Шоми 25-уми июл 146 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилоъи манбаъ, аз ин теъдод 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдак мебошанд, ки бо супориши махсуси президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

– Тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба ватан дар ояндаи наздик талош менамояд, – таъкид мегардад дар иттилоия.

Ба иттилои қаблии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 зану кӯдаки Тоҷикистон қарор доранд.

Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан чанд рӯзи пеш дар Димишқ масъалагузорӣ шуда буд.

Ёдовар мешавем, бори охир 30-юми апрели соли 2019-ум 84 кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь