Табибон ба сироятёфтагони коронавирус “меню”-и солинавиро тавсия додаанд. Ба гуфтаи онҳо, машруботро на фақат дар ҷашни солинавӣ, балки дар рафти табобат низ истеъмол кардан мумкин нест.

ОИР «Новости» ба қавл аз гуфтаи мутахассисон навиштааст, ки дар «меню» бояд машрубот, хӯрокҳои тунд, дудхӯрда ва шӯр набошанд, зеро онҳо ба рӯдаю меъда фишор меоранд. Инчунин, дар рафти табобати беморӣ тамоман машрубот истеъмол кардан мумкин нест.

Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки хӯрокҳо бояд аз сабзавот, меваҳо, гӯшт ва моҳӣ тайёр карда шаванд.

– Коронавирус инчунин ба меъда ва рӯда низ таъсир мерасонад. Ягон чизи дилгиркунанда ба шумо лозим нест, барои ҳамин, хӯрокҳои турш набояд истеъмол шаванд. Сабзавотро метавон ҷӯшонид, чун барои хӯриш тару тозаанд ва ҳамаи ин барои шахсони аз беморӣ ранҷкашида хеле хуб аст. Одамоне, ки гирифтори коронавирус ҳастанд, рӯдаю меъдаашонро бо ин роҳ аз зарарбинӣ эмин нигоҳ медоранд, – гуфтааст номзади илми тиб, дотсенти кафедраи парҳез ва ғизои Академияи тиббии Русия Елена Чедия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь