Имрӯз, 21-уми сентябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт бо мақсади шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум, ифтитоҳи ячанд иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иқдоми «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин мулоқот бо мардум ба ноҳияи Лахш рафт.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияро, аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Роҳбари давлат дар шаҳраки Ваҳдат бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои 14 ҳуҷра ва 28 кати хоб барои беморон мебошад, ба истифода дод.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинон боздид кард. Дар ин ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва дар маҷмуъ маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои сокинони 9 шаҳраку  деҳоти ноҳияи Лахш намоиш дода шуд. Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқот ва дар назди ҳозирин суханронӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь