Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ ба МИҲД-и ноҳияи Ёвон 2908 шаҳрвандон тариқи хаттӣ муроҷиат намуданд, ки 2884 муроҷиат мавриди барасӣ қарор гирифтааст. Дар ин маврид Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 48 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Хабар дода шуд, ки аз ҷамъи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 2 ҳазору 884 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва ба шаҳрвандон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ посух ва тавсияҳои дода шуда, қисме аз муроҷиатҳо қонеъ гардонида шудаанд. Алҳол 24 муроҷиати шаҳрвандон дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Раис гуфт, ҳар ҳафта дар ноҳия рӯзҳои қабули шаҳрвандон бо роҳбарияти ноҳия гузаронида мешавад, ки шаҳрвандон арзу шикоят ва муроҷиатҳои худро озод мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь