То ҳол чунин набуд! ZET-MOBILE, оператори мобилии дастраси кишвар, муштариёни худро бо пешниҳоди ҳангомавӣ ва истисноӣ шод мегардонад!

Ширкат дар ҳаҷми 50% тахфифҳои олитаринро дар платформаҳои маъмултарин: YouTube, TikTok ва шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Twitter эълон менамояд. Акнун корбарон метавонанд аз контенти дӯстдоштаи худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо нархҳои бениҳоят дастрас баҳравар гарданд.

Ҳамагӣ ба маблағи 27,50 сомонӣ дар як моҳ корбарон дастрасии номаҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳанд дошт, ки ин баробар ба нисфи нархи пешниҳодҳои мавҷуда дар бозори мобилии кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, тамошои наворҳои дӯстдоштаи худ дар YouTube дар як моҳ ҳамагӣ 27,50 сомонӣ арзиш дошта, барои мухлисони TikTok дастрасӣ ба ин платформаи машҳур дар як моҳ ҳамагӣ бо маблағи 35 сомонӣ дастрас хоҳад шуд.

«Ин иқдом аз ZET-MOBILE ба муштариён имкони беназир медиҳад, ки аз платформаҳои дӯстдоштаи худ бо нархҳои дастрас, бидуни маҳдудият ва нигаронӣ дар бораи хароҷоти алоқаи мобилӣ баҳра баранд. Ширкат кӯшиш мекунад, ки талаботи муштариёни худро бо пешниҳоди шароиту тарофаҳое, ки ба манфиат ва афзалиятҳои онҳо мувофиқанд, қонеъ созад», – изҳор дошт хадамоти матбуотии ширкат.

Фурсати беназирро аз даст надода, аз арзоншавии бениҳоят олии нархҳо, ки аз ҷониби ZET-MOBILE пешниҳод мегардад, истифода баред ва аз платформаҳои дӯстдоштаи худ бо нархҳои беҳтарин дар тӯли 3 моҳ лаззат баред!

Аз имконияти ҷадидтарини дастрасии бемаҳдуд ба алоқаи мобилӣ ва контентҳои YouTube, TikTok ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳравар гардед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь