Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар миқёси кишвар 54909 никоҳ  ба қайд гирифта шудааст ва аз ин ҳисоб 9360 никоҳ бекор гардидааст. Пошхӯрии оилаҳои ҷавон нисбат ба соли 2018  наздик ба 1077 адад  зиёд сабт шудааст.   

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз тарафи ниҳоди дахлдор барномаҳо тарҳрезӣ мешаванд, семинару тренингҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иқдомҳои дигар сурат мегиранду тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, аммо вазъият ҳамоно тағийрнопазир боқӣ мемонад.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадалиева ҳамчун коршиноси соҳа гуфт, ки агар ҷавоноҳо ба қароре оянд, ки ба оиладорӣ омодаанд, пас бо муҳаббат эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ низ мусаллаҳ бошанд ва расму русуми  хонаводаи дигарро бипазиранд.

Коршинос Сабоҳат Маҳмадалиева ба ин бовар аст, ки хонаводаи имрӯзаи тоҷик дар асоси  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, кодекси оила, консепсисяи рушди оила дар чорчӯбаи муайян созмон ёбад, эҳтимол коҳиш ёфтани пошӯрии оилаҳои ҷавон ба миён ояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь