Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як ҷавони 37-сола падари 78 -солаашро ба қатл расонидааст.
7 июни соли равон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсияи Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур як ҷинояти одамкушӣ ошкор карда шудаву гумонбари ҷиноят дастгир гардид. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои ин Раёсат Аваз Бустонов, сокини ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи мазкур, ки 78-сол дошт аз ҷониби писараш Муҳаммад Исанқулов, соли таваллудаш 1985, бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шудааст.
Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷинояти оғоз шудаст.
Блоки рекламавӣ