Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини эронии Абобил-II боз шуд. Ин корхона имрӯз бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ дар шаҳри Душанбе ба кор пардохт. Дар ин бора хабаргузории Азия-Плюс бо истинод аз IRNA хабар медиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора расман иттилое нашр накардааст, вале хабаргузории эронии IRNA менависад, ин корхона дар “ростои тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомии байни ду кишвар, бо ҳиммат ва талоши мутахассисони вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон” бунёд шудааст.

Боқирӣ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфтааст, ки “имрӯз дар ҷойгоҳе ҳастем, ки метавонем илова бар рафъи ниёзҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст дар ҷиҳати афзоиши амният ва сулҳи пойдор, таҷҳизоти низомӣ содир кунем”.

Дар ин маросим калиди рамзии ифтитоҳи корхона ва гувоҳиномаи давраи омӯзишӣ ба фармондеҳ ва кормандони Неруҳои ҳавоиии Тоҷикистон эҳдо шудааст.

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ифтитоҳи корхонаи тавлиди АБОБИЛ-II-ро дар Тоҷикистон нуқтаи атфе дар ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар унвон кардааст.

“Дар оянда шоҳиди афзоиши ҳамкориҳо ва робитаҳои бештар дар тамоми сатҳҳои дифоию низомии ду  кишвар – Эрону Тоҷикистон хоҳем буд”,- гуфтааст Боқирӣ.

Ҳамчунин, Боқирӣ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар ростои ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ ва марзбонӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Бояд гуфт, Абобил-II яке аз аъзои хонаводаи паҳподҳои Абобил аст, ки тавоноии болое дар амалёти инҳидомӣ ё безараргардонӣ дорад. Ин паҳпод метавонад вазифаҳои гуногун, аз ҷумла шиносоӣ ва тасвирбардории ҳавоиро ба хубӣ анҷом диҳад. Абобил-II метавонад аз рӯйи худрав парвоз кунад ва аз тариқи чатр бозёбӣ мешавад. Ин паҳпод ба роҳрави парвозу нишаст ниёз надорад ва ин имкон додааст, ки Абобил-II таҳрик ва ҷобаҷойии фавқулодае барои парвоз бархӯрдор бошад. Паҳподи Абобил-II тавассути маркази ҳидояти заминӣ ҳидоят ва контрол карда мешавад.

Расонаҳои эронӣ, шиносоии ҳавоӣ ва назорат бар майдон ҷанг, гашти марзӣ, аккосии ҳавоӣ, танзими тирандозии тӯпхона ва иҷрои амалиёти безараргардонӣ (инҳидомӣ)-ро аз дигар қобилятҳои ин паҳпод донистаанд.

Бурди амалётии ин паҳпод 100 километр буда ва давомнокии парвози Абобил 2 аз 75 то 120 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ин паҳпод метавонад то баландии 3352.8 метр ва бо суръати 250 километр дар соат парвоз кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь