Чанде пеш китоби «Привал в шатре Хайёма» ба дастам расид, ки тарҷумаи шеърҳои Умари Хайём ба забони русист. Мутарҷими он Илҳом Юнусов писари шоира Баҳриннисо аст. Илҳом ҳарчанд шоҳмотбози маъруф аст, бо дунёи шеър аз хурдӣ ошноӣ дорад. Ҳамин китоб сабаб шуд, ки бо шоира Баҳриннисо баҳонаи суҳбат пайдо шавад, ки мухтасари онро ин ҷо меорем. Суоли аввали мо аз шеъру шоирӣ буд.

– Ҷомеаи мо имрӯз ба шеър ниёз дорад?

– Ҷомеаи мо имрӯз бештар аз пештар ба шеър ниёз дорад. Шеър зиндагист. Ҳамин зиндагии китобие, ки аз шеър дорем, моро тарбия мекунад. Шеър инсонро тарбия мекунад, шеър инсонро донишманд мекунад, шеър инсонро зебо мекунад. Шеър нигоҳи инсонро ба зиндагӣ дигар мекунад.

Шахсе, ки китоб мехонаду вориди дунёи шеър аст, дигар дунё надорад. Аслан дарки дунёи дигар низ барояш осонтар аст.

Агар як шеърро азёд кунӣ, ин қадар маънӣ меёбӣ. Агар шеъри ишқӣ бихонӣ, ошиқ мешавӣ, мефаҳмӣ, ки ишқ чист. Шеъре аз боби ватан мутоила кунӣ, мефаҳмӣ, ки бояд ватанро дуст дошт, ба қадри ватан бояд расид. Кӯчаҳояшро тоза бояд нигоҳ дошт, дарахташро бояд сабзонд. Нафароне, ки дар ин ватан ҳастанд, эҳтиром бояд кард, дӯст бояд дошт. Дар пайравии беҳтарин афроди ватан бояд буд.

Ба воситаи шеър мардумро тарбия карда метавонем. Бубинед, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” чӣ қадар одамонро китобхон кард. Бе маҳдудияти синусолӣ ширкат намуданд мардум. Инҳо вақте шеър хонданд, дунёяшон бой шуд. Шеър ҳама вақт даркор буд. «Шоҳнома»-ро бинед. Ҷангро ба воситаи шеър карданд. Аз рӯи достонҳои “Шоҳнома” намоишномаҳо дар театру синамо гузоштанд. Ин шеър аст, ки андешаро қавӣ мегардонад.

Ғарб аз ҷиҳати техникаву сармоя пеш рафт, аз ҷиҳати маънавият ва рӯҳия ба насиҳат ниёз дорад, ба шеър ниёз дорад, ба наср ниёз дорад.

– Барои кӣ шеър менависед? Хонандаи шумо кист?

– Вақте шоир шеър менависад, намедонад онро кӣ мехонад. Агар шеъри шоирро хонанд, ин муваффақияти ӯст. Нафароне ҳастанд, ки шеъри маро мехонанд, азёд медонанд, оҳанг мебанданд. Шеъри иҷтимоӣ ҳам дорам, зеро зиндагӣ бе проблема нест. Бисёриҳо дар бораи ватан шеър гуфтанду ватанро забонзада карданд. Шеъри ватан тарзе бояд гуфта шавад, ки онро хонда дучанд ватанро дуст дорӣ. Одам агар ватаншаро дӯст дошта натавонад, шеър гуфта наметавонад.

– Шумо дар баробари шеър гуфтан ба пухтупазу рӯбучин хона ҳам машғул мешавед? 

– Фурӯғи Фаррухзод, ки дар шеър инқилоб кард, гуфтааст, ки вақте баъди хайётӣ (дӯзандагӣ) сари миз менишинам, хеле хуб шеър менависам. Ҳамеша ин гапи Фурӯғ ба ёдам меояд. Вақте ҳамеша шеър менависӣ, хаста мешавӣ. Чун ба корҳои хона андармон мешавӣ, илҳом мегирӣ. Аз як машғулият ба машғулияти дигар гузаштан майнаи сарро такон медиҳад.

– Дар мавзӯи ишқ бисёр шеър гуфтед. Ишқ аз нигоҳатон чист?

– Ишқ инсон будан аст. Ишқ зебоиро дидан ва дӯст доштан аст. Агар одам ошиқ шавад, дар вуҷудаш дигаргуниҳо рӯх медиҳад. Ҳамин фитрати азалӣ, ки дар вуҷуди инсон нуҳуфтааст, рӯх мезанад. Баъзеҳо сурат мекашанд, баъзеҳо шеър мегӯянд, баъзеҳо суруд мехонанд. Ин сеҳри ошиқ шудан аст. Яъне аз худ бештар дӯст доштани касе ва барои ӯ ҷонро қурбон кардан аст.   Ин як лаҳза ҳам бошад, зиндагист.

Ман ҳам бар онам, ки Хайём гуфтааст:

Ишқ зиндагист, ки зиндагӣ месозад.

Ишқ нафасест, ки мурдаро зинда месозад, ишқ қувваест, ки ба анҷоми ҳама ҳаводиси рӯзгор хоҳад расид. Ишқ зиндагиест, ки афсонаи ширини будану хуш зистан, зиндаги карданро, дӯст доштанро ба гӯши одамият бо созу навои дилкашу дилрабо месарояд. Ишқ он нест, ки валвалаю ҳангомасароӣ, сафсатагӯиву ҳарзагуӣ намоӣ. Ишқ он нест, ки шикояте аз ёре барӣ. Ишқ он нест, ки ёрро гунаҳгор созӣ. Ба хотири касеро дӯст доштан аз инсоне, ки дӯсташ медорӣ, чашми тамаъ бастан гуноҳест азим.

Мехоҳам, ки ишқ инсонҳоро тарбият намояд. Вале ҳастанд инсонҳое, ки ба ишқи инсонӣ бовар надоранд, касеро дӯст намедоранд, яъне дар зиндагӣ барои ҷонашонро супоридан омода нестанд.

Ишқ аз нигоҳи ман эҳё шудан аст. Ба шакли тоза соф, мубарро зебоиро дидан ва дӯст доштан аст. Ишқ инсон будан аст. Бо талоши хислатҳои неку ва худро дар шакли тозаву тар нигоҳ дошатн аст.

Бузурге фармуда: Дӯст доштан ранҷи бузург аст ва фориғ шудан аз ин ранҷ бадбахтист.

Ва ин ҳама масъулияти бузургест дӯст доштан, азизи касе будан, ба касе азиз гардидан.

Ишқ доғест, ки то марг наояд, наравад,

Ҳар кӣ бар чеҳра аз ин доғ нишоне дорад.

Дар ҷои дигаре Ҳофизи бузург  мегӯяд:

Аз садои сухани Ишқ надидам хуштар,

Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонад.

Ҳар касеро натавон гуфт, ки соҳибназар аст,

Ишқбозӣ дигару нафспарастӣ дигар аст.

– Шеъри “Лаҳза” чӣ гуна тавлид шуд?

– Пас аз дидани филми Муҳсини Махмалбоф коргардони эронӣ пайдо шуд. Ин филм роҷеъ ба муаллими рақс, аст, ки ҳар лаҳза, ки бо ишқаш вомехӯрд, он лаҳзаҳоро бо вақтченкунак (секундомер) ба ҳисоб мегирад. Ва дар рӯзи мавлудаш, ки ба сини 40 расида буд, ишқашро даъват кард ва чунин гуфт: Имрӯз ман 40 сол дорам, вале чиҳил сол зиндагӣ накардам. Дар он лаҳзаҳое зиндагӣ кардам, ки бо ту будам. Ҳамон лаҳза ман зинда будам ва зиндагӣ кардам. Яъне лаҳзаҳое, ки  бо ишқ будам. Ва ма инро шеър кардам.

– Ман сурудхонии Шуморо шунидам. Шашмақомро бисёр олӣ месароед. Шавқатон ба мусиқӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

– Мусиқӣ дар ҳама ҳолатҳо дастгири инсон аст. Ҳатто дар маҳкамаҳо вақте, ки ҳукм мебароранд, барои гуноҳи якеро  тасдиқ кардан, пеш аз хондани ҳукм ба ин ё он айбдоршаванда дар хонаи алоҳида мусиқӣ гуш мекарданд. Шеър гӯш мекарданд. Зеро мусиқӣ, шеър ва сухани хуб дили сахти инсонро мулоим мекунад. Яъне ҳама корро дил мекунад. Барои ин дилро нигоҳ доштан бештар шеъру мусиқӣ мебояд гуш кард. Мусиқӣ ҳам мегирёнад.

Аз ин рӯ, бештар радио гӯш мекунаму мусиқӣ. Барномаҳои радиои Тоҷикистон, Озодазодагон, Хуршеди Шарқ ва барномаҳои фарҳангиро ҳамеша гӯш мекунам.

Истиқлолият ба эҷодкор чӣ дод?

– Пеш аз ҳама истиқлолияти фикрӣ дод. Дар тамоми мавзуҳои зиндагӣ метавонем нависем. Солҳои пеш аз истиқлолият буд, шеъре навиштам бо номи “Дуо”.

Дуо кун, то ки борон борад аз нав,

Дуо кун сабза рӯяд қад-қади роҳ.

Дуо кун байни гул танҳо нишинем,

Касе морову мо касеро набинем.

Барои нашр ба редаксия бурдам. Гуфтанд, ки ба ҷои “дуо” чизи дигар гӯед, намешавад?

– Назаратон ба китоб чӣ гуна аст?

– Дар як суҳбат пешниҳод карда будам, ки китобҳои шоирону нависандагони классикиамонро такроран чоп кунанд, зеро ин китобҳо аз даст ба даст гашта, пора-пора гашта буданд. Ана, имрӯз дар замони истиқлол ин қадар асарҳои шоирону нависандагон бознашр шуданд. Аз қабили “Ахтарони адаб”.  Нашриёти “Адиб” ва нашриётҳои хусусӣ китобҳои бузургонро нашр карда, ба дасти хонанда расонданд. Бардошт аз ин асарҳо аз ҳар шахс завқу шавқи махсуси талаб мекунад, вале ин китобҳо барои ҷавонони имрӯзи чӣ аҳамияти бузург дорад.

– Ҳадафи адабиёт чист?

– Мақсади адабиёт тарбияи инсон аст. Шеър дар зиндагӣ ба ҷуз аз инсонро инсон гардондан дигар даъвое надорад. Пас ҳар шеъре, ки гуфта мешавад, барои ҳарчӣ бештар шинохтани зиндагӣ, барои зебоипарастӣ, барои қадру манзалати якдигарро донистан ва пос доштан гуфта мешавад. Агар чанд шеъраке гуфта бошам, даъвои шоирӣ надорам. Агар аз дурдонаҳои шеъри классикӣ баҳра намебардоштам, зиндагиям ҳеҷ буд. Маро дар зиндагӣ чуноне, ки ҳастам, шеър нигоҳ дошт. Яъне маро дар зиндагӣ шеър ҳамчуноне, ки мехостам, нигоҳ дошт. Маҳбубият ба шеър, дилбастагӣ ба сухани воло, шунидани мусиқии дилнишин маро ҳар лаҳза ба зиндагӣ ба ин макон, ба ин табиат, ба ин одамон ошиқ мегардонад.

Хирадманде фармуда, ки шоиру ҳунарманд аз ҳар кас бо доштани озодӣ шоистатаранд. Воқеан ба як инсони эҷодкор доштани озодӣ кифоя аст, ки дунёро бо чашми дил бубинад, ҷаҳонро он тавр бинад, ки орзу дорад ва барои мо ин гуна дидан ва зистанро пешниҳод намояд. Агар ҳамин тавр бошад, зиндагӣ чӣ қадар зебо мегардад. Ба ҳазор ранг менамояд, ҷаҳон хурраму барно мемонад. Охир чӣ хел мешавад, ки чунин ватанро дӯст надорем? Ишқ ба ин ватан, ба ин марзу бум, ба ин хоку ин ҳаво меросист. То мо ин ватанро дӯст доштанд, обод карданд. Мо низ ватанамонро дӯст медорем, бо ишқи ватан зиндагӣ мекунем. Ҳар куҷое бошем, меҳри ин макони зебо дар мғзамон аст.

– Шуморо доимо дар театр мебинем. Кадом қувва шуморо сӯи театр мекашад ва чанд сол аст, ки ба театр меравед?

– Ба театр барои андеша кардан меравам. Зиёда аз 50 сол аст, ки ба театр меравам.  Вақте андешаам кунд мешавад , ба кушодану гиреҳи сарбастае зӯраш намерасад, вақте ки зиндагӣ бароям мушкилиҳои зиёд пеш меорад ва барои ҳаллу фасли он танҳоӣ мекашам, вақте ки зиндагӣ кардан мехоҳам ба театр меравам ва оғоз мешавад муколамаи ману нақшҳои саҳна, ҳунарҳое ба дилам роҳ меёбанд, ҳаракатҳое вуҷудамро навозиш мекунад, мебинам бо чашми дил, ки саҳнаи зиндагӣ басо шабеҳи зиндагии воқеии ман аст. Ва ин монандиро мехоҳам бо худ дошта бошад, бароям нусхабардорӣ бикунам дар андешаям  ва ҳангоме ки боз ба саҳни хонаам ворид мешавам, даруни ин саҳна онро нигоҳ медорам. Ҳамчуноне, ки “Эдип”- и Софоклро зиёда аз 10 маротиб тамошо карда бошам, ҳамон андоза асарҳои нависандаи дӯстдоштаам Содиқ Ҳидоятро хондаам ва ҳар рӯз бо қаҳрамонҳои “Буфи кӯр” дар сӯҳбатам. Зиндагӣ ва эҷодиёти Содиқи Ҳидоят – нависандаи   зеҳнгаро дар рӯҳи ман, дар зеҳни ман хуб нақш бастааст. “Буфи кӯр”- ашро ҳар ҳафта мехонам ва ҳар дафъаи мутолиа чизи наве кашф мекунам. Вақте дар ойинаи хонаам худамро дида наметавонам. Вақте дар зиндагӣ дар мемонам ба чизе, намедонам ба кадом тараф равам. Вақте ойинаи хонаам камбудиҳоямро нишон намедиҳад, аз ман пинҳон мекунад, театр бароям чун оинаи дарунбинест, ки метавонам хешро бубинам.

Суҳбати Раҳима АЪЗАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь