30-юми июни соли равон ҳайати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳитдинов Эркин Мадорбекович, ҳамчунин мушовири пешбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардорони сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд, хабар дод бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб.

Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.

Нахуст,  меҳмонон оромгоҳи орифи номдори Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид намуданд.

Баъдан, бо ҳузури ҳайати меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Кӯлоб мулоқоти ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.

Дар идома меҳмонон аз Муассисаи давлатии техникии Литсейи касби техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намуда, аз шароит ва буду боши ин муассиса аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь