Шаҳрванди Амрико, зодаи Самарқанд, Далер Ҳамидов родиёи “Самарқандиёни Америка”-ро ба забони тоҷикӣ дар кишвари ИМА таъсис додааст.
“Хуҷаста бод ба кулли миллати тоҷик ва мардуми форсзабон! Ин як қадами устувор ба пеш аст! Мардуми Самарқанд ҳазорсолаҳо ташабускор буданду соҳибзабону соҳибдавлат ва ин чизро ҳеҷ касе аз онҳо гирифта наметавонад”, – навиштаанд корбарони интернет дар шарҳи ин хабар. Далер Ҳамидов фарзанди журналисти соҳибном Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода будааст, ки рӯзи 8 майи соли 1975 ба таври фоҷиавӣ аз дунё гузашта буданд. Кунун писари ин марди донишманду машҳури Самарқанд касби қиблагоҳашро идома медиҳад.
Блоки рекламавӣ