Дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилотии шаҳри Бохтар дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гашт.

Дар ҳамоиш Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, собиқадорони ҷангу меҳнат, мудирони бахшу шуъбаҳои сохторҳои вилоятиву шаҳрӣ, ҳайати меҳмонони Қазоқистон ва дигарон ширкат карданд.

Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, баромад намуда, изҳор дошт, ки Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад. Дар ин раванд, мавсуф иброз намуд, ки ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо барои мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ, ба роҳ мондани робитаҳои байниҳамӣ ва тақвият бахшидани табодули таҷриба мусоидат мекунад.

Сипас, аз ҷониби ҳунармандони Филармонияи давлатии шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь