Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан дар Димишқ масъалагузорӣ шуд. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайту Сурия, дирӯз бо як зумра намояндагони кишвари Сурия бо ин масъала мулоқот кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Зубайдзода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сурия Башар Ҷафарӣ масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

Инчунин, гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон ҳамроҳи муовини президенти Сурия ва роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар генерал Алӣ Мамлук табодули афкор карданд.

Ба иттилоъи ин вазорат, ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 зану кӯдаки Тоҷикистон қарор доранд.

Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфта буд, ниҳоди зертобеаш дар ин самт ба сафири Тоҷикистон дар Сурия ваколат додааст ва онҳо бо Ҳукумати Сурия ҳамкории зич доранд.

Ёдовар мешавем, бори охир 30-юми апрели соли 2019-ум 84 кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь