Наим Қосим дабири кулли нави ҷунбиши «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон шуд, хабар медиҳад ОИР Новости бо истинод ба изҳороти дафтари матбуоти ин созмон.

“Шурои қонунгузории «Ҳизбуллоҳ» Шайх Наим Қосимро дабири кулли ин ҷунбиш интихоб кард, ки бо кумаки Худо парчами моро боло мебардорад”, омадааст дар изҳорот.

Қосим беш аз 30 сол дар мақоми муовини аввали дабири кулли «Ҳизбуллоҳ» кор кардааст. Вай раҳбари пешини ин ҷунбиш Ҳасан Насруллоҳро, ки рӯзи 27-уми сентябр бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Бейрут кушта шуд, иваз мекунад.

Ҳасан Насруллоҳ аз соли 1992 ба Ҳизбуллоҳ раҳбарӣ мекард. Вай кайҳо боз хостори “озодии” Байтулмуқаддас абуд ва Исроилро “як ниҳоди саҳюнистӣ” номида, талаб мекард, ки ҳамаи исроилиён ба кишварҳои аслии худ баргарданд ва ба ҷои он Фаластини муттаҳид таъсис дода шавад.

Пас аз марги ӯ, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки низомиёни исроилӣ Насруллоҳ, вориси ӯ ва вориси вориси ӯро куштаанд. Нерӯҳои дифои Исроил танҳо аз вориси кушташуда Ҳошим Сафииддин, ҷияни Насрулло ном бурдаанд. Номи вориси вориси ин ҷунбиш ифшо нашуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь