Чанде пеш дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Русия сафар карданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар шаҳри Москва бо соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқимии Федератсияи Русия мулоқот анҷом дода, ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят муколама карданд.

Ҳадафи дигари мулоқот гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони бурунмарзӣ арзёбӣ гардид.

Боиси хушнудист, ки айни ҳол муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону Россия бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш зикр кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Умуман дар соли 2023 суръати баланди рушд баробар ба 8,3% таъмин гардид.

– Боиси тазаккур аст, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои ободу зебо гардонидани ҳар як гушаи ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд, – баён дошт раиси вилоят.

Соҳибкорони тоҷики муқимии Россия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои маҳаллӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Раиси вилоят ҳам ёдовар шуд, ки дар паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя мавзӯъҳои меҳварӣ ба шумор мераванд. Дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ ба талаботҳои байлалмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.

Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.

Саноати вилоятро ҳудуди 821 корхонаю коргоҳҳои хурду калон намояндагӣ мекунанд, ки беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд.

Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.

Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суханронӣ шуда, зикр гардид, ки мутаассифона, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин роҳ мераванд.

Таъкид гардид, ки мо бояд аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем.

Бояд қайд кард, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номус барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани худ равона мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь