Файзимад Давлатов дар гандумзори заминаш қадам зада, ба фикр фуру рафт: “Ин киштукори ман ду мушкил дорад: об ва тағқирёбии муҳити зист”. Деҳааш бо себҳои хушмаза маъруф аст, аммо камбуди об ба пешрафти кор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Ӯ тариқи интернет технологияи нави парвариши себро омӯхт, бо муттахассисони соҳа машварат карда, тасмим гирифт, себзореро бо технологияи нав бунёд бикунад, ки он ба тағёирёбии иқлим тобовар бошад.

Иқлим ва боду ҳавои ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон барои кишоварзӣ бисёр мусоид аст. Он дорои 12 777 гектар майдони кишт мебошад. Аммо солҳои охир бино бар тағйирёбии иқлим деҳқонон бо мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд. Бинобар ин мушкил Файзимад Давлатов ва бештарин сокинони ҷамоати деҳоти Шӯрообод ба гандумпарварӣ машғул буданд, ки меҳнат ва вақти зиёдро талаб мекард. Бар ивази ин ҳама заҳмат маблағи ночизе ба даст меоварданд.

Чун деҳаашон бо себҳои хушмаза маъруф аст, ӯ дар зеҳнаш роҳҳои бунёди боғи себро тарҳрезӣ мекард. Тариқи интернет дар бораи технологияи навини парвариши себ ва мутобиқгардонии он ба тағйирёбии иқлим иттилоот пайдо кард. Зимни иштирок дар як семинари омӯзишӣ дар шаҳри Ҳисор деҳқони шуроободӣ раванди парвариши себро бо технологияи интенсевӣ омӯхт. Истифодаи усулҳои замонавии парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди себ барояш ангезаии ҷиддӣ медиҳад.

Болотар аз хонааш замини хорзори бекорхобидае буд. 2 гектари он заминро харида бо дастгирии ҳамсараш хоҷагии деҳқонии бо номи “Себистон”-ро ташкил дод. Бо машварати мутахассисони бахши боғдории интенсевӣ ва кумаки техникии Лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афгонистон” (LITACA) боғи себ бунёд кард. Бо дар назардошти санҷишу таҷрибаҳои дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ниҳолҳоро аз Ҳисор овард.

Мушкили мубрами Давлатов ва мардуми ин деҳот камбуди об ва боди сахту барфҳои зиёд аст. Аммо барои деҳқони меҳнатдӯсти махаллӣ ин мушкил монеаи амалишавии нақшаҳояш намешавад. Ӯ аз доманакӯҳи назди замини хоҷагии деҳқонӣ, ба масофаи 4 км қубур кашида заминашро бо оби полезӣ сероб мегардонад.

Технологияи нави себпарварӣ мӯҳлати ҳосилнокиро ба маротиб кӯтоҳ кардааст. Инчунин технологияи нави обдиҳии қатрагӣ, обро сарфа менамояд. Ба ақидаи коршиносон ин намуди боғиҳои интенсивӣ дар соли дувум ҳосил медиҳанд. Технологияҳои нав имконоти васеъро барои деҳқонон пешниҳод мекунанд.

–  Ниҳолҳоеро, ки мебинед, нав яксола шудаанд. Аз баргҳои сарсабзу, навдаҳои тару тозааш маълум аст, ки соли дигар ҳосили хуб медиҳад. Ман интизор дорам, ки соли дигар аз ҳамин 4 ҳазор ниҳол хадди ақал то 20 тонна себ мегирем, – бо хушҳолӣ аз дурнамои боғ қисса мекунад Давлатов.

Мутобиқ ба технологияи пешин аз 2 гектар замин 8-10 тонна ва он ҳам дар соли 4¬-уми ҳосил ҷамоварӣ мешуд. Аммо боғҳои интенсивӣ нақшаҳои гуногуни ҷойгиршавии ниҳолу васеъии ҷӯякҳову масофаи байни ниҳолҳоро имкон медиҳад.

Ин ниҳолҳоро аз  Сербия ворид карда дар қитъаҳои таҷрибавии кишвари мо ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардаанд.  Айни замон таҳти лоиҳа ба ноҳияи Ш. Шоҳин 4000 ниҳоли себ аз навъҳои: Голден делишес, Гала, Айдорет ва Гранисмит шинонда шудааст.

Соли гузашта, пас аз 2-3 моҳи шинондани ҳосил барфи бошиддате борид, ки баландии он то 1,5 метр баланд шуд ва тамоми ниҳолҳо зери барф монданд. Давлатов фикр мекард, ки тамоми ниҳолҳоро сармо зад ва аз фишори барфи зиёд шикастанд. Аммо вақте баҳор шуду барфҳо об шуданд маълум шуд, ки ҳатто ягон навдае осеб надидааст. Барои мардуми деҳа чунин ниҳолҳои тобовар ба сармо хеле ҷолиб буд. Ҳамсояҳо аз дастовардҳои чунин боғи интенсевӣ ба ангеза омада, пас аз машварату омӯзиш ҳамин тирамоҳ чаҳор ҳамсояаш дар заминҳои назди ҳавлигиашон себзори интенсевӣ бунёд карданд ва чанд ҳамсояи дигар дар ҳоли кашидани об аз чашма ҳастанд.

Лоиҳаи LITACA 2, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA), аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мешавад. Лоиҳа мутахассисон ва коршиносони соҳаро барои омӯзиш ва машварат мунтазам ҷалб менамояд. Ин лоиҳаи хоҷагии деҳқонии “Себзор” яке аз  ташабусҳои LITACA барои ҷорӣ намудани технология нави парвариши боғҳо мебошад, ки бо мақсади таъсиси ҷойи кор дар минтақаҳои мақсаднок равона карда шудаанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин боғи навбунёд 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, 15 нафари дигар ба таври мависмӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Аксарияти кормандони мавсимиро занону духтарони деҳот ташкил медиҳанд. .

Дар ҳамин росто, Зебо Ҷалилова, ҳамоҳангсози бахши рушди устувори иқтисодии БРСММ мегуяд: “Ҳадафи марҳилаи дувуми LITACA дастарсии бештари мардум ба зерсохтҳои беҳтару хидматрасониҳои иқтисодӣ ва рушди имконоти фарогирӣ бо кор дар минтақаҳои назди марзӣ мебошад. Тибқи нақшаи мо ҳадди аққал сатҳ ва шароити зиндагии 130,072 нафар бояд тавассути роҳандозии фаъолиятҳои лоиҳа беҳбудӣ пайдо кунад.”

Ҳоло ки себзор дар ҳоли рушд аст, Файзимад ва кормандонаш дар пайи ҷустуҷӯйи донишҳои нав ва беҳтару осон гардондани роҳҳои нигоҳубини боғ мебошанд. Ӯ на танҳо худаш, балки ба дигар деҳқонони деҳаашон низ боғдории муосирро меомӯзонад. Деҳқонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то андозае аз хатароти тағйирёбии иқлим эмин ҳастанд, онҳо алакай қадамҳои нахустини худро дар ин самт гузоштаанд. Ҳоло нақшаи ҷамъоварӣ ва фурӯши себҳояшро ба тартиб меорад. Аммо дар ояндаи наздик баробари зиёд шудани маҳсулоташ, бунёди сардхона ва корхрнаи хурди консервабарориро дар назар дорад.

Шаҳноз Комилзода,

Душанбе –  Шоҳин – Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь