Дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бахшида ба 91-солагии рӯзи Радиои Тоҷик чорабинӣ баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур  намояндаи ҳукумати вилоят Рамазон Насридинзода, собиқадорони бахши радиои вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Рамазон Насридинзода ҳамаи кормандони Радиои Хатлон ва дар симои онҳо тамоми кормандони намояндагони радиоҳои кишварро ба рӯзи Радиои Тоҷик аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода табрик гуфта, қайд кард, ки кормандони радио ва умуман ВАО агар роҳ, ё дигар иншооте бунёд карда натавонанд ҳам, вале бо сухани хуб ва барномаҳои ҷолиби худ метавонанд дар қалбҳои мардум нақши созгор гузоранд.

Дар чораинӣ сармуҳаррири Радиои Хатлон Сураё Мерганова қайд кард, ки бо дасгирии Ҳукумати кишвар, Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, ҳукумати вилоят ва маъмурияти Идораи телевизон ва радиои вилоят Радиои Хатлон барои шунавандагони худ барномаҳои худро ба бахши шабонарӯзӣ гузаронид, ки ин дастоварди бузург аст.

Ӯ гуфт, ки айни замон аз Радиои Хатлон зиёда аз 60 барнома ва ҳамарӯза шаш нашри ахбор аз бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон барои шунавандагон омода ва пахш карда мешавад.

– Мушкили асосии Радиои Хатлон ин фарогириии ками мавҷи он мебеошад, ки умед дорем бо дастгирии роҳбарияти болоӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард, – илова кард С.Мерганова.

Дар охири ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Идораи телевизион ва радиои Хатлон ба як қатор собиқадорони бахши Радиои Хатлон ва кормандони эҷодиву техникӣ ифтихорнома ва дигар кӯмакҳо расонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь