Қаноти низомии гуруҳи тундрави фаластинии Ҳамос, бригадаи Иззиддин ал-Қасам, навори видеоии гаравгонҳои зиндаеро нашр кард, ки ҷасади онҳоро низомиёни исроилӣ дар Рафаҳ кашф карданд.

Дар он шаш исроилӣ, аз ҷумла Александр Лобанов, ки шаҳрвандии дуюми Русияро дорад, номҳои худро мегӯянд. Дар охири видео гуруҳ эълон мекунад, ки ба зудӣ наворҳои нав бо “паёмҳои охирин”-и инҳо пайдо мешаванд.

Сухангӯи ҷиноҳи низомии Ҳамос Абӯ Убайда сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва Нерӯҳои дифои Исроил (IDF)-ро дар марги гаравгонҳои исроилӣ айбдор кард, ки ба гуфтаи ӯ, гаравгонҳо бар асари аъмоли онҳо кушта шудаанд.

Сухангӯи Ҳамос мушаххас накардааст, ки чӣ тавр маҳз 6 исроилӣ кушта шудаанд, аммо гуфт, ки “даҳҳо маҳбуси дигар” дар натиҷаи бомбгузориҳои ҳавоӣ кушта шудаанд.

Ҷасади гаравгонҳои кушташударо рӯзи 31 август дар як нақб дар минтақаи Рафаҳи навори Ғазза пайдо карданд. Вазорати тандурустии Исроил он замон гуфта буд, ки гаравгонҳо 48 то 72 соат пеш аз кашфи ҷасадашон  аз сӯи террористҳои Ҳамос дар масофаи наздик кушта шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь