Раисиҷумҳури Укроин Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи амрикоии Fox News гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида дар замони президенти нав Доналд Трамп тасмим бигирад, кумаки низомиро ба Укроин коҳиш диҳад, эҳтимол Укроин дар ҷанг мағлуб хоҳад шуд.

«Агар кумакҳо бурида шаванд, ман фикр мекунам, ки мо дар ҷанг мағлуб мешавем. Албатта, мо ба ҳар хол муборизаро давом медиҳем. Мо истеҳсоли худро дорем, вале барои афзалият доштан ин кифоя нест. Ва, ба фикрам, барои зинда мондан ҳам кифоя нест, – гуфт Зеленский. – Аммо агар интихоби Амрико чунин шавад, пас он вақт мо тасмим хоҳем гирифт, ки чӣ кор кунем”.

Ба саволи оё вай бовар дорад, ки Трамп метавонад ба президенти Русия Путин таъсир расонад ва ҷангро қатъ кунад, Зеленский бо қайду шартҳо ҷавоби мусбат дод. “Ин осон нахоҳад буд, аммо агар тамоми фишангҳоеро, ки Иёлоти Муттаҳида дорад, истифода баред, пас бале, ӯ метавонад, – гуфт Зеленский, – зеро вай аз Путин хеле қавитар аст. ИМА қавитар аст. Иқтисоди онҳо қавитар аст.”

“Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сиёсат, қудрат ва аслиҳа дорад, – идома дод Зеленский дар посух ба саволи дигар, – ва ӯ метавонад нархи захираҳои энержиро коҳиш диҳад. Дар омади гап, ман дар матбуот ҳушдорҳои президент Трампро шунидам, ки вай дар бораи коҳиш додани нархи захираҳои энержӣ ва нафт фикр мекунад ва ин бояд анҷом дода шавад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь