Таъиноти кадрӣ дигар ончунон як амали пешгӯишаванда шудааст, ки ҳатто бо оғози фасли “дилзанак”, ( айёми тағйироти кадрӣ дар кишвар) дили касе намезанад.

Аслан ин вожа “кашфиёт” – и “Фараж” буд. Ёд дорам соли 2006, ҳангоме шумораи аввалро мебастем, ин вожа аввалин бор корбаст шуда буд. Он солҳо тағйироти бузург дар сатҳи болои Ҳукумат мешуду муддате ҷомеаро гирифтор медошт. На ба домод раҳм мешуду на ба қудо, на ба ошною на ба ҳамшаҳр. Нашрияҳои дигари мустақил ҳам бо пайравӣ ба мо “Ҳукумати алтернативи”- ро бо диду хулосаи хеш аз ноӯҳдабароӣ ё дастоварди ин ё он шахс пешниҳоди хонанда мекарданд. Ва гоҳе аз ин “Ҳукумати алтеративи” – и онҳо чандин пешгӯӣ рост ҳам мебаромад.

Вале бо гузашти солҳо ин машина аз ҳаракат монд, аниқтараш ба як давраи ҷойивазкунӣ бадал гардиду  дигар касеро парвое аз ин ивази мансаб нест. Ҳолдонон пешакӣ дигар ҳадс мезананд, ки “фалонӣ ба фалон ҷой мераваду фалонӣ ба фалон мансаб меояд”. Ва дурӯғ ҳам намегӯянд. Кадрҳо ончунон тухми анқо шуданд, ки дигар ин “машинаи даврашакл”ворид шудан дораду баромадан не, ё аз он фақат ҷасадат мебарояд ё баъди гирифторӣ ба садҳо беморӣ ба рухсатии абадӣ меравӣ.

Он лаҳзаҳои ширини шармандавор рондани мансабдорон ҳам дигар ба як афсона бадал шуд ва бо вуҷуди садҳо хатою норасоию ноӯҳдабароӣ медонӣ, ки дар ин машина мурватаке мешавию тоб мехӯрӣ.

Кор ҳатто ба ҷое расид, ки дар нашрияҳои сатҳи аввали ҷумҳурӣ дигар бечора наттоқони дирӯзаи телевизионро таъин мекунанду журналисте гурда надорад, ки пурсад “ эй фалонӣ, қадру манзалати пешаи моро ба ин ҳад паст назан”. Яъне аз эфир хонда ки метавонад, дар нашрия ҳам навишта метавонад, муҳим ошнои фалонию рафиқи фалонӣ аст.

Ба ин монанд, дар сатҳи ноҳияву айни замон вилоятҳо вазъ чунин аст. Намояндаи Президент дар маҳалҳо, ки дигар бо хокпошию фиреби назар миёни ҷомеа маъруф аст, (ҳатто дар ноҳияе шахси бегонаеро бо номи шахси дигар чун соҳибкор муаррифӣ карданд) ба ҳар роҳ хол мегирад. Амри Президент “дар бораи вокуниши шахсони мансабдор”, ки фикр мекунам то ҳадде масъулияти мансабдори танқидшавандаро бештар мекард, дигар ба гӯши хар азон хонданро мемонад. Ба ҷойи ҳалли мушкилот тамоми Ҳукумати ноҳия ё вилоят баъи нашри маводи танқидӣ ба ҷустуҷӯи “фармоишгар” мебароянд ва тахмину гумонашонро худашон медонанду Худо.

Вале агар бо чашми сар бинӣ ва аз ҳақ руй натобӣ, мебинӣ ки ин тоифа дигар ба андозае ба танқиду шикоят бепарво шудаанд, ки на номаи кушод ба Президент аз болои фаъолияти онҳо таъсир мекунаду метарсонад, на мижаашон аз даст задан ба қонуншикание хам мехӯрад. Чунки бовар доранд: Тағо дорам, чӣ ғам дорам!

Бо ҳар роҳ мехоҳанду метавонанд ҳатто фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кунанду ба тарс водор намоянд ва бо дасти худи журналистон қомати журналистикаро шикананду аз ин ҳатто лаззат баранд. Мақсад ин аст ки дигар даъвои “мо ҳукумати чорум, журналист чашми бино дорад, виҷдону адолат ҳаст, журналист ойинаи ҷомеа” – ро нашунаванду бовари мардумро ба он шикананд. Ва шикаста ҳам тавонистанд, ки офаринашон бод!

Дар ҳамин ҳол хамеша ҷанги иттилоотиро ба қирғизу толиб бохтаанду мебозанду хоҳанд бохт ва аз ин бохт заррае сурх ҳам намешаванд, суол ҳам ба хеш намедиҳанд, ки худи онҳо шояд ҳисса дар ин кор дошта бошанд?

Хуллас, фасли дилзанак имсол ҳам фаро намерасад. Чуноне дар Африқо ҳаргиз дар тобистон барф намебораду дар зиндагӣ хурус ҳаргиз тухм намекунад. Ба умед набошед коршиносону орзу кунед, ки Худованд ба тақдирсозону тақдирсӯзон тавфиқ диҳад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь