Сафири ИМА Мануэл Микаллер ва намояндаи доимии Шабакаи рушди Оғохон Қозидавлат Қоимдодов вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамроро дар маросими супоридани расмии 242 000 китоби дарсии забони англисӣ барои мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.
Бо пуштибонӣ аз сиёсатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи омӯзиши забони англисӣ барои кӯдакон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва шарикии Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон, барои хонандагони синфҳои 10 ва 11 китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии замонавиро таҳия кардааст. Ин 242 000 китобҳои дарсии забони англисӣ аз 115 000 китоби дарсӣ барои синфи 10; 115 000 китоби дарсӣ барои синфи 11; 6 000 китоб барои муаллимони синфи 10; 6 000 китоб барои муаллимони синфи 11 ва 12,000 CD дорои маводи таълимӣ барои муаллимон баҳри таълими дарсҳои ба хонандагон нигаронидашуда, иборат мебошанд. Китобҳои номбаршуда ба Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.
Ин китобҳои дарсии забони англисӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм барои барномаҳои таълимии забони англисӣ мувофиқат мекунанд. Дар китобҳои дарсӣ усулҳои муосири омӯзиши забонҳо, яъне таълими ба хонанда нигаронидашуда, таълими коммуникативӣ ва омӯзиш дар асоси машқҳо истифода мешаванд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунанд. Дар китобҳои дарсӣ ва машқҳо аз заминаи фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон ва фарҳангҳои саросари ҷаҳон истифода шудааст.
Ин захираҳои муосир, ҷолиб ва рангини таълимӣ бо дастурҳо барои омӯзгорон оид ба тарзи таълими ҳар як дарс ҳамроҳӣ карда мешаванд, то ҳамаи муаллимони забони англисӣ дар Тоҷикистон дар дарсҳои худ имконияти истифодаи таҷрибаи беҳтарин дошта бошанд. Маҷмӯи пурраи захираҳо: китобҳои дарсӣ, китобҳои омӯзгорон ва CD-ҳои аудиоӣ, бо як барномаи рақамӣ барои омода кардани омӯзгорон барои таълими самараноки забон ҳамроҳӣ карда мешавад ва қайдҳои грамматикии марбут ба дарсҳои дар китоби дарсӣ овардашударо дар бар мегирад.
Илова ба пешниҳоди 242 000 китоби дарсии забони англисӣ барои синфҳои 10 ва 11, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо шарикон, барои ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намудани 352 611 китоби дарсии забони англисӣ барои синфҳои 8 ва 9, ки 5800 китоб барои омузгорон ва 5800 CD барои омӯзиши мустақилонаю истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо дар бар мегирад, корҳоро идома дода истодааст.