҷояш аст. Ному насаб, ҷойи кор, макони таваллуд, рутба ва наздики 2 ҳазор рақами телефони ҳамкорон ва дӯстонамро аз ёд медонам. Бо касе 1 маротиба корафтода шуда бошам, фаромӯш накардаам.
– Пӯшида нест, ки феълан ҷавонписарон аз хизмати Модар-Ватан сарпечӣ намуда, ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мешаванд ва ё роҳи гурезро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд. Аз нигоҳи Шумо ҳамчун полковники мустаъфӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонписарон шарт аст ё фарз? Оё Шумо худ хизмати Модар-Ватан кардаед?
– Ватан ба мисли модар муқаддас аст ва мо вазифадорем дар ҳимояти он ҳар сонияву дақиқа дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Нагузорем, ки нохалафе қудуми номуборакашро ба марзи Ватани азизамон гузораду бо ғаразҳои нопокаш ба ҳаёти орому осудаи халқамон халал ворид созад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф буда, дар баробари ин қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номус мебошад. Ҳар нафаре, ки аз ин мактаби шуҷоату мардонагӣ сабақ мегирад, дар пастиву баландиҳои зиндагӣ метавонад тобовар бошад. Баъдан, агар худи мо марзу буми аҷдодиамонро аз хавфу хатар эмин нигоҳ надорем, кӣ омада онро муҳофизат мекунад?
Дар даврони Шӯравӣ ҳар як ҷавонмард вазифадор буд, қабл аз ҳама хизмати ҳарбиро ба ҷой оварад ва шукр, ки қисмат бароям насиб гардонд, хизмати низомиро дар шаҳрҳои Марв, Байрамалии Ҷумҳурии Туркманистон ва Чкаловски Тоҷикистон ба сифати харитасоз (топограф)-и ҳарбӣ бо сари баланду рӯи сурх ба итмом расонам.
– Мебинем, ки баъд аз ба нафақа баромадан истироҳатро ихтиёр накардаед, пуркор менамоед…
– Пас аз собиқаи кории сиюшашсолаам дар мақомоти амнияти кишвар, як муддат ба ҳайси сардори Идораи кормандони Комбинати гӯшти шаҳри Душанбе фаъолият намудам. Аз соли 1997 то соли 2006-ум раиси Шӯрои ветеранҳои соҳаи амният будам, ки зиёда аз 2 ҳазор нафарро муттаҳид менамуд. Аз ҳисоби пулҳои дар суратҳисоби бонкӣ ҷамъшаванда, бо маслиҳати 11 нафар аъзои Шӯро ба ҷашну маъракаҳо, тӯю сур ва маросими мотами нафақахӯрон кӯмак менамудем. Ба як ҳисоб, ба шодию нишот ва мотами ҳамкорон шарик будем.
– Феълан чӣ кор мекунед?
– Директори генералии ҶДММ “Тоҷик-силк” ҳастам, ки ба коркард ва хариду фурӯши пилла машғул аст. Ашёи хомро харидорӣ ва дар коргоҳи махсус, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бунёд намудаем, ки иқтидори коркарди он дар як моҳ беш аз 2 тонна мебошад, коркард намуда, ба кишварҳои хориҷ, аз қабили Чин ва Афғонистон ба фурӯш мебарорем.
Ман бе кор буда наметавонам. Одам то зинда ва қобилияти зеҳниву ҷисмонӣ дорад, бояд кор кунад.
– Китобҳои бадеии дар мизи кориатон бударо мебинему суоле ба миён меояд. Магар имрӯз ҳастанд нафроне, ки китоб хонанд? То ҷое мушоҳида мегардад, имрӯз ҳама шикоят аз он доранд, ки ҷавонон ба интернет рӯ овардаву аз китобхонӣ дур шудаанд. Аз нигоҳи Шумо, мутолиаи китоб чӣ аҳамияте дорад?
– Новобаста аз он, ки асри феълиро асри технология ном мебаранд, аммо ҳастанд нафароне, ки ба мутолиаи китоб ҳавас доранд. Масалан худи ман айни замон китоби Владимир Карпов – “Генералисимус”-ро мутолиа дорам.
Барои он, ки майлу рағбати ҷавонон ба китобу китобхонӣ зиёд гардад, мо волидайн бояд дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илм кор кунем. Шавқу рағбати онҳоро нисбати китобхонӣ бедор намоем. Масалан, солҳое, ки мо дар мактаби миёна мехондем, устодон моро вазифадор мекарданд, ки китоби бадеӣ хондаву дар дарсҳои алоҳида мазмуни онро дар назди тахтаи синф баромада, нақл кунем. Ҳоло чӣ? Кадом муаллим бо истодагарӣ аз хонананда талаб менамояд, ки китоб хонаду назди ҳамсинфонаш мазмуни онро ҳикоят намояд? Дар ин маврид Вазорати маориф ва илм бояд дастур диҳад. Барномаҳои таълимӣ бояд содда ва аз нав коркард карда шаванд. Ва ҳадди ақал талаба донад, ки Фирдавсиву Саъдӣ кистанду Носири Хисраву Бедилу Рӯдакӣ ва Лоиқ кистанд?
Масалан, ба хотири дидани ватани А. И. Сино ман ба Бухоро рафтам ва суроғ ба суроғ деҳаи Афшонаи ноҳияи Рометанро, ки зодгоҳи ӯст, ёфтам. Зеро ба мутолиаи китоб шавқ дораму ба ин бузургони сухан эътиқод.
– Дар вазифаҳои баландмақом кору фаъолият кардаед. Шояд давоми ин қадар солҳо маблағи зиёд ҷамъ ва пасандоз намуда бошед? Чун бо бархе аз нафақагирон барои мусоҳиба тамос мегирем, ё дар фурудгоҳи Париж ҳастанду ё дар Берлин истироҳат ва ё азми сафар ба Аврупо доранд ба ким-кадом минтақаи истироҳатии хориҷ аз кишвар, мисли Қриму лаби Дон. Хуллас, нафақагирон ҳеҷ вақти холигӣ надоранд. Дар баробари шунидани он ба худ суол медиҳем, ки ин қадар пул аз куҷо бошад?
– Агар аз қафои пул мерафтам, феълан миллиардер мешудам. Бо он маоше, ки мувофиқи қонун бароям ҷудо шуда буд, қаноат ва фарзандонамро бо нони ҳалол тарбия кардаам.
Шукри Худо, 6 фарзанду 25 набера ва 3 абера дорам. Фарзандонам маълумоти олӣ дошта, ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла як писарам дар шаҳри Дубай ба соҳибкорӣ машғул аст, дигаре корманди ширкати мобилии “Вавилон”, сеюми дар ҶСК “Соҳибкорбонк” ва духтаронам муаллима ва менеҷер шуда кор мекунанд. Наберагонам бо дониши худ дар донишгоҳҳои бонуфузи шаҳри Маскав таҳсили илм доранд.
– Бархе аз мансабдорон зимни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк намуда буданд. Шумо ҳам ба ягон ҷо гурехта будед?
– На. Лаҳзае Тоҷикистонро тарк накардаам. Ва дар хаёлам ҳам фикри тарки Ватан набуд.
– Пас аз баромадан ба нафақа дигар нахостед ба кори давлатӣ баргардед, ё пешниҳоди кор нашуд?
– Пас аз фаъолияти пурсамар бо сари баланд ба нафақа баромадам ва дигар нахостам кор кунам. Кореро, ки мо дар давраи Шӯравӣ ба анҷом мерасонидем, ҳоло ин хел корҳо нест. Масалан, барои боздошти қочоқчиён, ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур карда, ба савдои маводи нашъаовар машғул буданду бар ивази фурӯши он аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон маводи ғизоӣ мебурданд, лозим меомад соатҳои дароз дар даруни қамишзор бишинем.
Лаҳзае аз хотирам намеравад. Соли 1987 буд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатии боздошти ҷиноятпешагон задухӯрде ба амал омад ва сардори қисми сарҳадбононро парронда, дасташро захмӣ намуданд…
Ва ё ҳодисаи дигаре, ки маро ба шигифт андохта буд, зимни боздиди як гуруҳи кории 16-нафара таҳти сарварии Котиби Кумитаи Марказӣ Эргашев Султон Бобоевич ва Зубрев Генадий Василевич аз корхонаи коркарди симоби Қавноқ, вертолёт дар дараи Моғиён ба садама дучор гардида, 159 метр дар замин тоб хӯрда, бо сабаҳои техникӣ дар 60 метр ними вертолёт ҷудо шуд, ки дар натиҷа 9 кас ба ҳалокат расида, 7 кас зинда монданд. Дидани ин манзараи ҳузнангез як даҳшат буд…
– Солҳои зиёд дар мақомоти бехатарӣ фаъолият доштед. Баъд аз баромадан ба нафақа Шуморо ҳамчун корманди собиқадор аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ суроғ мекунанд?
– Бале. Саймуъмин Ятимов – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам роҳбари хуб асту ҳам шахси оқил ва дар арафаи иду ҷашнҳо мо собиқадоронро даъват намуда, меҳнатамонро ҳамеша қадр менамояд.
– Замони “чекист” буданатон намоз мехондед?
– Ростӣ не. Аммо феълан панҷ вақт намозамро тарк накарда мехонам. Соли 2004-ум бо ризоияти холиқи давр ба зиёрати хонаи Худо шарафманд гардидам, ки шукрона мекунам. Ҳамсарам се маротиба ҳоҷӣ шудааст.
– Чекистон ба корашон бисёр содиқ мемонанд. Мехостам бифаҳмам, ки ба ҳамсаронашон чӣ?
– Дар давраи ҷавонӣ борҳо думболи орзуҳо рафтаам, аммо чи тавре, ки ҳамсари худро дӯст медоштам, каси дигарро мисли ӯ дӯст надоштаам. Ва коре ҳам накардаам, ки аз ман хафа шуда бошад. Зеро дар тарбияи шаш нафар фарзандонамон нақши ӯ бештар аст. Зеро ман ҳамеша пайи кор будаму ӯ дар хона ба тарбия ва нигоҳубини фарзандон банд. Туфайли тарбияи неки додааш, шукрона, ки фарзандонамон бомаърифат ба камол расиданду имрӯз ҳар кадоме роҳи худро дар зиндагӣ ёфтаанд.
– Шаҳрвандии дигар давлатро ҳам доред ба назарамон?
– Бо собиқаи 36-солаи корӣ, ки он ҳам дар даврони Шӯравӣ рост омада буд, соли 2007-ум шаҳрванди Русия шудам. Ҳамсарам низ шаҳрвандии Русияро дорад ва феълан нафақаи ҳардуи мо аз ҳисоби ин кишвар аст.
– Дар кадом минтақаҳои фароғатӣ истироҳат карданро дӯст медоред?
– Соле як маротиба аз ҳисоби ФСБ-и Русия барои истироҳату табобат ба шаҳрҳои Москва ва Сочи меравам. Барои мо собиқадорон он ҷо шароити хуби табобату истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Мусоҳибон:
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА,
Шоҳонаи АҲМАДШОҲ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь