Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-ум то 20-уми декабри соли равон озмоиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бо асоси тарҳи нави имтиҳон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ба роҳ монд.

Замира Абдусаломзода, котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ дар суҳбат иброз дошт, ки озмоиши мазкур дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо таъсиси 54 маркази имтиҳонии дорои 827 синфхона ва фароргири 10 ҳазору 541 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд.

– Солҳои қаблӣ баъзе аз довталабон ҳангоми супоридани имтиҳон ба тарсу ҳарос афтида, ҷавобҳои нодурустро интихоб мекарданд. Маркази милии тестӣ бо мақсади шиносоии хатмкунандагон ба тарҳи нави имтиҳон ва таркиби саволу масъалаҳои тест, гузаронидани  имтиҳонҳои озмоиширо зарур шуморид, – баён дошт Замира Абдусаломзода.

Дар имтиҳонҳои озмоишӣ шумораи умумии хатмкунандаҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ 1451 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои иқтисод ва география 1493 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат 2030 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 1491 нафар ва гурӯҳи ихтисосҳои тиб биология ва варзиш 3626 нафар  буданд.

– Марказ тайғироте дар кори имтиҳонсупории довталабон ҷорӣ карда, онро барои тасдиқ ба дастгоҳи Президент ирсол кардааст. Бо расидани натиҷаи пешниҳод онро ба намояндагони ВАО ирсол менамоем, – таъкид дошт Замира Абдусаломзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь