Bloomberg бо истинод ба манобеи худ хабар медиҳад, ки Туркия расман дархости шомил шудан ба BRICS-ро пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи намояндагони маъмурияти президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон, кишвар бар ин назар аст, ки “маркази ҷозибаи геополитикӣ” аз кишварҳои пешрафта дур мешавад. Ин сабаби пешниҳоди дархости шомилшавӣ ба ин иттиҳод буд.

Манобеъ илова карданд, ки Туркия ҷонибдори рушди равобит бо ҳамаи ширкатдорони ҷаҳони бисёрқутбӣ аст, дар ҳоле ки ба уҳдадориҳои худ ҳамчун узви NATO содиқ мемонад.

Дархост чанд моҳ пеш, дар ҳоле ирсол шуда буд, ки Туркия аз талошҳои чандинсола барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ноумед шудаааст. Ба ин тасмим ихтилофот бо дигар аъзои NATO низ таъсир гузоштааст, зеро Анқара баъди сар задани низоъ дар Укроин равобити наздикро бо Русия идома медиҳад.

BRICS як иттиҳодияи байналмилалии кишварҳои дорои иқтисодиёти босуръат рушдёбанда мебошад. Ба он Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь