Дар Мёнмор заминларзаи шадид рух дод, ки боиси марги одамон ва харобиҳои зиёд гардид. Тибқи маълумоти охирин, шумораи кушташудагон аз 2700 кас гузаштааст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) гуфт, ки офати табиӣ боиси аз кор мондани бархе аз муассисаҳои беҳдоштӣ дар кишвар шудааст. Марги бештар аз 2719 кас расман тасдиқ шуда, 270 каси дигар бедарак шудаанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки шумораи ниҳоии қурбониён метавонад хеле бештар, эҳтимолан беш аз 10 ҳазор кас, бошад.
Гурӯҳҳои наҷот ба душвориҳои ҷиддӣ дучор шуданд. Роҳҳоо валангор, пулҳо вайрон, хатҳои иртибот хароб шудаанд. Илова бар ин, кишвар то ҳол дар миёни низоъҳои шаҳрвандӣ қарор дорад, ки амалиёти наҷотро мушкил мекунад. СҶБ мегӯяд, бемористонҳо дар манотиқи осебдида аз ҳад зиёд серодам ҳастанд ва пизишкон таҷҳизоту дору надоранд.
Мақомоти Мёнмор рӯзи сешанбе ин рақамҳоро мушаххас карданд, ки дар заминларза 2719 кушта, 3900 захмӣ шудаанд ва сарнавишти 270 кас маълум нест. Пажӯҳишгоҳи геологии ИМА, ки заминларзаҳоро дар саросари ҷаҳон назорат мекунад, пешгӯӣ кардааст, ки шумори кушташудагон метавонад ба 10 000 ва бештар аз он бирасад. Дар ин бора рӯзномаи Guardian низ бо такя ба маълумоти коршиносон навишт.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт афзуд, ки се беморхона комилан хароб ва 22 беморхонаи дигар қисман осеб дидаанд. Миқёси дақиқи фоҷеа то ҳол маълум нест ва ба он танҳо баъдан пурра баҳо додан мумкин аст. Ин созмон барои кумак ба осебдидагон 8 миллион доллар кумаки изтирорӣ хоста буд. Дар кишвар як ҳафта мотами миллӣ эълон шуда, парчамҳо дар биноҳои ҳукуматӣ нимаафрохта шуданд.