Инсонҳои китобхон ҳамеша ононеро ки телевизор тамошо мекунанд, идора менамоянд.

(Жанлис)

Мавзӯи сохтани китобхонаҳо дар ҷамоату деҳаҳо, ки ахиран дар як номаи бози донишманди тоҷик Ҳафиз Раҳмон ва дар як шарҳи шоири тоҷик, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа боис ба баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, дардноку урён будани масъалаи мазкурро бозгӯйӣ кард.

Хонанда метавонад ба дуввумин номаи бози Ҳафиз Раҳмон дар ин шумораи ҳафтаномаи “Фараж” ошно гардад. Аммо мехоҳем аз номаи аввали ин донишманди тоҷик пораеро биёрем:

“Чаро дар баробари ин корҳои хайру савоб соҳибкорон ду-се ҳазор китоб намехаранд, то ба мактабҳо ҳадя кунанд, чаро китобхона намесозанд??? Магар китобхона сохтан кори савоб нест? Ё садақаи ҷория ҳисоб намешавад?”.

Дар ҷойи дигари номаи аввалаш Ҳафиз Раҳмон чунин меорад:

“…Дар он суҳбати як сол қабл номи Раҳими Ғармӣ ҳам дар миён буд, аммо дӯстонам ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоштанд, ки бо он ҳама корҳои савобе, ки ин шахсияти олиҳиммат мекунад, боз иловатан китобхона бисозад… Ҳамон корҳое, ки ба хотири мардуми камбизоат мекунад, ё маблағҳои ҳангуфт барои ободии ноҳияи худаш ва минтақаҳои дигар ҷудо мекунад, барзиёд аст”…

Шарҳи навиштаи муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ҳам бештар шахсро ба андеша мебарад. Ин шарҳро айнан меорем:

“Дар муддати ду соли охир қариб дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ будам. Ободтарин ҷой масҷиду зиёратгоҳҳоянду вайронтарин ҷой китобхонаву хонаҳои фарҳанг (клуб), ҳатто мактабҳо. Бахусус дар деҳот, ки қариб 90 дарсади аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Мардум барои сохтану таъмири масҷиду мазор пул меёбад, барои сохтану таъмири клубу китобхона не. Худатон хулоса бароред” – менависад Ато Мирхоҷа.

Бар иловаи ин гуфтаҳо, замони охир ба хотири ободии деҳаю ҷамоат мумфарш кардани роҳҳои мошингарди миёни деҳаҳо мӯд шудааст ва мардум бо майли тамом барои иҷрои ин нақша маблағ мепартоянд. Рост аст, ки баъди мумфарш шудани роҳ,  дигар машинаҳои муҳоҷирони баргашта ба ватан, шикастаю афгор намешавад, аммо дар ҳамин ҳол, касе намехоҳад, ки барои деҳааш, барои ҷамоаташ як китобхона созад то кӯдаконаш дарси одобу фарҳангу савод гирад.

Ба андешаи ман, сохтани ин китобхонаҳо як ҷузъи масъала аст, аммо бо китобҳои хонданӣ пур кардани ин китобхонаҳо чизи дигар! Ҳатто ба назарам бо китобҳои лозима пур кардани китобхонаи мактабҳо мушкили сангин ба бор меорад, чун ин ба фаъолияти муназзами нашриётҳои чопӣ вобаста аст. Нашриётҳои чопии мо имрӯз ба ҷуз аз дубора нашр кардани асарҳои хондании замони Шӯравӣ, ашъори бузургони гузаштаамон ягон – ягон асарҳои адибони имрӯзаро чоп мекунанд.  Ҳол он ки кайҳо бояд намояндагони ин нашриётҳо думболаи нависандагону адибони муваффақ гарданд ва бо ваъдаи дастмузди хуб онҳоро фармоиш диҳанд то дар ин ё он мавзӯъ асар нависанд.

Шумо чӣ мегӯед дастандаркорон? Назари Шуморо интизорам!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь