3-юми май дар саросари ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии озодии баён» ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон дар ҳоле пешвоз ва ҷашн гирифтанд, ки ҳафтае пеш муноқишаҳои марзӣ байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сурат гирифта, дар байн зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ гашта, 20 нафар ҷон бохтанд ва харобаҳои зиёдеро дар пай гузошт, ки мақомотҳои давлатии ду кишвар ва ҷаҳониро ба нигаронии шадид овард. Дар ин ҳоли хатарзо нақши рӯзноманигорон хеле барҷаста буд ва дар инъикоси вазъ тамоми кӯшиши худро сарф намуданд. Перомуни инъикоси ҳодисоти ахир ва вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бо журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, раҳбари Асатсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев сӯҳбати кӯтоҳе доштем.

 Чун дар рӯзи озодии баён ва дар ҳоли бароварда гардонидани вазъи ба амаломада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорем, мегуфтед, ВАОи Тоҷикистон чӣ қадр тавонист вазъ дар сарҳадро инъикос намояд?

– Мутаассифона, дар инъикоси масоили марзӣ, ба хусус дар рӯзҳои охири муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ВАО-и кишвар натавонист вазъро рӯшан инъикос намояд. Он чанд расонае, ки дар ин рӯзҳо даст ба кор буданд, саривақтӣ амал карда натавонистанд ва ба умеди сарчашмаҳои расмии иттилоот буданд, ки танҳо як баёния аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пахш гардиду халос. Дигар ягон баёния ё иттилоияе, ки дар бораи вазъ дар сарҳад, қурбониён ва ҷабрдидагон хабар дода бошад, бо таассуф, нашр нашуд.

Бо ин ҳам дар рӯзҳои аввал расонаҳои хусусиву байналмиллалӣ, аз ҷумла, «Азия-Плюс» ва Радиои «Озодӣ» кӯшиш ба харҷ доданд, то вазъ дар марзро бетарафона ва ҳақбинона инъикос намоянд ва имрӯз зиёда аз 10 хабарнигорони расонаҳои ҳам хусусиву ҳам байналмиллалӣ дар макони муноқишаҳо қарор доранду аз иттилоот нав то ҷои тавон саривақт мардуми кишвар ва берун аз онро огаҳ мекунанд. Аммо, бо таассуф зикр мекунам, ки дар ин миён ягон нафар журналист, на аз нашрияву телевизионҳои давлатӣ ва на аз ягона Агентии миллии иттилоотии мамлакат – «Ховар» дар макони муноқишаҳо қарор надорад ва ҳол он ки вазифаи расмиашон аст, ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир накарданду рисолати касбиву қарзи шаҳрвандии хешро ба анҷом нарасониданд. Мо бо зикри ин суханон намехоҳем дар миёни расонаҳои хусусиву давлатӣ тафриқа эҷод кунем, вале дар чунин лаҳзаҳои ҳассос бояд сохторҳои давлатӣ барои пешниҳоди иттилооти навин, дақиқ ва саҳеҳ аз расонаҳои хусусиву байналмиллалӣ дида, бештар мусоидат кунанд. Аммо бетарафии онон мардуми кишвар ва зиёиёну рӯзноманигорони мамлакатро ба нигаронӣ бурд ва мутаассифона, бо ин ҳол баъзе иқдомҳо ва баъзе навиштаҳо дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаву сар заданд, ки ба манфиати миллат ва давлат набуд.

Дастрасии хуби иттиоотӣ аз манобеъи расмӣ надоштани расонаҳо сареҳ буд, аммо мегуфтед, ки сабаби аслӣ чист ва дар ин байн котиботи матбуотии ҳар як ниҳод ба чӣ дард мехуранд?

– Мутаассифона, котиботи матбуотии ниҳодҳо ба ҷои он ки ба дастрасӣ пайдо кардани иттилооти расмӣ ва дақиқу сареҳ мусоидат кунанд, бештар маҳдудият эҷод намуданд. Мо танҳо се-чаҳор ниҳодҳоро номбар карда метавонем, ки котиботи матбуотиашон рисолати касбии худро то ҷое ба сомон расониданд, тамом. Дигар котиботи матбуотӣ, ки ба дастрасии иттилооти навини  расмӣ, дақиқ ва саҳеҳ дасти дароз доранд, намедонам ба кадом хотир бошад, ки иттилооте, ки сирри давлатӣ нест, ҳамеша пинҳон доштанду медоранд.

Дар ҳоли танг кардани дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи озодии баён дар Тоҷикистон ниҳоде ҳаст, ки дар минбаъд такягоҳи рӯзноманигорон бошад?

– Мо дар Асатсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон (НАНСМИТ) соли қаблӣ ба хотири пайдо намудани иттилоот ва дастрасии саривақтӣ барои расонаҳои хусусиву ҷамъиятӣ 84 дархост ба мақомотҳои давлатӣ фиристодем, ки аз он ба 65 дархост ҷавоб гирифтем ва мутаассифона, 19-и он аз ниҳодҳои баландпоя бепосух монд. Аммо ба ҳар ҳол қисмати зиёди дархостҳои мо самараи хуб доданд. Барои ҳамин, ман фикр мекунам, ки пеш аз ҳама ҳар як рӯзноманигор бояд ҳуқуқҳои худро бидонад ва истифода карда тавонад.

Вале дар қисмати дуввуми пурсиши Шумо, НАНСМИТ як платформаи интернетӣ ташкил намудааст, ки ба пайгирӣ намудани дархостҳо барои мусоидат кардан ба дастрасии иттилоот равона карда шудааст. Ҳар як рӯзноманигор дархости худро омода намуда, метавонад ба воситаи платформаи НАНСМИТ ба мақомотҳои давлатӣ фиристад, то мо иҷро ва татбиқи онро пайгирӣ намоем ва дар танг намудани дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи озодии баён амале карда бошем.

Дар татбиқ ба ин дигар ниҳодҳо низ ҳастанд?

– Дар бобати дигар созмону ниҳодҳо чизе гуфта наметавонам. Аммо мо беш аз 20 сол аст, ки дар ин самт фаъолият мебарем ва мушкилот ба дастрасии иттилоотро дуруст дарк мекунему роҳҳои ҳалли онҳоро низ хуб медонем. Ҳамчунин, пешниҳодҳои мушаххас ба мақомотҳои давлатӣ низ дорем, ки ба фоидаи тарафайн аст.

Дар зимн, нисбат ба солҳои гузашта озодии баён дар Тоҷикистон дар чӣ ҳол қарор дорад?

– Аз рӯи таҳлилҳои мо ва раддабандии «Гузоришгарони бидуни марз», мутаассифона, маълум мегардад, ки озодии баён дар Тоҷикистон сол ба сол маҳдуд мегардад. Шохисбандии «Гузоришгарони бидуни марз» дар соли 2020, ки Тоҷикистонро дар озодии баён ба мақоми 162-юм зинабандӣ кард ва ин нисбат ба соли аз он пеш боз як зина поён аст, далолат бар он мекунад, ки мушкилоти мо аз солҳои қабл дида, боз бештар мешаванд. Барои рафъи мушкилоти озодии баён ҳамкориву ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма хеле зарур аст, вагарна оқибатҳои нохушро дар пай хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол сабабро чӣ медонед, ки тайи чаҳор соли ахир дар Тоҷикистон ягон нашрияву рӯзномаи ҷадид сабти ном намешаванд?

– Сабаби аслӣ мониагузории мақомотҳои салоҳиятдори Ҳукумат аст, ки дар баробари феҳрасти ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи қонун бояд пешниҳод карда шаванд, Вазорати фарҳанг боз талаби ғайриқонунии маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллиро дорад. Мо то ҳол шакл ё гузинаи ин маълумотномаро надидаем ва намедонем ва ин як баҳонаи ошкоро барои сабти ном нагардидани нашрияи нав ва рад намудани дархости онон аст.

Ин ба озодии баён чӣ таъсир мегузорад?

– Албатта, ба озодии баён таъсири бад мерасонад, чун ҳар қадар васоити ахбори омма кам бошад, ҳамон қадар озодии баён маҳдуд мегардад.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here