Рӯҳониёни маъруф аз сатру ришу номгузорӣ зиёд ҳарф мезананд, вале боре тоҷирони чор-панҷ маротиба Ҳоҷӣ шудаву ташкилкунандаҳои ифтори серравғанро дар моҳи муборак ба инсоф даъват кардаанд ё не?

Моҳи шарифи Рамазон ҳам сипарӣ гардид.

Албатта, бо чанд маротиба боло рафтани нархи маводи ғизоӣ. Дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ садои танқидии рӯҳониёни воиз аз баланд кардани нарх аз ҷониби муслимин боз ҳам мисли даҳсолаҳои гузашта ба гӯш нарасид. Охир, бозори маводи ғизоӣ шабакаи тилфонӣ нест, ки ними коргараш дурагаву русу ҷуҳуд бошад, фикр мекунам, ба ангушт метавонӣ намояндагони дини дигарро бишморӣ.

Пас, чаро рӯҳониёни маъруф, ки дар мавриди даҳчанд боло кардани нарх аз ҷониби тоҷирон, ки навад фисадашон ҳоҷӣ ҳам ҳастанд, ҳарфе нагуфтанд? Ё мурғи илҳоми онҳоро танҳо масъалаи сатру шабпӯшу буҷули пойи занҳо меорад? Оё ифторҳои серравғани тоҷирони маводи ғизоие, ки нархро дидаю дониста ва махсус дар ин моҳи муборак даҳчанд бардоштанд, ҳалол буд?

Оё муллое, ки бо тафохур риш ба даст зада дар ин зиёфат аз боло менишинаду касеро гап задан намемонад, ба гуноҳи ҳаққи мардумхурӣ шарик буд ё на?

Моҳи шарифи Рамазон ҳам сипарӣ гардид.

Дар ёди нодору қашшоқу бечораи ба ҳар як тин зор, фақат ярмаркаҳо монд. Ярмаркаҳое, ки як-ду сомонӣ дар ҷайби нафақахӯру камбағал захира кард. Ярмаркаҳое, ки бо дур шудани сояи намояндаи шаҳрдорӣ гоҳо ба таври «автоматӣ» нарх бо нархи бозори шаҳр баробар мешуд.

Суоли матраҳ ин аст, ки кӣ бештар савоб кард:

Оне, ки шабона сар ба замин кӯфтаву рӯзона маҳсулоти як сомонӣ гирифтаашро даҳ сомонӣ фурӯхту ифтори рӯғанӣ ташкил карда, панҷ воизи машҳурро аз гӯшаҳои кишвар ҷамъ овард ё онҳое, ки барои пасттар кардани нарх як моҳи дароз талош карданд?

Моҳи шарифи Рамазон ҳам сипарӣ гардид.

Дигар кӯдакони ҳамсояи ман идгардак намекунанд, то халтачаашонро кушода, дараҷаи зиндагии мардуми маҳалро муайян кунанд:

– Бой як сомонӣ дод, камбағал як сақич, бой конфету қанд дод, камбағал як пуфак.

Дар зеҳни онҳо аллакай нишаста, ки бой шудӣ, зебо мепӯшӣ, хӯроки бомазза мехӯрӣ… ва ҳатто бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон воизони хушовоз ба хонаи ту меоянд…

Ҳамин тавр не?

Иди фитр муборак, ҳамватанон!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь