Саидамадзода Муҳайё – донишҷӯйи курси 2-юми ДМТ аз хурдсолӣ ба тенниси рӯимизӣ машғул шудааст. Зимни як суҳбати самимӣ мо бо дастовардҳои ин донишҷӯдухтар дар риштаи тенниси рӯимизӣ ошно гардидем. Суҳбати мо дар айвони барҳавои факултет хеле гарм буд.
– Ба фикри Шумо, байни рӯзноманигор ва варзишгар чӣ умумияти хосае мавҷуд аст?
– Аз нигоҳи аввал чунин менамояд, ки варзишгар ва рӯзноманигор тамоман ба ҳамдигар наздикӣ надоранд. Вале дар назари ман ҳарду умумиятҳои зиёд доранд. Дар варзиш, махсусан теннис варзишгар бояд пеш аз ҳама ҷасорат дошта бошад. Ӯро зарур аст, ки бо зиракӣ ва чолокии худ диққати дигаронро ба худ ҷалб карда тавонад.
Рӯзноманигор низ ин хусусиятҳоро дар худ таҷассум карданаш хеле муҳим аст, чун фаъолияти ӯ низ дар байни халқ аст.
– Чӣ сабаб шуд, ки маҳз ба ҳамин навъи варзиш меҳр бастед?
– ВМКБ минтақаи куҳсор аст. Он ҷо кам аст ҷойҳое, ки майдончаҳои варзишӣ бунёд кунанд, вале ҳаводорони варзиш хеле зиёданд. Вақте дар синфи 3 мехондам, муаллими тарбияи ҷисмонии мактабамон барои мактаббачагон машғулиятҳои иловагӣ аз намуди тенниси рӯимизиро дар яке аз синфхонаҳои мактаб ташкил кард. Аз рӯзҳои аввал бо шавқу ҳавас иштирок мекардам. Муаллимамон варзишгари таҷрибанок буд. Ӯ ба мо бо меҳрубонӣ ҳамаи нозукиҳои теннисро меомӯзонд.
– Оё тамрингоҳи шумо ба талаботи замон ҷавобгӯ буд?
– Не албатта. Мо дар як синфхонаи танг машқ мекардем. Ҳатто ракеткаи хуб ҳам надоштем.
– Дар ВМКБ ҳастанд толорҳои варзишие, ки шароити хуби тамринро доро бошанд?
– Дар маркази ноҳия, маркази вилоят ҳастанд толорҳои барҳавои замонавӣ. Аммо дар деҳаҳо маҷбурем барои худ кам бошад ҳам, шароит созем.
– Аввалин медали худро кай ба даст овардед ва то ба имрӯз соҳиби чанд медал гаштаед?
– Аввалин маротиба дар мусобиқаи вилоятӣ иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гаштам. Он вақт дар синфи 7 мехондам. То имрӯз соҳиби 10 медал аз мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ гаштаам. Дар бисёр мусобиқаҳое, ки иштирок кардаам, сазовори ҷойи дуюм шудаам. Чорто медали ҷойи аввал дорам. Як медали ҷойи сеюм дорам, ки аз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе соли 2017 ба даст овардаам. Ин аввалин дастоварди теннисбозони ВМКБ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ буд.
– Барои чӣ бештар ҷойи дуюмро ишғол кардед? Магар аз ҷойи аввал шудан меҳаросед?
– Не, гап дар сари ҳарос нест. Фикр мекунам таҷрибаи ками ман ба ин сабаб мешуд. Ба ҳар ҳол, кӯшишҳоям беҳуда намерафтанд.
– Волидонатон чӣ гуна назар мекарданд аз он, ки дил ба варзиш додед? Онҳо ба интихоби Шумо зиддият нишон намедоданд?
– Не, баръакс, онҳо маро бисёр дастгирӣ мекарданд. Бештари мусобиқаҳое, ки ман иштирок кардаам, ҳавасмандкунонии пулӣ надоштанд. Ба волидонам бошад, ин чиз муҳим набуд. Ҳама хароҷотамро пардохт мекарданд. Падарам мегуфт, ки муҳим иштирок аст. Вақте ба хона бо медал бармегаштам, ҳисси фараҳбахш фазои хонаро фаро мегирифт.
– Бо ин ҳама муваффақиятҳо дар риштаи варзиш чаро боз ба соҳаи журналистика қадам ниҳодед?
– Ман теннисро ҳамчун машғулияти дуюмдараҷа меҳисобам. Чун аз даврони мактабхонӣ орзуи журналист шуданро доштам. Аз шабакаҳои Россия барномаҳои машҳурро тамошо мекардам. Ин шавқи маро нисбати ин касб боз ҳам зиёдтар мекард.
– Яъне, агар дар назди Шумо шарт мегузоштанд, ки ё теннис ё журналистика, журналистикаро интихоб мекардед? Ҳамин тавр?
– Албатта, ман журналистикаро интихоб мекунам. Чун агар теннисро асоси мақсади хеш қарор медодам, наметавонистам журналист шавам. Вале ҳоло метавонам бо теннис низ дар вақтҳои холигиям машғул шавам.
Мусоҳиб: Шодмон КЕНҶАЕВ