Дар шаҳри Бохтар бори нахуст бо ташабуси МИҲД-и шаҳр Маркази ош бунёд мешавад. Ин аввалин маркази ош дар вилояти Хатлон хоҳад буд.

Шаҳдори Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки лоиҳаи Маркази ош омода шудааст ва хоҳишмандон низ ҳастанд, ки ин марказро бунёд кунанд.

– Чанд лоиҳа аз ҷониби соҳибкорон ба МИҲД-и шаҳр  пешниҳод шудаанд.  Мо ҳоло талош дорем, ки  барои бунёди  Маркази ош макони мувофиқ па         йдо ва сохтмони онро оғоз кунем. Шояд барои бунёди Маркази ош озмуни лоиҳаи беҳтарин эълон кунем. Касе ғолиб омад, ин марказро бунёд мекунад, – қайд кард раис дар нишаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь