Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як эълон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, муроҷиат кард.

Дар муроҷиат гуфта мешавад, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, расонида мешавад, ки аз 1 январ то 30 апрели 2025 дар робита ба эътибор пайдо кардани Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабр 2024, шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, вале дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд нагирифтаанд, патенти корӣ надоранд ё барои он ҳармоҳа боҷ напардохтаанд ва инчунин ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда шудаанд, метавонанд аз ҳудуди Россия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, имконияти қонунӣ кор карданро дар қаламрави Россия пайдо намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь