Вакилони тоҷик тарҳи қонунеро пазируфтаанд, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои писандидани навору гузоришҳои “мамнуъ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ лағв мекунад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйиротеро қабул кард, ки дар асоси он минбаъд барои гузоштани “лайк” шаҳрвандон зиндонӣ намешаванд. Қаблан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гузоштани “лайк” ба зиндон кашидани шаҳрвандон интиқод ва нигаронӣ карда буд.

10-уми апрел дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон бо иттифоқи оро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шудааст.Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, Лоиҳаи қонуни мазкурро Умед Каримзода, муовини якуми додситони кулл дар парлумон шарҳу тавзеҳ дода, пешниҳод кардааст, ки дар ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1 – “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк”” пурра бардошта шавад.

“…дар эзоҳи моддаҳои 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1 Кодекси ҷиноятӣ мутаносибан пас аз калимаи “он” аломати вергул ва калимаҳои “,ба истиснои маъқул донистан (гузоштани лайк ё дигар аломат)” илова карда шаванд”, – пешбинӣ шудааст дар тағйири қонун.

Барои он ки дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷои “лайк”, дигар аломатҳо, ба мисли “зӯр”, “беҳтарин” ва ғайра истифода карда мешаванд, дар қавс калимаҳои “…ё дигар аломат” навишта шудааст.

То ҳол дар асоси ин ду модда шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд. Ин ду банди қонун миёни мардум бештар бо мафҳуми ҷазо барои “писандидан” (“лайк”) ва бознашр (“поделится”)-и матолиби мамнӯъи дар интернет нашр ва паҳншуда маъмул аст. Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ба кори худ идома бахшид.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь