Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи нодири осори рассомони маъруфи руси асрҳои XVIII – XX – замоне, ки артиши касбии доимамалкунанда ва флоти Русия ташкил шуду шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфт; замоне, ки маориф ба мадди аввал гузошта шуду аввалин осорхона ва Академияи илмҳо таъсис ёфт; замоне, ки ба шарофати императори бузурги рус Пётри I комёбиҳо ҳадду канор надошт, ифтитоҳ шуд.
Дар ин намоиш сарватҳои он замон ва дастовардҳои бузурги халқи рус, ки дар эҷодиёти рассомони машҳури рус инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Ин намоишгоҳи нодирро асари «Папоротник», ки ба қалами рассоми советӣ, рассоми манзараҳои табиат, академики Академияи рассомӣ Аркадий Александрович Рилов тааллуқ дорад, ифтитоҳ намуд. Папоротник растаниест, ки 400 сол пеш пайдо шудааст. Онро рассомон аксар вақт дар сюжаи асарҳои худ истифода мебурданд. Асарҳои ин рассоми бузург манзараҳои табиат дар осорхонаҳои калони Федератсияи Русия – Осорхонаи давлатии Русия, Осорхонаи бадеии шаҳри Сочи, Галереяи давлатии Третяков ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд.
Рассоми дигаре, ки асарҳояш толорҳои намоишгоҳии осорхонаҳои калони Русияро оро медиҳад, рассом ва устоди тасвир Валентин Александрович Серов мебошад. Яке аз асарҳои аввалин ва беҳтарини ин рассом «Духтарак бо шафтолу» (Девочка с персиками) мебошад, ки дар Галереяи давлатии Третяков нигоҳ дошта шудааст. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон асари ин рассом бо номи «Кӯчаи деҳа» (Деревенская улица) ба намоиш гузошта шудааст. Валентин Александрович дар асарҳои худ тавониста, ки ҳаёт ва рӯзгори халқи русро тасвир намояд.
Устоди дигари асарҳои калонҳаҷми таърихӣ, академик, аъзои Академияи санъати императорӣ, рассом Василий Иванович Суриков мебошад. Дар яке аз расмҳои ӯ бо номи «Манзара аз тиреза» манзараи шаҳр бо гунбази калисо, ки дар офтоб медурахшад, тасвир ёфтааст. Ин асар дар намоишгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Василий Иванович дар асарҳои худ бештар мавзӯи таърихи Русияро тасвир кардааст ва чор нақши рӯидевории (фреска) фармоиширо барои калисои наҷотбахши Исои масеҳ офаридааст.
Дар ин ҷо эҷодиёти асосгузори тасвири саноатӣ Борис Николаевич Яковлевро низ дидан мумкин аст. Асари ӯ «Зимистон дар Масловка» (Зима в Масловке) ном дорад. Ба шарофати ин асари рассом метавон тамоми ҷолибиятҳои зимистони сарди Русия эҳсос кард. Бо эҷодиёти Борис Николаевич дар Осорхонаи давлатии санъатии Чуваш, Галереяи давлатии Третяков ва Осорхонаи давлатии Русия аз наздик шинос шудан мумкин аст.
Репин Иля Ефимович, яке аз беҳтарин рассомони рус, рассоми реалист, устоди наққошии жанрҳои таърихӣ, наққоши машҳур мебошад. То имрӯз тақрибан 500 асари ӯ маҳфуз мондааст. Тасвирҳои пураҳамият ва маънидори ин рассоми моҳир дар осорхонаҳои бузург, аз ҷумла Галереяи Третяков, Осорхонаи давлатии Русия дар Санкт-Петербург, Осорхонаи метрополитен дар ИМА мавҷуданд. Асари нодири ӯ бо номи «Портрет Паниной С.В.» дар намоишгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст. Сюжети ин асар назокат, нигоҳи ҷиддӣ ва пурмеҳр, инчунин шуури баланди графхонумро ифода мекунад.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин «Манзараи баҳр»-и рассоми боистеъдоди рус Иван Константинович Айвазовский, ки мусаввараҳояш ба ҳодисаҳои бузурги баҳрӣ бахшида шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Мавзӯҳои асарҳои рассом бинандаро хаёлан ба қаъри пурталотуми баҳр мебаранд. Иван Константинович аз худ ҳазорҳо асарҳои нотакрор ва бемислу монанд боқӣ гузоштааст, ки баъзеи онҳо ба Фонди тиллоии санъати ҷаҳон низ дохил карда шудаанд.
– Ин асарҳои бузурги санъати тасвирии рассомони руси асрҳои XVIII – XX дар солҳои 50-уми асри ХХ ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти дӯстӣ, супорида шуданд. Дар ин ҷо маҷмӯаи нодири асарҳои рассомони боистеъдоди рус ҷамъ оварда шудааст. Дар ҳар расм пораи дили рассом маъво гирифта, ҳаёт ва маданияти халқи рус ба таври возеҳ ифода ёфтааст. Баргузории чунин чорабиниҳо аз ҳамкории наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар соҳаи фарҳанг шаҳодат медиҳад, – иброз дошт, муовини аввали директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода.
Ба гуфти ӯ, намоишгоҳ се моҳи тобистон идома мекунад ва хоҳишмандон метавонанд, бо эҷодиёти бузургтарин устодони санъати тасвирии рус аз наздик шинос шаванд.