Инак, Соли нави 2023 ҳам дар мекӯбад. Соле, ки гузашт, барои нафаре соли бохтан буд, барои дигаре соли бурдан, барои савумӣ соли сохтану барои чаҳорумӣ соли сӯхтан.

Вале  барои ману ҳамсолонам соли 2023 бояд хотирмон бошад. Чунки дар ин сол ниҳоят ба синни панҷоҳ мерасем. Ҳамсолонамро намедонам, вале ман бо такрори вожаи  “панҷоҳ” дилам таҳ мекашад. Чаро? Намедонам, аммо ба қавли як рафиқам “вақте даҳсола будам, бистсолаҳо бароям пир метофтанд, вақте бистсола шудам, сисолаҳо ба назарам пир менамуданд, вақте остонаи сиро убур кардам, чилсолаҳо пир метофтанд, вақте аз чил ҳам гузаштам, панҷоҳсолаҳо ба пиндорам муйсафед буданд”…

Акнун ки панҷоҳ остонаи умри худамро мекӯбад, кадом эҳсосе маро фаро хоҳад гирифт? Пушаймонӣ аз умри тайкарда ё шодмонӣ аз умре, ки сипарӣ намудам? Инро ҳам билло бахудо, намедонам. Аммо инро медонаму ҳамсолонам ҳам медонанд, ки ҷавонии мо қурбонии ҷанг шуд! Мо зери тири автомату дуғи қумондонҳо ба Донишгоҳ мерафтему меомадем, ба як пора нон қаноат мекардем. Вақте нони хурданӣ доштем, барои мо туй буд. Ба умеди фардо мезистему ҳар субҳ моро Умед аз ҷойгаҳи гарм мехезонд.Беҳуда ҳам касе нагуфта, ки “Умед калимаи бузургест, агар Худо набуда, вале ними Худо аст”.

Баъдҳо ба кор даромадему ба ивази ду дона нон, ки аз Радио медоданд, фаъолият мекардем. Он рӯзҳо ҳам гузаштанд, он саҳнаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дигар барои имрӯзиён афсонаро мемонад.Чанд ҳамсолонам ҳам ҳам қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, нолаҳои зори модари Наргиси ҳамсабақамон то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳад.

Ман намедонам, ки оё рисолати хешро дар пайраҳаи интихобкардаам иҷро кардаам ё не, вале бо такрори калимаи “панҷоҳ”, ки ба бадан мурғак медавонад, пеши назар корҳои анҷомнадода, рисолати иҷронашуда, нақшаҳои амалинашудаат ҳувайдо мешаванд ва дигар фақат ба хеш як савол медиҳӣ:

-Оё умр кифоят мекунад? Оё метавонам ин ҳамаро дар як панҷсола ё даҳсолаи дигар анҷом диҳам?

Дигар аз бемориҳое меандешӣ, ки то ба панҷоҳ ба будани он эътиборе намедодӣ, вале ҳоло ба назарат чунин менамояд, ки ҳар яке мисли садбарги навшукуфта рӯй мезанад, азият медиҳад, ба андеша водор мекунад.

Ана ҳамин тавр, хонандаи азиз, соли 2023 соли панҷоҳсолагии ману ҳамсолонам аст. Соле, ки мо наметавонем фаромӯш кунем, соле, ки баъзе шукронаи ба ин син расидан мекунанд, баъзеи дигар мушти надомат ба сар мезананд, яке кунҷи масҷидро ихтиёр мекунаду дигаре “сари шиша саломат бод” гуён, қасоси хешро аз умри боқимонда мегирад.

Аммо, муҳимтарин чиз дар ин зиндагӣ чӣ будааст? Тифлии бо афсонаи бибӣ сипарӣ шуда ва ё ҷавонии қурбонии ҷанг гардида? Ростӣ ман ҷавоби ин саволро намедонам, аммо бо такрори калимаи “панҷоҳ” маро эҳсоси мағшуше фаро мегирад, ки дарки он кори осоне нест.

Вале фикр мекунам, ки посухи онро аз ин байти маъруфи шодравон Қутбӣ Киром метавон пайдо кард:

Зиндагиро кӣ гуфт номард аст,

Ҳар кӣ гуфт, то куҷо мард аст?

Зиндагӣ мард асту мард мехоҳад,

Сари болою дард мехоҳад

Соли Нав ба кулли ҳамватанони азиз муборак бод ва махсусан барои ҳамсолони ман! Зинда бошед азизон!

Соли наватон муборак!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь