Мусоҳибаи озод бо омӯзгори фанни педиатрияи МДТ “Коллеҷи тиббӣ”- и шаҳри Панҷакент доктор Баҳриддин Қамаров.

– Устод, дар оғози суҳбат мегуфтед, ки бо кадом сабабҳо дар ҷисми инсон кирм пайдо мешавад?

Миллионҳо одамони рӯи замин дар ҷисмашон кирмҳои гуногун доранд. Одатан, онҳо ба ҷисми инсон ба воситаи дастони чиркин, об ва хӯроки бо тухми кирми сироятшуда ворид мегарданд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 20 намуди кирмҳо паҳн гаштаанд, вале 10 намуди онҳо ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Мавҷуд будани ин кирмҳо дар ҷисми инсон сабабгори пайдошавии бисёр касалиҳо мегардад.

Кӯдакон назар ба калонсолон аз кирмҳо бисёртар сироят меёбанд. Муҳим ин аст, ки ин гуна кӯдакон аз ҳоҷатхонаҳои ба талабот ҷавобгӯ дуруст истифода баранд ва ё фазлаи онҳо дар зери хок ба чуқурии муайян пӯшонида шаванд. Шарт ва зарур аст, ки баъди қазои ҳоҷат ҳатман дастонашонро бо собун бишӯянд.

Кирмҳо ба кадом намудҳо ҷудо мешаванд?

– Намудҳои гуногуни кирмҳо вуҷуд доранд, аз қабили кирмҳои дароз ва кӯтоҳ. Баъзеи онҳоро ҳатто бо чашми оддӣ дида намешавад. Кирмҳои хурде, ки диданашаванда ҳастанд, аз баъзе кирмҳои дароз дида хатарноктаранд.

Ҳар як шахс бояд донад, ки сироятшавӣ бо кирм хеле ҷиддӣ буда, метавонад инсонро гирифтори бемориҳои гуногун гардонад.

Дар аксар маврид одамон бинобар ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардан аз кирм сироят меёбанд.

– Чӣ гуна инкишофи паҳншавии кирмҳоро дар байни оилаҳо пешгирӣ кардан мумкин аст?

– Шахсони беҳаракат, беқувват ва гирифторони дарди шикам эҳтимолан кирми рӯда доранд. Тозагии муҳити атроф ва риояи гигиенаи шахсӣ роҳи асосии пешгирии сироятёбӣ аз кирмҳо маҳсуб меёбад.

– Аскаридоз ба кадом гурӯҳи кирмҳо дохил мешавад ва дарозиаш чанд см-ро ташкил медиҳад?

– Аскаридоз ба гурӯҳи кирми дойрашакл дохил шуда, рангаш сафед мебошад. Дарозии аскаридоз аз 15 то 40 см-ро дар бар мегирад.

Дар кадом ҷойи бадани инсон аскаридоз худро ҷойгир мекунад?

– Тухми он метавонад ба воситаи рӯдаи борик ва рагҳои хунгард, ҷигар, дил ва шуш ҷойгир шавад.

Чанд вақт аскаридоз дар ҷисми инсон инкишоф меёбад?

– Муҳлати инкишофёбияш аз вақти ба даҳон воридшавияш оғоз ёфта, то ба 65 – 75 рӯз авҷ мегирад.

Чӣ тавр тухми аскаридоз аз организми инсон берун мешавад?

– Тухми аскаридоз ба воситаи фазлаи инсон берун меравад.

Манбаи сироятёбии аскаридоз чист?

– Манбаи сироятёбии аскаридоз – истифодабарии меваю сабзавот ва кабудиҳои ношуста мебошад.

Нишонаҳои сироятёбии аскаридоз кадомҳоянд?

– Хасташавӣ, дарди сар, дард ва дамиши шикам, нооромии хоб, дилбеҳузуршавӣ, харобшавӣ ва камхунӣ мебошад.

– Энтеробиоз кадом намуди кирм мебошад?

– Он кирми сафедча буда, аз як одам ба одами дигар мегузарад. Вайро кирми мӯяккирмча низ меноманд, ки дарозияш 0,5 – 1 см мебошад.

Кирми мӯяккирмча чӣ тавр аз як шахс ба шахси дигар мегузарад?

– Он аз тариқи либосҳои такпӯш ва истифодаи ҷойи хоб мегузарад.

Кирми мӯяккирмча дар куҷои ҷисми одам ва чӣ қадар тухмчаҳо мегузорад?

– Дар як шабонарӯз он дар атрофи мақъад то 12000 тухмча мегузорад.

Нишонаҳои онҳо кадомҳоянд?

– Хориш дар мақъад, дарунравӣ, кундшавии зеҳн, сахтшавии фазла, дарди сар. Одам хароб мешавад, ғиҷирросзании дандонҳо ва дар зери пӯст доғҳо пайдо мешавад, дарди шикам ва баъзан беҳушшавӣ мушоҳида карда мешавад.

Роҳҳои пешгирии ин бемориҳо кадомҳоянд?

– Риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тозагии шустани дастон бо собун пеш аз хӯрокхӯрӣ, кӯтоҳ намудани нохунҳо 2 маротиба дар як ҳафта, ҳаррӯза иваз намудани либосҳои такпӯш ва доимо аз ду тараф дарзмол намудани он, дар хона наафшондани рӯйкаш (простин)-ҳои зери ҷойи хоб, ҳоҷатхона ва дастаҳои дарро бо маҳлули махсус тоза кардан.

Кирмҳо чӣ гуна ба организми инсон ворид мешаванд?

– Одатан кирмҳо ба воситаи дастони чиркин, оби ифлос, риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва истеъмол намудани сабзавоти ношуста, хӯроки хом ба ҷисми инсон ворид мешаванд.

Роҳҳои пешгирии касалиҳои кирми рӯда ва меъда кадомҳоянд?

– Бояд нохунҳои даст доим кӯтоҳ кардагӣ бошанд, пас аз қазои ҳоҷат, пеш аз хӯрокхурӣ, пас аз бозӣ, кор бо ҳайвонот ва корҳои саҳроӣ ҳатман дастонро бо собун шустан лозим аст.

Доимо оби ҷӯшонидашуда ва хӯроки пухтаро истеъмол намуда, инчунин либосҳои зер ва берун доимо дарзмол кардагӣ бошанд.

– Пешгирии бемориҳои кирми рӯда дар байни кӯдакон чӣ гуна аст?

Ба кӯдак ёд додани қоидаҳои санитарии гигиенӣ (ҳаррӯза шустушӯ кардан, дастонро пас аз қазои ҳоҷат ва баъди аз кӯча омадан бо собун шустан).

Ҳаматарафа кӯшиш намоед, ки одати дастро ба даҳон задан, бо даҳон молидан, нохунҳоро хоидан, бозичаҳоро ба даҳон задани кӯдаконро тағйир диҳед. Харакат намоед, ки алоқаи кӯдакон ва наздикшавии либосҳои онҳоро ба ҳайвоноти хонагӣ роҳ надиҳед.

Нигоҳ кунед, ки кӯдакон дар кӯча ба ашёи ифлосшуда даст назананд, бо ҳайвоноти кӯчагӣ бозӣ накунанд.

Ба кӯдакон ва калонсолон иҷозат надиҳед, ки дар кӯча хӯрокҳои шабмондаро истеъмол кунанд.

Ба кӯдакон мева ва сабзавоти ношустаро надиҳед, гӯшт, моҳиҳои коркардношуда, обҳои чиркини софношударо аз манбаъҳои кушода истифода набаранд.

Дар ҳолати сироят шудан ба касалиҳои кирми рӯда аҳли оила бояд табобат гиранд, ки такроран сироят наёбанд.

Оиди сироят, пешгирии сироятшавӣ аз бемории кирми рӯда тамоми аҳли оила бояд маълумот дошта бошад.

Мусоҳиб:

Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь