Канслери Олмон Олаф Шолс ваъда дод, ки сиёсати депортатсияи муҳоҷиронро пас аз куштор дар Солинген сахттар мекунад.

Садри аъзами Олмон зимни суханронӣ дар шаҳри Солинген ба ёди кушташудагон дар ҳамлаи рӯзи 23-юми август аз зарурати таҳкими тадобири ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ хабар дод. Вай инчунин ваъда дод, ки қоидаҳои интиқоли силоҳ дар Олмонро сахттар мекунад.

Ҳамла дар Солинген (Рейн-Вестфалияи Шимолӣ) шоми ҷумъаи 23-юми август дар ҷашнвора бахшида ба 650-солагии ин шаҳр рух дод. Дар натиҷа се кас кушта ва 8 кас захм бардоштанд. Масъулияти ин ҳамларо созмони террористии “Давлати исломӣ” (ҳаракати дар Тоҷикитон мамнуъ) бар уҳда гирифт. Гумонбари асосӣ, шаҳрванди 26-солаи Сурия, ки  бо корд чанд касру кушту чанд каси дигарро захмӣ карда буд, пас аз як рӯзи ҳодиса худро ба мақомот таслим кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь