Як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд, хабар дод КҲФ.
Ин ҳодиса дирӯз, 14-уми феврал дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух дод. Мошини “Toyota-микроавтобус” аз ҷониби як сокини 36-солаи деҳаи Риҷести ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва аз шумори 10 нафра мусофиронаш ду нафар занон буданд. Ин мошин аз шаҳри Хоруғ берун шудаву ба самти Тусён дар ҳоли ҳаракат буд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва дастаи имдодгарони ихтиёрии Хазинаи Оғохон оид ба зистгоҳ ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва маълум шуд, ки ҳамаи мусофирон зиндаву саломатанд, вале ҳамагӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Онҳоро ба зудӣ ба беморхона интиқол доданд.
Ҳамчунин, КҲФ хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз тақрибан соати 10, дар ҳудуди шаҳри Хоруғ тарма фуромадааст. Бар асари ин ҳодиса чанд хонаи истиқоматӣ зарар дидаанд. Дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоят фаъолият доранд.