“Коммерсант” менависад, ба даҳҳо муҳоҷир, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, пас аз рейд дар Маскав барои сабти ном ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома (повестка) доданд.

Гуфта мешавад, ки рейдҳо дар истгоҳи метрои Шелковская, воқеъ дар ҳавзаи маъмурии шарқии Маскав, инчунин дар бозори сабзавот ва хобгоҳҳо сурат гирифтаанд.

Дар пайи ин рейд ба чанде аз муҳоҷири кишварҳои дигар, ки ахиран шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, барои сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифтанд.

Рӯзи 19-уми август як гуруҳ вакилони Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) ба Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки ҳуқуқи муҳоҷирони кории бидуни шаҳрвандии Русияро барои овардани хонаводаҳои худ ба ин кишвар маҳдуд мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь