Метарсам масъалаи ҳиҷрат ва қабули шаҳрвандии Русия дер ё зуд ба мушкили аввал дар Тоҷикистон бадал мегардад…

Дар шабакаи иҷтимоӣ чашмам ба навори кӯтоҳе афтод:

Дасте ду шиносномаро дорад, яке аз Русия ва дигаре шиносномаи хориҷии Тоҷикистон. Баъди нишон додани ин саҳна, овозе баланд мешавад: “Дар сад сол ҳам ин ба ман лозим нест”.

Баъди ин ҷумла шиносномаи хориҷии кишвари моро ба сатили партов мепартояд. Дар шарҳи ин навор ҳазорҳо нафар навиштаанд ва муаллифи наворро барои эҳтиром накардани яке аз муқаддасоти миллӣ лаънат фиристодаанд.

Баҳси шиносномаи тоҷикӣ аслан аз ҳамон қабули шаҳрвандии Русия сар мешавад. Бале, мо метавонем якбора ҳам шаҳрвандии Русия ва ҳам Тоҷикистонро дошта бошем. Вале тарсам аз он аст, ки рӯзе ин мамлакат қонуне дар бораи манъи душаҳрвандӣ қабул мекунад. Дар ин ҳол баъзе аз шаҳрвандони вилоятҳои мо, ки то ҳафтод фисад шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, дар сари дуроҳа мемонанд.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ, бовар дорам, аксар шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Ин ҳақиқати талхро бояд интизор бошем. Чун мисли Русия барои ҳар як фарзанди таваллудшуда маблағ дода наметавонем, нафақа дода наметавонем, имтиёз дода наметавонем.

Мутахассисони беҳтарини мо, масалан табибон, имрӯз баъди коронавирус, ки сабаби марги табибони зиёде дар саросари дунё шуд, мекӯшанд ба Аврупо ё Амрико раванд ва агар имкони рафтан ба он ҷой надошта бошанд, ба Русия ҳиҷрат кунанд.

Ноадолатӣ дар таъини кадрҳои роҳбарикунанда, тағою амакбозию маҳалгароӣ бошад, қисмати дигареро аз пеша дилхунук кардаю барои ояндаи фарзандон ба ҳиҷрат водор кардааст.

Пас, роҳи наҷот аз ин бунбаст чист?

Роҳи аввал дар дилхоҳ вазорату кумитаю ширкату муассисаи таълимӣ на аз рӯйи маҳал, балки аз рӯйи маҳорату касбият таъин кардани роҳбарон аст.

Дуввум, бо даст додани имкон, мисли кишварҳои дигар, масалан Ӯзбекистон (президенташ ваъда кард, ки маоши омӯзгоронро то ба ҳазор доллари амрикоӣ мебарорад), баланд кардани маоши ин қишри ҷомеа аст.

Чаро? То ки ақаллан агар имрӯзиён бо сабаби иқтисодӣ кишвари дигарро интихоб кунанд, фардо ба ҷойи онҳо мутахассис дошта бошем.

Ё шояд роҳи дигаре ҳасту ман намедонам?

Агар донед, лутфан, ба ман ҳам гӯед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь