ЛАҲЗАИ АВВАЛ

Саломи дастакӣ

Новобаста аз оне, ки мо дар Донишгоҳ аллакай парончак шудаему муаллими фанни “Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ”-амон “худӣ” аст баробари танаффус тамом шудан бо ҳамкурсон, ҷониби аудитория равон шудем. Дар ин ҳолат чашмам ба роҳраве, ки берунро бо факулта пайваст мекард, афтид. Пирамарди солору ботамкин дар даст ҷувздони калони пур оҳиста-оҳиста ҷониби мо меомад.

-Ассалому алейкум! 

-Воалейкум бар салом! (бо табассум)

-Ба факултети журналистика хуш омадед! Кабинети декан ё аз ягон мудири кафедраро нишон диҳам?

-Раҳмат, писарам! Ман ин ҷо меҳмон нестам. Ана, ҳамон китобе, ки дар дастат ҳаст-ку, муаллифаш ман ҳастам.

 Ин замон ман шах шудам. Чанд сония дар ҳолати шок мондам, аммо хушбахтона, зуд ба худ омадам ва саволи навбатиамро додам:

-Абдусаттор Нуралиев?

-Худи худаш!

-Устод иҷозат диҳед ҷувздонатонро то аудиторияи дарс доштаатон барам…

-Не, ташвиш накаш, раҳмат

-Ҳадди ақал иҷозат дихед бо Шумо дастакӣ салом кунам…

-Барои саломи дастакӣ иҷозат лозим нест, биё, як бор не, чанд боре, ки хоҳӣ, салом мекунем.

Аз ин вохӯрии кутоҳ 11 моҳ гузашт. Вакте ки бо шарҳи ҳол ва кору пайкори устод Абдусаттор Нуралиев шинос шудам, ду чизи муҳимро фаҳмидам: 

Якум, аз навиштаи устодон Кироншоҳ Шарифзода ва Мурод Муродӣ  бароям маълум шуд, ки он ҷувздони пуре, ки ман дар дасташон дида будам, пури китобу рӯзномаву маҷалла будааст. Дувум чизе, ки фаҳмидам, рӯзи 22-юми август зодруз доштаанд. 

 

ЛАҲЗАИ ДУВУМ

Аз “Афсона” то “Ситора”

Фурсате, ки кайҳо боз интизораш будам фаро расид. Ин ҳамон фурсатест, ки барои ёфтанаш, хело даводав карда будам. Мо ҳамроҳи устод Абдусаттор Нуралиев вохӯриро дар тарабхонаи “Афсона” таин кардем. Ман бисёр кӯшиш кардам, ки аз вақти таиншуда дар макони суҳбат, барвақтар худамро ҳозир кунам, аммо бо ин масирҳои мусофирбари мо чӣ қадаре, ки кӯшиш кунӣ ҳам, бефоида аст.

Аз мошин берун шудам. Ба чанд тараф нигаристам. Устод дар истгоҳ  пушт тарафи “Афсона” карда нишаста буданд. Ростӣ, каме хиҷолат кашидам, зеро ман яке аз сутунҳои журналистикаи тоҷик, пирамарди 77 сола, устоди устоди устодам профессор Абдусаттор Нуралиевро даъват карда будам.

-Устод, дер кардам?- оҳиста савол додам

-Не, дар вақташ омадӣ.

Мо ҳамроҳи устод ба тарабхона наздик шудан замон, ноумед шудем, чунки дарҳояш баста буданд.

Мо оҳиста-оҳиста (бо пайи пойи пирамарди 77-сола) ба чойхонаи “Ситора” рафтем. Даромадем. Чойи кабуд фармудем. Инак, пиёлаҳои чойҳоямон  дар наздамон ба мо нигоҳ доранд. Аз ҳавли гармӣ бӯйи хуш доштани чойҳо ба машом расид. Як қулт нушидаму суҳбатро оғоз кардем.

 

ЛАҲЗАИ САВУМ

Хоксор + раҳмдил = элита 

-Устод, аз саломатиатон бигӯед, хуб ҳастед? 

-Акнун, саломатии моро бепурсиш ҳам шиносномаамонро назар карда, баҳо додан мумкин аст. Пир шудӣ, хоҳ нохоҳ узве аз узвҳоят дард мекунад, асаб монда мешавад, каму беш мушкилиҳо пайдо мешаванд, вале ман шукр мекунам, ки Шумо даъват кардан пас, худамро худам овардам. 

-Дар сафҳаи 76-солагиатон чиҳоро хондан мумкин аст?

-Шукр, ки 76-солагӣ бисёр соли бобарор ва хотирмон буд. Ман тавонистам дубора ҳамкориямро бо Донишгоҳи миллии Тоҷиистон оғоз кунам. Дар ДСРТ мактаби илмии худамро таъсис додам, яъне мувофиқи талабот бояд дар ҷое, ки докторантура бошад, ҳатман, ки бояд мактаби илмӣ бошад. Ва боз чанд китоби таълимӣ чоп кунам…

-Худо хоҳад дар саҳифаи холии 77-солагӣ чиҳо навиштаниед?

-Аслан нависандаи саҳифаи дар назар доштаатон Офаридгор аст, аммо ба ҳар ҳол ман мехоҳам, ки соле пас ба Шумо бигӯям, ки дар 77-солагиям китоби “Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ”-ро бо шарҳу иловаҳои нав барои донишҷӯёни ДМТ ба нашр расонидам, чандин маводҳои таълимии дигарро барои шогирдон ва алоқамандони журналистика омода намудам… Ва муҳим аз ҳама бароям соли наку буданаш аст.

-Риштаи меҳр миёни Шумо ва ҳамсинфони қазокатон то ҳол пойбарҷост?

-Албатта, мо то ҳол дар алоқоаем. Дар байни мо ту тоҷик ту қазок гуфтанӣ гап набуд. 

-Яке аз қоидахои маъмулии замони пеш он буд, ки бояд ҳар нафар пас аз хатми мактаби миёна ду сол дар истеҳсолот кор кунад ва Шумо ба ҳайси мухбири рӯзномаи ноҳиявии “Мақташӣ” (“Пахтакор) фаъолият кардед. Чӣ тавр назарияро надониста, ба амалияи журналистика пайвастед?

-Дар бобати назарияро надонистанам, дуруст гуфтед. Аммо барои худамро сафед кардан бояд бигӯям, ки ман аз чӣ тавр навиштани хабар, репортаж, мақола… бохабар будам, зеро доимо дар дасти ман рӯзнома буд.

-Дар хизмати харбӣ ҳам  яке аз мухбирони фаъоли рӯзномаи “Суворовский натиск” будед. Мехостам дар бораи ҳаёти онҷо доштаатон қисса кунед…

-Шумо кариб, ки ҳама чизро медонистаед. Ман пас аз ду соли кор дар истеҳсолот, ба сафи Армияи Шӯравӣ даъват шудам. Хизматам дар  Хабаровск, Биробидҷонн, сарҳади СССР-у Чин гузашт. Ман ҳамчун командири шӯъба, котиби комсомоли рота ва мухбири рӯзнома адои хизмат кардам.

-Устод, барои як ҷавони тоҷик мушкил набуд ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Қазоқистон дохил шудан?

-Не, махсус барои ман умуман мушкилие надошт.

-Кадом имтиҳони кабулатонро дар хотир доред?

-Иншосупориамро. Мавзӯи озодро интихоб кардам, ки “Дӯстии халқҳои қазоқу тоҷик» буд.

-Ҳоло ҳам иртибот ҳаст бо устодону ҳамкурсон?

-Албатта, мо то имрӯз дар иртибот ҳастем. Бисёр мақолаҳое, ки барои маҷаллаҳои хориҷӣ менависам, аввал ҳамкурсонамро нишон медиҳам. Ва ногуфта намонад, ки  дар 80-солагии факултетамон ман даъватӣ будам ва ботантана, бо ҷамъи дӯстони онҷо доштаам, ҷашн гирифтем. Ва як чизи муҳим аз хотирам намеравад, ки бахшида ба 80-солагии факултетамон китобе нашр карданд, ки дар рӯйхати нафарони «бузургон» – и факултет маро ҳам шомил кардаанд.

 

ЛАҲЗАИ ЧАҲОРУМ

Роҳи беохир

-Устод, Шуморо пеш ва ҳам пас аз хатми донишгоҳ ба Академияи илмҳои Қазоқистон даъват карда буданд. Чӣ сабаб шуд, ки ба ДМТ омадед?

-Пас аз хатми донишгоҳ, декани факултаамон Таумон Амондасов ба ман гуфтанд, ки ту чӣ дар Академия ва чӣ дар дигар ҷо кор карда метавонӣ, аммо ман мехоҳам ту ба Ватанат баргардӣ ва хизмате дар онҷо бикунӣ. Ҳамин тавр, ман аз рӯйи тақсимот ба шуъбаи журналистикаи ДМТ ба ҳайси омӯзгор ба кор омадам. 

-Лаҳзаҳои аввали кориатон дар ДМТ чӣ гуна буданд?

-Вақте ман ба ба ДМТ омадам, шодравон муаллим Зулфиқоров танҳо мутахассиси соҳа буданд. Фикр мекунам то андозае кори шуъбаро тақсим кардем ва кор осонтар шуд.

-То ҷое медонем то соли 1973 кори Шумо хуб буд…

-Бале, аммо рафта-рафта мушкил шуд, зеро муаллим Зулфиқоров ба кори дигар гузаштанд, Иброҳим Усмоновро ба Маскав аспирантура равон кардем ва ман худам танҳо мондам. Ногуфта намонад, ки дар ДМТ аллакай соли 1971 шуъбаи журналистикаро баста буданд ва мо бо кӯшишҳои зиёди устоди равоншод Воҳид Асрорӣ шуъбаи журналистикаро соли 1987 дубора барқарор кардем.

-Дар вақти набудани шуъба чӣ гуна журналист тайёр мекардед?

-Аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи филология гуруҳе таъсис дода будем. Яъне як ихтисос доштем. Илова бар ин Русия ба ҷуз як ҷо барои аспирант боз 10 ҷойи дигар барои донишҷуёни мо муқаррар карда буд. Мо хам равон мекардем, масалан, Акбари Саттор, Шариф Ҳамдампур ва дигарон дар Русия тамом кардаанд.

-Аз чӣ гуна таъсис додани шуъбаи журналистика дар ДСРТ мегуфтед…

-Аввалан, маро соли 2000 ба ҳайси раиси комиссияи хатм даъват карда буданд. То соли 2002 ин кор давом кард. Баъдан дар фикри таъсиси шуъба шудем ва дар муддати кутоҳ шуъба таъсис ёфт. Ҳозир дар ДСРТ се кафедраи журналистӣ дорем ва дар фикри таъсиси факултет ҳастем.

-Устод, тибқи қарордод бояд 50% донишҷӯён тоҷик ва 50% рус бошанд. Оё ҳозир ҳамин тавр ҳаст?

-Мутаассифона, ҳозир қариб 80% донишҷӯйи тоҷик ва 20% донишҷӯйи рус дорем.

 

ЛАҲЗАИ ПАНҶУМ

Фарқи 50-сола

-Аз фаъолияти педагогии 50-солаатон гуфтему шунидем. Бамаврид аст, ки доири донишҷӯйи имрӯзу 50 сол қабл ҳарф занед…

-Бисёр хуб мешавад. Дар ин бахш ҳам ҳар саволе, ки дар зеҳнатон бошад, пурсидан гиред.

-Гуруҳе ё дарсе, ки бо шунидани калимаҳои донишгоҳ, донишҷӯ, кор, дарс… аввалин шуда ба хотиратон меояд кадом аст?

-Ман соли 1968 ба ДМТ омада будам ва бори аввал ба курси саввум, ки онҷо Иброҳим Усмонов ҳам таҳсил мекард, даромада, дарс додам. Фикр мекунам хотирмонтарин дарс ва хотирмонтарин гуруҳ буд ва ҳаст бароям. Бисёр гуруҳи фаъол буданд ва фаъолияшон буд, ки аз 24 нафар 18 нафарашон донишгоҳоо бо дипломи аъло хатм карданд.

-Устод, бо кадом педагоге, ки ҳамсуҳбат мешавам аз  донишҷӯйи имрӯз норозигӣ мекунанд. Назари Шумо?

-Новобаста аз тараққиёти илму техника, бояд толибилм ҳамеша дар талош ва такопӯй бошад. Бисёриҳо шикояти беҳавсалагӣ, камхонӣ, кам будани кӯшишкунандаҳо ва ғайраҳоро мегӯянд. Аммо ман ба он фикр ҳастам, ки ҳоло замона дигар шудааст, илова бар ин системаи таълим иваз шудааст ва боз чанд сабаби дигар ҳаст, ки донишҷӯйи имрӯзро мавзӯи баҳс ва нигаронӣ кардааст.

 Ба донишҷӯйи имрӯз каме вақт лозим аст то ки худашро омода кунад ба ҳама паҳлӯҳои таҳсилу ҳаёти навин.

-Як хусусияти фарққунандаеро вобаста ба донишҷӯйи имрӯз аз дирӯз бигӯед, ки Шумо бо дидани он ҳайрон мешуда бошед…

-Миёни донишҷӯйи дирӯзу имрӯз зиёдан хусусиятҳои фарққунандае, ки маро ҳайрон мекунанд. Аммо чун якто гуфтед якто мегӯям. Мо корҳои хаттӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ ва умуман ҳама машғулиятҳои иловагиро дар натиҷаи хонишҳои пай дар пайи китобҳои тавсияшуда ба таври дастӣ навишта, ҳимоя мекардем. Вале ҳоло қариб, ки як адабиёт истифода мешавад, яъне интернет. Ҳама электронӣ шудаасту дигар хуш, завқ, шавқ ва масъулият ба таври бояду шояд дида намешавад. Ногуфта намонад, ки ин вазъ танҳо мушкили мо нест, балки дар тамоми дунё аст.

-Устод, барои ман то ҳол муаммо мондааст ба тариқи тест имтиҳон гирифтан аз фанни эчодӣ… 

-Шуморо хуб фаҳмидам. Дуруст, бисёр душвор аст ин кор, аммо системаи таълим ҳамин гуна аст. Ман дар ДСРТ дарсҳоро мисли системаи пешин 90 дакикагӣ ва имтиҳонҳои эчодиро шифоҳӣ мегирам ва ин ҳақро ба мо Русия додааст. Фикр мекунам дар 90 дақиқа донишҷӯ чизи лозимаашро гирифта метавонад. 

-Дар мавриди бе имтиҳои эчодӣ ва маҳорат шомил шудан ба факултаву шуъбаҳои журналистӣ чӣ мегӯед?

-Аслан бояд аз довталабони факултету бахшҳои журналистӣ мисли пештара дар баробари имтиҳоноти дохилшавӣ талаби маводи иштишор шуда ва суҳбати рӯ ба рӯ ҷорӣ шавад, аммо ҳоло бо чанд сабабе, ки дар боло гуфтем, мумкин аст, ки ҷойҳои холӣ зиёд монад.

-Шумо, ки ҳам дар ДСРТ ва ҳам дар ДМТ дарс гуфтаеду мегӯед, лутфан тафовути донишҷӯёни ин ду донишгоҳро мегуфтед…

-Фарки калон нест, зеро таҳкурсии мактабӣ як аст. Барои донишҷӯйи ДСРТ нисбатан маводҳои таълимӣ зиёдтар дастрас ҳастанд, чунки тавре ҳамагон медонанд мо зиёдтар аз журналистикаи Русия истифода мекунем.

-Фикри Шумо дар мавриди пас аз курси сеюм дилхунук шудани донишҷуён ба дарсу донишгоҳ чӣ гуна аст?

-Ин ҳолат ба ман ҳам ошност, аммо рости то ҳол сабабашро нафаҳмидаам…

 

ЛАҲЗАИ ШАШУМ

Журналист ва диплом

-Устод, то назди истгоҳ тахминан 300 метр роҳ аст…

-Туро фаҳмидам, марҳамат саволҳоятро деҳ.

-Агар мумкин бошад доири ихтисоси интихобкардаам ва дарсмедодаи Шумо-журналист як ду чиз пурсам…

-Марҳамат.

-Бо вуҷуди он ки журналистон барои худ не, барои дигарон зиндагӣ мекунанд, боз аксари мардум онҳоро дӯст намедоранд, Шумо сабабашро дар чӣ мебинед?

-Натанҳо дар мо, балки дар тамоми дунё журналистонро аксарият чашми дидан надоранд ва бояд мову Шумо инро қабул кунем. Сабабашро ман дар ҳақиқатгӯйӣ ва фош кардани камбудиҳо мебинам.

-Аз нигоҳи Шумо журналистӣ аз куҷо оғоз мешавад?

-Аз таҳсил, ҷаҳонбинӣ, маърифат, масъалагузорӣ кардан, ғами мардумро хӯрдан, барои дигарон зистан… Бояд гуфт, ки журналистӣ касбест, ки танаффус ва истироҳат надорад.

-Диплом ва журналист чӣ умумият доранд?

-Диплом ба журналист не, балки ба идораи кор мекардааш лозим аст. Умумияташон он аст, ки ба воситаи он компютер ва кабинете медиҳандаш, вагарна барои журналисти воқеӣ он умре лозим намешавад.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь