Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Ҳукумати кишвар,  Вазорати нақлиёт, МИҲД-и ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманд  6 километр роҳи мошингард пурра таъмири асосӣ карда шуда, рӯзҳои наздик таъмири 9 км  роҳи дигар оғоз мегардад.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Усмон Тағоибекзода гуфт, дар ин давра аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 1,8 км роҳ бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ, Вазорати нақлиёт 750 ҳазор  сомонӣ, барои таъмири роҳу пулҳо ҷудо карда шуда, ҳамчунин  600 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ барои таъмир ҷудо карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби соҳибкорон даҳҳо километр роҳи мошинград таъмир карда шуда, дар назар аст, ки то охири сол боз 6-7 км роҳи дигар пурра аз таъмири асосӣ бароварда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь