Аз 14-уми сентябр дар кишвари Ӯзбекистон Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 бо ширктаи 24 дастаи беҳтарини ҷаҳон шуруъ шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ин миён ҳаст.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гуруҳи «Е» бо дастаи чемпиони Африқо Марокаш вохӯрд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт. Голҳои Тоҷикистонро Самандар Ризомов ва Файзалӣ Сардоров заданд. Дар ин бозӣ Идрис Ёров аз Тоҷикистон ду корти зард гирифт ва аз майдон берун шуд, ки ин ба як голи Марокаш сабаб шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябр дар даври дуюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо чемпиони феълии ҷаҳон Португалия бозӣ мекунад.

Дар мусобқа шаш гуруҳи иборат аз чордастаӣ ширкат доранд, ки дастаҳои ду ҷойи аввал ва чор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври дигар роҳ меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь