Ҷинояткори собиқадор дар ҳолати мастӣ ба сари ноболиғи 11-сола мушт бардошт, ки дар натиҷа дуюмӣ аз бардоштани ҷароҳат ба ҳалокат расид. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

Ҳангоми доир намудани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Гумонбаршуда, рӯзи 12-уми сентябри соли равон, тахминан соати 01:30, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро, ки ба хонаи бобояш, пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба меҳмонӣ омада буд, латукӯб кардааст.  Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь