14-уми феврал мардуми тоҷик намедонад мотами қурбониёни баҳманмоҳро бигирад ва ё рӯзи ошиқонро таҷлил намояд.

«Ихтиёр ба дасти Бахтиёр» – посух дод ба ин андешаи ман як нафар рафиқи мансабдор, – ба мо кадомашро супориш диҳанд, ҳамонашро таҷлил менамоем». Аммо, агар боадолатона бингарем, аз ҳодисоти баҳман ғайр аз баъзе нашрияҳои тоҷикӣ ва баъзе шахсиятҳои алоҳида касе ёд намекунад. Фармони собиқ Президент Раҳмон Набиев ҳам дар бораи ҳар сол рӯзи мотам эълон кардани 12-уми феврал, мисли худи ӯ, аз ёдҳо фаромӯш гардид. Ҳамин тавр, лавҳаи ёдгорие ҳам, ки дар рӯйи он ному насаби 25 нафар қурбониёни баҳманмоҳ ҳаккокӣ гардида буд, аз паҳлӯи чойхонаи «Роҳат» ғайб зад.

Сабаби камтаваҷҷуҳиро дар он мебинанд, ки Тоҷикистон баъди баҳманмоҳ, қурбониёни ба миқдор ҳазорҳо маротиба бештарро дид ва агар ҳар рӯзи марги 25 нафарро рӯзи мотам эълон мекарданд, аз рӯзҳои ид дида, рӯзҳои мотам зиёд мешуд. Барои баъзе бошад, баҳманмоҳ ҳаммаънои «Растохез», Тоҳири Абдуҷаббор, Бӯрӣ Каримов аст, вале касе сари он меандешад, ки миёни 25 нафар кушташуда ҷигарбандони онҳо, хешовандони онҳо набуданд…

Аз рӯзи ошиқон будани 14-уми феврал то солҳои наздик кам касе ёд мекард, вале солҳои охир таҷлили ин рӯз мӯд шуд. Рақамҳои оморӣ нишондиҳандаи он ҳастанд, ки миқдори ҷуфтҳои ба аҳд сазовор кам шудаанд.

Пас, сабаби таваҷҷуҳ ба ин ид чист?

Рӯзи ошиқон ё рӯзи «Валентини муқаддас» анъанаест дар мазҳаби католикии дини насронӣ, яъне ба урфу одати тоҷикӣ комилан пайвандие надорад. Лекин онро қариб дар ҳар корхона, дар ҳар оила таҷлил менамоянд, вале баҳманмоҳ оҳиста-оҳиста аз дафтари ёдҳо зудуда мешавад.

Ҳол он ки рӯзи хун рӯзи мо буд, на рӯзи ишқ!

Кош ҳамеша аз хун бигрехта, ба ишқ рӯй оварданҳо пайванде ба мазҳабу идеологияи бегона намедошт. Он замон рӯҳи саргардони қурбониёни баҳманмоҳ ором мехобид…

Соли 2007

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь